Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·15 рӯз пешСуол

Астероид чист?

Дар системаи Офтоб ба ғайр аз сайёраву радифҳои онҳо, боз ҷирмҳои кайҳонии хурду бузурге мавҷуданд, ки онҳоро астероид меноманд. То кунун зиёда аз 2000 астероид кашф шудааст, ки бештари онҳо мисли харсангҳои азим мебошанд. Дар асрҳои гузашта олимон гумон доштанд, ки астероидҳо боқимондаи сайёраи нестшудаи байни Мирриху Муштарӣ буда, таркиби онҳо аз ҷинсҳои таркиби сайёраҳо фарқ мекунад.

Астероидҳо ҷирмҳое мебошанд, ки қутрашон аз 100 то 1000 километр буда, дар муқоиса бо сайёраҳо ва радифҳои онҳо ниҳоят хурданд. Астероидҳо дар миёни сайёраҳо мушоҳида мешаванд ва дар мадори худ ҳаракат мекунанд. Аввалин астероидро соли 1801 ситорашиноси итолиёӣ Ҷузеппе Пятси кашф кардааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.