Тавсифи умумии чуғрофиёӣ мавқеи ҷуғрофиёӣ ва ҳудуди Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҷанубии Осиёи Марказӣ, дар байни арзҳои 36°40’ ва 41°05’ шимолӣ ва тӯлҳои 67°31’ ва 75°14’ шарқӣ (аз Гринвич) ва тақрибан дар як арзи ҷуғрофиёӣ бо давлати Юнон ва ноҳияҳои ҷанубии Итолиёву Испания ҷойгир аст. Масоҳати Тоҷикистон 141,4 ҳазор км2 аст.
Нуқтаҳои канории Тоҷикистон дар шимол силсилакӯҳи Қурама, дар ҷануб водии дарёи Панҷ, дар ғарб силсилакӯҳи Сарикӯл мебошанд. Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё, дар минтақаи иқлимаш муътадили дур аз баҳру уқёнусҳо ҷой гирифта, дар ҳамвориҳои он иқлими биёбонӣ ҳукмфармост. Дар ғарби кишвар биёбону нимбиёбонҳои пастии Турон ҷойгиранд, ки тадриҷан ба талу кӯҳдоманҳо мубаддал мешаванд. Дар шарқ марзи он бо доманакӯҳҳо ва қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ иҳота шудааст (аз ғарб ба шарқ 680 км тӯл кашидааст). Қисми марказии он нисбатан борик (камбар) буда, қариб 100 км аст. Масофаи марзи Тоҷикистон то баҳри Каспий 1 150 км ва то баҳри Арал 700 км аст. Марзи кунунии Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ташаккул ёфта, вобаста ба ҳайати миллӣ ва ақидаҳои сиёсию иқтисодӣ якчанд бор тағйир ёфтааст. 14 октябри соли 1924 дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон ба ҳайси ҷумҳурии мухтор таъсис ёфт. 16 октябри соли 1929 аз ҳайати Узбекистон баромада, ҳамчун ҶШС Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил шуд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва ҳар сол ин сана чун Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дарозии марзи Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 3 000 км-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ғарб бо Ҷумҳурии Узбекистон (1 161 км), дар шимолу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой (519 км) ва дар ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (1 356 км) ҳамсарҳад аст. Дар ҷанубу шарқ Тоҷикистонро аз Ҳиндустону Покистон Долони Вахон (бараш аз 15 то 6 км) ҷудо мекунад.
Мувофиқи омори соли 2020, аҳолии Тоҷикистон 9,5 млн нафарро ташкил медиҳад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 9.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




