Зеҳн

Оё медонед

Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.

2 аъзоаз 20 сентябри 2026
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Осиёби бодӣ аз коғаз

Барои сохтани осиёби бодӣ ин ашёҳои зеринро омода кунед: якчанд коғази ҳаррангаи мураббаъ ва бадошт, қайчӣ, сӯзанаки нӯгаш калон ва чӯбчаҳои дарозиашон аз 30 то 40 см. Дар рӯи варақи коғаз аз рӯи диагоналҳо (кунҷҳои муқобил) чор хатти буриш гузаронед. Нӯгҳои ҳар кадоми онро болои ҳам гузоред ва ҳамон тавре ки дар расм нишон дода шудааст, бо ҳам часпонед. Дар анҷоми кор осиёби коғазиро дар муқобили шамол гузоред. Агар вазиши бод сахт бошад, он босуръат чарх мезанад, агар суст бошад, онро дар даст нигоҳ дошта, ба пеш давидан мумкин аст.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Партовгоҳҳоро чӣ гуна истифода мебаранд?

Партовҳои зиёдро дар як ҷой ҷамъ кардан ба манфиати кор нест. Бо гузашти замон онҳоро нобуд бояд кард. Партовҳои сахтро зеру ҳамвор карда, ба рӯяш қабати ғафси хок мекашанд, то ки ҳангоми боришот обҳои ҷӯю рӯдхонаҳоро ифлос насозад. Баъзан партовгоҳҳоро тадриҷан ба ҷангалу боғистон, биноҳои иқоматӣ, марказҳои фароғатию дилхушӣ табдил медиҳанд. Баъзан дар ҳудуди партовгоҳҳо корхонаҳои саноатии коркарди партовҳо бунёд карда мешаванд, ки онро ба маҳсулоти манфиатовар табдил медиҳанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Партовгоҳ (мазбала) чист?

Мазбала ҷоест, ки тамоми чизҳои нодаркори дар рӯзгор истифодашуда ба он ҷо оварда партофта мешаванд. Ҳамчунин партовгоҳҳои назоратшаванда мавҷуданд, ки дар он партофтаҳои сахти аз хонаҳои аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ ҳосилшуда нигоҳ дошта мешаванд. Баъди муддате партофтаҳои ҷамъшударо бо усули фишори сахт чандин қабат карда нигоҳ медоранд. Партовгоҳҳо, аслан, бояд таҳти назорати қатъӣ қарор дошта бошанд, то ки пеши роҳи паҳншавии бемориҳо ва ифлосшавии муҳити зист гирифта шавад. Вайроншавӣ Ҳолати вайрон шудан ва пӯсидани ягон хел маҳсулот ё маҳлул Сӯзонидан Бо мақсади гирифтани хокистар дар печҳои махсус сӯзонидани ягон чиз. Коркард Аз маҳсулоти истифодашуда тайёр кардани чизи нав.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Худ атр бисоз

Ба шишае одеколон бирез. Ба он ягон маҳлули дигарро, ки бӯяш ба ту писанд аст, мисли барги гул ё навдаи рустании хушбӯйро ҳамроҳ намо. Даҳони зарфро маҳкам карда, онро якчанд рӯз нигоҳ дор. Баъд онро полонда дар зарфи шишагӣ бигир. Агар бӯи хуши зарф баланд бошад, ба он камтар об ҳамроҳ намо.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Атр аз чӣ тайёр мешавад?

Атр моддаест, ки бӯи хуш дорад. Вай аз равғанҳои рустаниву ҳайвонот истеҳсол карда мешавад. Онро инчунин ба таври сунъӣ аз маҳсулоти нафтӣ низ омода мекунанд. Атрҳои аз рустанӣ ҳосилшуда равғанҳои хушбӯй доранд, ки онҳоро аз қисмҳои ҷудогонаи рустаниҳо – реша, пӯстлох, барг, шира ва гули он тайёр мекунанд. Атрҳое, ки аз равғани ҳайвонот, масалан, аз навъҳои кит ва қундуз мегиранд, ҳамчун маводди мустаҳкамкунандаи атриёт истифода мешаванд. Равғанҳои рустаниро бо маводди ёрирасон дар спирт маҳлул мекунанд ва ба шишаҳои махсус барои истифодабарӣ мерезанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Маҳсулоти хӯроквориро чӣ тавр нигоҳ медоранд?

Асосан, мо хӯроквориро дар намуди асл, яъне табиӣ истеъмол мекунем. Аксари хӯроквориҳо аз таъсири бактерияҳо, равшанӣ ва ҳаво ба зудӣ вайрон мешаванд. Ҳоло маҳсулоти хӯроквориро асосан дар ғилофҳои вакуумӣ ҷойгир мекунанд, яъне тариқи беҳаво гардонидан онро аз вайроншавӣ эмин медоранд. Дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар борбасти пластикӣ ва ё коғазхалта печонида мешаванд, то ки онро бо ин роҳ нигоҳ доранд. Маҳсулоти тару тоза, ба мисли гӯшт, моҳӣ ва меваҳо бояд дар давоми як-ду рӯз истифода шаванд. Боз дигар усулҳои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ чун хушккунӣ ва дар намак хобондан мавҷуданд. Ҳангоми хушккунӣ маводди ғизоиро якчанд ҳафта дар офтоб ва ё ҷои бенам мемонанд. Дар ин муддат моеи таркиби он бухор мешавад ва маҳсулот хеле вақт вайрон намешавад. Дар намак хобондан (намаккунӣ) асосан, бо мақсади пешгирӣ намудани афзоиши бактерияҳо дар таркиби хӯрок анҷом дода мешавад. Яхдон низ дар давоми якчанд рӯз барои тару тоза нигоҳ доштани хӯрок кумак мекунад. Маҳсулоти яхкунонидашуда низ дар рӯзгор торафт бештар маъмул мегардад, зеро мо метавонем онро чандин моҳ нигоҳ дорем. Роҳҳои дигари нигоҳдории маҳсулот консерв кардан, ба мисли мармелад ва мураббо (ҷем) тайёр кардани он низ ниҳоят мувофиқу муносиб мебошанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Шиша аз чӣ тайёр карда мешавад?

Шиша дар рӯзгор фаровон истифода бурда мешавад. Вай вазнин ва мустаҳкам буда, бо вуҷуди хеле нозуку зудшикан буданаш, буридани он ниҳоят душвор аст. Аммо бартариаш дар он аст, ки шиша шаффофу рӯшноигузарон аст. Шишаро аз регмайда (қум), карбонати калсий ва оҳак истеҳсол мекунанд. Ҳангоми истеҳсоли шиша ҳамаи ин маводро омехта карда, дар танӯрҳои оҳанин (печҳо) дар ҳарорати то 1400– 1500 С мепазанд. Дар натиҷа маводди омехта об шуда, ба ҷисми моеъ табдил меёбад ва пас аз хушк шудан ба шишаи шаффоф мубаддал мегардад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

ЛИФТ АЗ КАРТОН

Чӣ тавр сохтани лифти калон ва дар даруни хона ҷойгир намудани онро фикр кунед. Дар ин кор картон, пластикаи шаффоф, ресмон ва дигар чизҳоро кор фармудан мумкин аст. Ба ҷои ғарғара ду тугмаи калонро, ки байни ҳам ба тарафҳои муқобил гузошта шудаанд, истифода баред. Картонро барои тайёр кардани хонача ва лифт, пластикаро барои тирезаҳо истифода намуда, ба воситаи ғарғара ресмонро гузаронед, то ки он лифтро боло бардошта, сипас ба поён фурорад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Дар ошхона кадом таҷҳизот истифода мешавад?

Таҷҳизоти дар ошхона истифодашаванда аз маводди гуногун, аз ҷумла, аз филиз, пӯлод, оҳан ё арзиз (алюминий) сохта шудаанд. Муҳаррик ва васлаки техникии асбобҳои барқӣ: яхдонҳо, мошинҳои ҷомашӯӣ, тафдонҳои барқӣ, плитаҳо ва ғайра аз филиззот сохта мешаванд. Пластикаро, маъмулан, барои истеҳсоли танаи асбоб, ки дар он муҳаррик ва қисмҳои гуногуни электрикӣ ҷойгир карда мешаванд, ба кор мебаранд. Резина барои тайёр кардани ҷафскунак ва пайванди қисмҳо, барои новаҳо кор фармуда шуда, шиша дар тирезаву дар истифода мегардад.

0