Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·16 рӯз пешСуол

Сайёраҳои Уран ва Нептун аз чиҳо иборатанд?

Уран дорои 15 радиф ва 5 ҳалқа мебошад ва ҳарчанд аз Муштарӣ хурд бошад ҳам, қутраш аз қутри Замин 4 баробар зиёд аст. Гардиши мадориаш дар гирди Офтоб 84 солро ташкил медиҳад, аммо дар гирди меҳвари худ дар чанд муддат давр заданаш муайян нагардидааст.

Бузургтарин радифи табиии Уран – Титания буда, қутри он ба 1576,8 км мерасад. Нептун соли 1846 кашф карда шуд ва бинобар сабзрангиаш, мутобиқи асотирҳои юнонӣ ба вай номи худои баҳрро доданд. Муҳлати даврзании он дар гирди Офтоб 164,8 сол аст. Вазни Нептун аз вазни Замин тақрибан 17 маротиба зиёд аст. Вай ду радиф – Тритон ва Нереида дорад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.