Шиша аз чӣ тайёр карда мешавад?
Шиша дар рӯзгор фаровон истифода бурда мешавад. Вай вазнин ва мустаҳкам буда, бо вуҷуди хеле нозуку зудшикан буданаш, буридани он ниҳоят душвор аст. Аммо бартариаш дар он аст, ки шиша шаффофу рӯшноигузарон аст.
Шишаро аз регмайда (қум), карбонати калсий ва оҳак истеҳсол мекунанд. Ҳангоми истеҳсоли шиша ҳамаи ин маводро омехта карда, дар танӯрҳои оҳанин (печҳо) дар ҳарорати то 1400– 1500 С мепазанд. Дар натиҷа маводди омехта об шуда, ба ҷисми моеъ табдил меёбад ва пас аз хушк шудан ба шишаи шаффоф мубаддал мегардад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё