
Оё медонед
Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.
Офтоб энергияи худро аз куҷо мегирад?
Офтоб ба мисли гулхани бузургест, ки сӯхтани он бо ҳарорати ниҳоят баланди газҳои ҳидроген ва ҳелий таъмин мешавад. Замин энергияи Офтобро 4600 миллион сол боз мегирад. Ҳанӯз то асри 20 олимон медонистанд, ки Офтоб чун гулхан доимо месӯзад, вале сӯзишвориаш тамом намешавад. Илм дар оғози асри 20 сабаби ин ҳодисаро муайян кард. Офтоб энергияи худро дар натиҷаи раванде мегирад, ки онро синтези ядроӣ меноманд. Ин раванд чунин аст, ки атомҳои ҳидроген (обзо) ҷамъ шуда, атоми ҳелийро ташкил мекунанд. Ин омезиш чунон энергияе ҳосил мекунад, ки ба Офтоб имкон медиҳад, то гармию нурҳояшро ба Замин ва сайёраҳои дигар дар давоми миллионҳо сол равон кунад.
Боришот чӣ тавр қабати болоии заминро дигаргун месозад?
Вақте ки оби баҳрҳо, кӯлҳо ва дарёҳо гарм мешаванд, онҳо ба буғшавӣ сар мекунанд. Буғ ба қабати болоии атмосфера мебарояд, ки дар он ҷо вай ба абр табдил меёбад. Чун ҳарорати ҳаво паст мешавад, об дар қабати абрҳо ба борон табдил ёфта, ба замин мерезад ва ҷӯю наҳрча ва ниҳоят сели обро ба вуҷуд меорад. Оби боришот аз болои замин сӯи нишебиву ҷойҳои пастхамӣ ҷорӣ шуда, бо худ регу сангрезаҳоро мебарад ва дар навбати худ обраҳа, ҷӯю хандақҳо ва тагноҳоро ба вуҷуд меорад. Об дар сатҳи ҳамвори замин ҷорӣ шуда, суръату қувваашро гум мекунад ва селобаву ҷинсҳои вазнини шустаашро боқӣ мегузорад, ки онро хамгаштҳо меноманд. Лекин маҷрои об бо худ хок, лойқа ва регро кашонда, онҳоро дар даҳанае ҷамъ мекунад, ки баъдан онҳо делтаҳо (резишгоҳҳо)-ро ташкил медиҳанд.
Офтоб заминро гарм кунад, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
Офтоб ба тамоми мавҷудоти рӯи замин – кӯҳу дашт, хок ва об гармӣ медиҳад. Ҳаво низ баробари ин мавҷудоти зикршуда гарм мешавад. Ҳавои гарм сабуктар шуда, ба қишрҳои болоии атмосфера мебарояд ва ҳавои хунуки дар болобуда ба поён, ба ҷои ҳавои гарм мефарояд. Ин ҷойивазкунии ҳаво шамолро ба вуҷуд меорад. Дар рӯи замин ҷойивазкунии шамол доимист, зеро дар тамоми фаслҳои сол минтақаҳои гарм ва хунук мавҷуданд. Энергияи шамолро метавон барои фаъолияти осиёби бодӣ истифода бурда, неруи барқ ҳосил кард. Дар ин сурат энергияи офтоб ба неруи барқ ва ё неруи дигари механикӣ табдил мешавад.
Ҳангоми сӯхтани чӯб гармию равшанӣ аз куҷо ҳосил мешавад?
Маълум аст, ки ҳангоми сӯхтани чӯб гармӣ ва рӯшноӣ ҳосил мешавад. Дарахт ин энергияро аз офтоб мегирад. Дар натиҷаи раванде, ки фотосинтез ном дорад, дарахтон ду чиз: глюкоза ва селлюлоза ҳосил мекунанд. Дарахт асосан, аз селлюлоза иборат аст. Воқеан, энергияи офтоб дар танаи дарахтон ба шакли селлюлоза ва бофтаҳои дигар захира мешавад. Вақте ки чӯб месӯзад, ҳамон энергияи дар селлюлоза ҷамъшуда хориҷ мешавад ва гармиву рӯшноӣ медиҳад.
Оё мағзи сари инсон энергияи зиёд талаб мекунад?
Қисми зиёди энергияи баданро мағзи сар сарф мекунад. Майна маркази назорат ба фаъолияти инсон аст. Дар он тамоми ахборе, ки аз ҷониби узвҳои ҳис, биноӣ, шунавоӣ ва ғайра фиристода мешаванд, баъд аз коркард, яъне пас аз омӯхтани ҳодисаву воқеаҳо ба ҳар кадоми он «ҷавобҳои мувофиқ» ё худ фармони амалкунӣ медиҳад. Албатта, иҷрои ҳамаи ин вазифаҳо энергияи зиёдеро талаб мекунад. Тавре ки таҳқиқот нишон медиҳанд, майнаи одами калон 1,5 кг вазн дорад ва панҷяки энергияи зарурии организмро сарф мекунад.
Чаро ба ҷисми мо энергия лозим аст?
Организми мо барои иҷрои вазифаҳои зерин қувва (энергия)-и аз маводди ғизоӣ гирифтаашро сарф мекунад: 1. Барои таъмини фаъолияти тамоми узвҳои бадан. 2. Барои таъмини ҳарорати муътадили бадан (36,5–37 С) дар вазъи гуногуни обу ҳаво (ҳам гармӣ ва ҳам сардӣ). 3. Барои таъмин намудани сабзиши ҷисм, яъне барои организм бофтаҳои нав ҳосил мекунад ва кӯдак ба воя мерасад. Маълум аст, ки инсон дар кӯдакӣ ва наврасӣ ба воя мерасад, вале дар давоми тамоми ҳаёт организм инкишоф меёбад ва фаъолият мекунад. 4. Барои таъмин намудани фаъолият ва ҳарорати муътадили мушакҳои бадан. Мантиқан ҷисми одамони ба корҳои ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, нисбат ба онҳое, ки ба фаъолияти ҷисмонӣ камтар машғуланд, энергияи зиёдро талаб мекунад.
Ҷисми одам энергияро чӣ тавр мегирад?
Ҷисми мо қобилияти захира кардан ва нигоҳ доштани энергияро дорад, бинобар ин мо метавонем, гоҳо ғизо нахӯрем. Дар ҷараёни ҳазми ғизо глюкозаи зиёде ҳосил мегардад, ки ба таркиби хун дохил мешавад. Глюкоза «сӯзишворӣ»-и муҳимми энергияи ҷисм мебошад. Маъмулан, ҳамаи глюкозаи ҳосилшударо якбора истифода бурдан душвор аст, аз ин рӯ қисми зиёдатии онро бадани мо захира мекунад. Ҷигар маводди зиёдатии глюкозаро аз хун ҷамъ намуда, онро нигоҳ медорад ва ба глюкоген ном модда табдил медиҳад. Ҳамин вазифаро мушакҳо низ иҷро мекунанд. Ҳангоме ки ба ҷисм «сӯзишворӣ» лозим мешавад, ҷигар ва мушакҳо глюкогени захиракардаашонро аз нав ба глюкоза табдил медиҳанд. Албатта, захира кардани глюкоген низ ҳадду андозаи худро дорад. Вақте ки захира аз ҳад мегузарад, маводди ғизоӣ ба чарбу (равған) табдил меёбад. Дар оянда агар ба ҷисм боз «сӯзишворӣ» зарур шаваду глюкоген набошад, он гоҳ чарбуи захирашуда ба глюкоза табдил меёбад.
Кадом қувваи ҳаётбахш ҷисми моро ба ҳаракат медарорад?
Қувваи ҳаётбахшеро, ки барои ҳаёт зарур аст, мо аз истеъмоли ғизо мегирем. Ҷисми мо ин энергияро захира карда, онро ба неру табдил медиҳад ва барои нафаскашӣ, гардиши хун ва ҳаракат истифода мебарад. Вақте ки мо нафас мегирем, шушамон аз ҳаво оксигенро қабул мекунад ва заррачаҳои хуни рагҳо аз он баҳравар мегарданд. Хун ғайр аз оксиген дигар маҳлулҳои ғизоиро низ мебарад, ки дар натиҷаи ҳазми хӯрок ҳосил мешавад. Ҳам оксиген ва ҳам маводди ғизоӣ ба воситаи гардиши хун ба тамоми узвҳои бадан тақсим мешаванд. Гардиши хунро дар организм дил ба воситаи рагҳои хунгузар таъмин мекунад. Дар мушакҳои бадан оксиген барои «сӯзондан»-и маводди ғизоӣ ва аз онҳо ҳосил кардани энергия зарур аст.
Ҳангоми истифодаи неруи барқ кадом тадбирҳои эҳтиётиро бояд риоя кард?
Вақте ки дастатон ба сими лучи ҷараёни барқ мерасад, гӯё ба баданатон зарбаи сахти электрикӣ ворид мегардад. Агар шиддатнокии он баланд бошад, вай метавонад одамро бикушад ё ба таври ҷиддӣ ӯро сӯзонад. Агар шиддат пасттар бошад, он чун рагкашии сабук ҳис карда мешавад. Зарур аст, ки аснои бо асбобҳои барқӣ кор кардан ба таври ҷиддӣ қоидаҳои муносибат бо онҳоро риоя намуд. Бо дасти тар асбобҳои барқиро гирифтану доштан мумкин нест, зеро об аз худ ҷараёни барқро бештар мегузаронад. Ҳеч гоҳ сутуни чароғҳои кӯчагӣ ва симчӯбҳои телефонро парма накунед, ҳамчунин ба минтақае, ки навиштаҷоти «Хавфнок» ва ё «Шиддатнокии баланд» овехта шуда бошад, наздик наравед.
Сарбанд чист?
Сарбанд — девор ё монеаи хеле мустаҳкамест, ки онро дар роҳи дарё месозанд, то обро нигоҳ дорад. Дар паси сарбанд об ҷамъ шуда, обанбор ба вуҷуд меояд. Оби ҷамъшударо барои обёрӣ, нӯшидан ва истеҳсоли нерӯи барқ истифода мебаранд. Ба забони сода: сарбанд мисли девори калонест, ки пеши обро мегирад.
Обанбор чист?
Обанбор — ҷойест, ки дар он миқдори зиёди об ҷамъ ва нигоҳ дошта мешавад. Одатан обанборро бо сохтани сарбанд дар рӯдхона месозанд. Оби обанборро барои нӯшидан, обёрии заминҳо, истеҳсоли нерӯи барқ ва дигар корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд. Масалан, обанборро метавон ба як кӯли сунъии калон монанд кард, ки одамон онро барои захира кардани об месозанд.
Оё аз энергияи офтоб неруи барқ ҳосил намудан мумкин аст?
Манбаи тамоми навъҳои энергия офтоб аст. Албатта, ғайр аз рӯшноӣ ва гармӣ мо аз офтоб бевосита неруи дигар гирифта наметавонем. Олимони зиёде орзу мекарданд, ки энергияи офтобро бевосита истифода бурда, аз он неруи барқ истеҳсол кунанд. Солҳо онҳо кӯшиш менамуданд, то неругоҳи барқии офтобӣ созанд. Ҳарчанд, яке аз чунин лоиҳаҳо бомуваффақият анҷом ёфт, аммо неругоҳи барқии офтобӣ хеле харҷи гарон дорад ва илова бар ин чандон неруи зиёд ҳосил намекунад. Чунин технология дар моҳвораҳои сунъӣ ва минтақаҳое, ки дар он ҷо шабака – симтаноби ноқилӣ гузарондан имкон надорад, истифода мешавад. Инчунин онро барои таҷриба дар боми хонаҳо ва автомобилҳо низ гузошта истифода мебаранд. Неругоҳҳои офтобиро – неругоҳҳои фотогалваникӣ меноманд. Системаи мазкур аз лавҳаҳое иборат аст, ки аз нурҳои офтоб энергия қабул карда, онро ба неруи барқ табдил медиҳад.
Неруи барқ дар куҷо ҳосил карда мешавад?
Неруи барқро дар неругоҳҳои барқӣ истеҳсол мекунанд. Ҳоло якчанд намуди неругоҳҳои барқӣ мавҷуд аст, ки муҳимтарини онҳо дар ҷаҳон неругоҳҳои ҳароратӣ, атомӣ ва обӣ мебошанд. Дар неругоҳҳои ҳароратӣ ба воситаи сӯзондани ангишт ва нафт неруи барқ ҳосил мекунанд. Дар дегҳои бузург ба воситаи сӯзишвориҳои номбурда обро меҷӯшонанд ва буғи аз он ҳосилшуда чархҳо – турбинаҳоро ба ҳаракат медарорад ва турбинаҳо генераторҳоро ба кор медароранд. Генератор чарх зада, неруи барқ ҳосил мекунад. Дар неругоҳҳои обӣ об аз сарбанд, ки дар дарёҳо сохта мешавад, ба турбинаҳо мерезад ва онҳоро ба гардиш медарорад. Турбина чарх зада, генераторҳоро ба кор медарорад ва дар натиҷа неруи барқ ҳосил мешавад. Дар неругоҳҳои атомӣ маъдани кӯҳие, ки дар таркибаш уран дорад, истифода мешавад. Пас аз коркарди маъдан вай неруи атомӣ ҳосил мекунад ва дегҳои бузурги пуробро меҷӯшонад. Буғи ҳосилшуда турбинаҳоро чарх занонда, неруи барқ ҳосил мекунад.
Неруи барқ барои чӣ истифода мешавад?
Неруи барқ як навъи энергия мебошад, ки хонадони моро обод мекунад, фаъолияти корхонаҳо, мағозаву идораҳо, инчунин кори бомароми боғи истироҳату фароғати бачагонро таъмин менамояд. Мо неруи барқро барои равшан кардани хонаҳо, тайёр кардани хӯрок, тару тоза нигоҳ доштани меваҷоту сабзавот, таъмини кори компютерҳо ва ҳаракати бозичаҳо истифода мебарем. Гуфтан мумкин аст, ки пас аз кашф намудани оташ истифодаи неруи барқ оғоз ёфта, барои пешрафту тараққиёти инсоният хизмати босазое кардааст.
Кашфи оташ чӣ аҳаммият дошт?
Ҳаёти инсонро ҳоло бе оташ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Шояд одамони қадим ба ҳарорати берун одат карда, зиндагии худро ба рӯшании офтоб мутобиқ намуда буданд. Кашфи оташ ҳаёти одамони қадимро хеле тағйир дод. Бо ёрии оташ онҳо бошишгоҳ ва манзили зисташонро равшан намуда, худро аз хунукӣ муҳофизат мекарданд ва хӯрок тайёр менамуданд. Дертар ба шарофати оташ онҳо филиззотро гудохта, ҳар гуна олат (силоҳ) месохтанд.
Оё энергияро истеҳсол кардан мумкин аст?
Инсон энергия истеҳсол карда наметавонад, вай фақат онро тағйир дода метавонад. На ҳайвонот, на мошин – ҳеч кас ва ҳеч чиз қудрати онро надорад, ки энергия офарад ва ё онро нест кунад, лекин онро тағйир додаву истифода карда метавонад. Об, шамол, офтоб захираҳои бузурги энергия доранд, вале агар инсон онҳоро ба энергияи фоиданок табдил намедод, ҳамаи ин захираҳо бефоида мемонданд. Ҳамин тариқ, энергияи шамол (бод)-ро метавон ба неруи барқ табдил дод. Ё ба чархи велосипед генератор васл намуда, метавон ба воситаи чарх занондани педал, қувваи кинетикиро ба неруи барқ табдил дод. Телевизор неруи барқро ба рӯшноӣ ва садо табдил медиҳад.
Энергия чист?
Бо чанд калима энергияро баён кардан душвор аст, вале аз рӯи амалаш дарк кардан мумкин аст, ки он чист. Мисол меорем: Бадани мо қобилияти ҷамъ кардану сарф намудани энергияро дорад. Агар ин тавр намебуд, мо ҳаракат карда, чизеро ҷунбонда наметавонистем, таҳсил намекардем, нафас намекашидем, фикр намекардем ва ғайра. Зеро бе энергия ягон мавҷудот тағйир намеёбад ва ҳаракат намекунад. Энергия метавонад, дар шаклҳои гуногун зуҳур ёбад. Гармӣ як навъи энергия аст, зеро ҳолати чизҳоро тағйир медиҳад, яъне яхро об мекунад, ҳарорати чизҳоро боло мебардорад, филизро мегудозад. Қувваи барқ низ як намуди энергия аст: гармӣ меофарад, хунук мекунад, рӯшноӣ медиҳад, ба ҳаракат медарорад ва ғайра. Навъҳои дигари энергия низ вуҷуд доранд: неруи садоафзо, рӯшноибахш, кимиёӣ, кинетикӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳо қодиранд, ки ҳолати ҷисмҳоро тағйир диҳанд. Ҳамин тариқ, энергияро метавон тағйирдиҳандаи ҳолати тамоми чизҳои атрофи мо шуморид.
Коғази истифодашударо чӣ кор мекунанд?
Тавре ки гуфтем, коғазро аз чӯб, партовҳои найшакар ва рустаниҳои дигар месозанд. Бинобар ин он муҳити атрофро он қадар ифлос намекунад. Вале азбаски ҳангоми тайёр кардани он баъзе маводди заҳрнок, ба мисли маводди шустагариро истифода мебаранд, беҳтар аст, ки коғазҳои истифодашуда (рӯзнома, маҷалла ва ғайра) ба марказҳои қабули коғаз супорида шаванд. Зеро дар корхонаҳои коғазбарорӣ баъди коркарди дубора аз онҳо коғазҳои хушсифат истеҳсол мекунанд.
Батарейкаҳои истифодашударо дар куҷо нигоҳ медоранд?
Батарейкаҳои барқӣ аз ҷумлаи маводди зарурии ҳаёти инсонанд. Онҳо барои ҳаракату ба кор даровардани бозичаҳои гуногун, соатҳову радиопрёмникҳо, аппаратҳои суратгирӣ ва амсоли инҳо мусоидат мекунанд. Батарейкаҳо дар таркибашон филиззоти заҳрнок доранд, ки дар сурати омезиш бо хоку об онҳоро заҳролуд мекунанд. Албатта, ин заҳролудшавӣ ба инсон, ҳайвоноти рӯи замин ва дарёву баҳрҳо, инчунин муҳити атроф зарар мерасонад. Барои ин батарейкаҳои истифодашударо ба нуқтаҳои қабул супоридан лозим аст. Онҳоро ҳаргиз ба зарфи партов ва гирду атроф партофтан мумкин нест.
Аз пасмондаҳои пластикӣ чӣ сохтан мумкин аст?
Зиёда аз чоряки пасмондаҳои ба қуттиҳои партов партофтаи моро маводди пластикӣ ташкил медиҳанд. Маҳсулоти пластикиро коркард кардан, яъне об кардан мумкин аст, то ки аз он дигар ашё созем. Аз пластикаи коркардшуда либосовезак, мизу курсиҳо, қуттии партовгирӣ ва амсоли инҳоро сохтан мумкин аст. Пластикаи партофтаи коркарднашуда муҳити атрофро нопоку ифлос мекунад, чунки вай худ аз худ вайрон намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё