Комета чист?
Комета (зузанаб, ситораи думдор) ҷирми хурди кайҳонист, ки тавассути хатти эллиптии мадор дар гирди Офтоб давр мезанад. Кометаҳо ҳангоми дур будан аз Офтоб ба ҷисми сахте табдил меёбанд, ки ядро (ҳаста)-и сахташон аз чангу газҳои яхбаста иборат аст. Баъзан кометаҳо чунон дароз мешаванд, ки як хатти рости ғубормонандро ташкил мекунанд. Комета аз зарраҳои ғубор ва газҳои хунуки таркибашон омӯхтанашуда иборат аст.
Бо мурури наздикшавӣ ба Офтоб сатҳи кометаҳо гарм, яхи рӯи онҳо бухор шуда, ба газ мубаддал мегардад ва якҷоя бо чанг, ғубори рахшонеро ташкил мекунад, ки мо онро ситораи думдор меномем. Кометаҳо, яъне ситораҳои думдор, аз қадим диққати одамонро ба худ ҷалб кардаанд. Бинобар ин ситорашиносону эътиқодмандон пайдо шудани кометаро ба рӯй додани ягон ҳодисаи таърихӣ ё динӣ нисбат медиҳанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё