Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·24 рӯз пешНашрия

Осиёби бодӣ аз коғаз

Барои сохтани осиёби бодӣ ин ашёҳои зеринро омода кунед: якчанд коғази ҳаррангаи мураббаъ ва бадошт, қайчӣ, сӯзанаки нӯгаш калон ва чӯбчаҳои дарозиашон аз 30 то 40 см.

Дар рӯи варақи коғаз аз рӯи диагоналҳо (кунҷҳои муқобил) чор хатти буриш гузаронед. Нӯгҳои ҳар кадоми онро болои ҳам гузоред ва ҳамон тавре ки дар расм нишон дода шудааст, бо ҳам часпонед. Дар анҷоми кор осиёби коғазиро дар муқобили шамол гузоред. Агар вазиши бод сахт бошад, он босуръат чарх мезанад, агар суст бошад, онро дар даст нигоҳ дошта, ба пеш давидан мумкин аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.