Тоҷикистон
Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон
ЧАШМАИ “БИБИЗУБАЙДА”
Миёни он неъматҳои моддие, ки Офаридгор ба инсон арзонӣ додааст, об мебошад. Обро метавон ҳастии тамоми ашё номид, ки бидуни он ҳеҷ чиз вуҷуд дошта наметавонад. Сарчашмаи об пиряху чашмаҳо мебошад, ки тавассути дарёҳо ва ҷӯйҳо ҷорӣ гардида, инсон ва табиатро шодоб мегардонад. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим обро ашёи муқаддас дониста, ҳар як қатраи онро арҷгузорӣ мекарданд. Ин анъана то имрӯз идома ёфта, дар бораи муқаддасии об ҳар гуна нақлу ривоятҳо бофта ба мардум мешунавонданд, ки ин неъмати бебаҳоро азиз доранд. Қариб дар ҳар гӯшаву канори олам ривоятҳои асотирие дар бораи об – ҳаёти ҷовидонӣ ва фанонопазирӣ мебахшад, вуҷуд доранд. Масалан, барои мисриҳои қадим об макони тавлиди худоҳояшон ба шумор мерафт ё ҳиндуҳо боварӣ доштанд, ки аввалу охири мавҷудияти олам об аст, инчунин бошандагони Бобулистон обро сарчашмаи беинтиҳои инсоният медонистанд. Тоҷикистон низ дорои ададҳои бешумори чашмаҳои табиӣ ва шифобахшӣ аст, ки бештари онҳо дар атрофи худ нақлу ривоятҳоеро дар бораи таърих ва пайдоишаш ба вуҷуд овардааст. Барои мисол метавон дар бораи чашмаи “Бибизубайда” дар шаҳри Норак каме маълумот дод. Чашмаи “Бибизубайда” дар деҳаи Туғмазори ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак ҷойгир аст, ки бошандагони ин мавзеъ бо лаҳчаи худ “Бибизведа” мегӯянд. Мувофиқи баъзе ривоятҳои сокинони Норак таърихи 500 сола дорад, аммо дар мавриди таърихи пайдоиши он ягон далели мӯътамад пайдо наградид. Мардуми маҳаллии Норак ин мавзеъи табииро бениҳоят муқаддас дониста, нисбати вай бовару эътиқод доранд. Зимни зиёрат ба ин мавзеъ мушоҳида гардид, ки рӯ ба рӯи чашмае, ки аз байни санг ҷорӣ мешуд, дарахтони туғ соя меафканданд. Ва дар шохҳои ин дарахт миқдори зиёди латтаҳои гуногунранг баста шуда буданд. Боиси тазаккур аст, ки ба андешаи мардуми тоҷик дарахти “туғ” муқаддас маҳсуб ёфта, онро бештар дар мазору зиёратгоҳҳо вохӯрдан мумкин аст. Шояд аз ҳамин сабаб ин деҳаро Туғмазор меномиданд. Аз ин бармеояд, ки одамон ба зиёрати чашма бисёр мерафтаанд ва ҳангоми зиёрат ба дарахти туғ барои талаби ҳоҷаташон латта мебастаанд. Дар бораи чашма бо сокини деҳаи Туғмазор Солеҳов Насрулло (соли тав. 1939) вохӯрда, маълумот гирифтем, аз гуфтаҳои пирамард маълум шуд, ки Бибизубайда дар оила чор нафар: ду писар ва ду духтар будаанд. Мувофиқи нақли пирамард дар замонҳои пеш ҳангоми ҳуҷуми душманон ин чор нафар бародарону хоҳарон аз таъқиби кофирон гурехта ба ин мавзеъ меоянд, писарҳо яке ҳазрати Хоҷаи Сабзпӯш, ки марқадаш дар наздикии НБО-и Норак дар масофаи 150 км. дуртар аз ин мавзеъ, дуввумин ҳазрати Хоҷаи Сурхпӯш дар назди обанбори Норак, духтарҳо хоҳараш Бибитуғдона дар деҳаи Тутқавули нав ва худаш Бибизубайда дар деҳаи Туғмазор воқеъ мебошад. Баъди таъқиби кофирон Бибизубайда ба деҳаи Туғмазори имрӯза омада, ба болои кӯҳ, ки баландиаш 200 метр мебошад, мебарояд. Ин дам кофирон наздик шудан мегиранд, Бибизубайда рӯй суи қибла карда, ба ҷониби Худованд илтиҷо мекунад, ки кӯҳро бишкофад то вай ба даруни он даромада, рӯи кофирони номаҳрамро набинад. Ҳамин дуои Бибизубайда иҷобат гардида, даруни кӯҳ кушода мешаваду ин зани покдоман вориди он мегардад. Кӯҳ боз дубора пӯшида мешавад, мегӯянд аз ҳамон рӯзу соат аз ҳамон ҷо чашмае ҷорӣ мешавад, ки обаки ширину мусаффое дорад. Ба ақидаи мардуми маҳаллӣ гўё ин чашма ашки Бибизубайда мебошад, ки то имрӯз ҷорӣ шуда истодааст. Оби ин чашма хусусиятҳои ба худ хосе дорад: Оби чашмаи “Бибизубайда” аз даруни санг ҷорӣ шуда, чандон дур намеравад, то дарозии 2 метр рафта нопадид мешавад. Ин об дар чор фасли сол як хел ҷорӣ мегардад, на кам ва на зиёд мешавад. Оби ин чашмаро барои дармон бахшидан ба бемориҳои меъдаву руда, шикамдард ва “кабудсулфа” истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаи мардум чашма оби сарду гуворо дошта, он аз ҷиҳати таъму лаззат аз дигар чашмаҳо фарқкунанда мебошад. Мегӯянд вақте ки одам аз ин об нӯшад худро сабуку бардам ҳис мекунад. Аз роҳҳои дуру наздик ҳоҷатмандон барои табобат омада шифо меёбанд. Ба ин хотир чашмаро муқаддас дониста, ҳамеша тозаву озода нигоҳ медоранд. Тибқи нақли сокинон ин обро танҳо барои нӯшидан ё табобат истифода кардан мумкин аст. Ҳатто дар оби ин чашма даст шустанро калонсолон қатъиян иҷоза намедиҳанд. Дар аснои зиёрат ба ин мавзеъ як ҳамсафарамон, ки зодаи шаҳри Норак буд, ба мо гуфт, ки “мардуми мо пояшонро сӯи чашма дароз намекунанд, ки убол мешавад. Агар дидаву дониста пояшонро сӯи чашмаи Бибизубайда дароз кунанд ба ягон фалокат дучор мешаванд”. Мардуми шаҳри Норак тибқи ҳамин бовару эътиқод зиндагӣ карда, нисбати чашма эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Боз як ҳодисаеро дар робита ба чашмаи Бибизубайда нақл намуд, як вақтҳо як гурӯҳ аскарони рус омада, дар ин ҷо беэҳтиромӣ нисбати ин чашма намуданд ва ҳангоми бозгашт мошинашон ба садамае дучор гардида, чаппа шуд. Бештар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба зиёрати чашма меоянд. Тибқи ривояти сокинон вақте мардҳо зиёрат кунанд, оби чашма камтар ҷорӣ мешавад ва агар занҳо ба зиёрат оянд, баръакс об бисёртар ҷорӣ мешавад. Сабаби инро чунин шарҳ медиҳанд, ки Бибизубайда аз мардон шарм медоштааст. Баъди таҳқиқу баррасӣ ба хулосае омад, ки мазмуни ҳамаи нақлу ривоятҳое, ки дар бораи пайдоиши чашмаҳои муқаддас офарида шудааст, қариб якранг аст. Ва пайдоиши онҳоро ба бузургони дин, ашхоси парҳезкор, занҳои покдоман ва ё шахсиятҳои асотирӣ нисбат медиҳанд. Аз ин хотир мардуми омма ба ин ривоятҳо бовар карда, онро ба дигарон образнок ва ё камтаре аз худ илова карда, нақл мекунанд, ки дар натиҷа вариантнокии он ба вуҷуд меояд. Ҳатто ривоят ба худ характери асотирӣ касб карда, ба афсона мубаддал мегардад. Аммо дар бораи чашмаи “Бибизубайда” мо танҳо як варианти ривоятро пайдо кардем. Маълум мегардад, ки дар муқоиса ба Чилучорчашма, Авҷ, Бибифотимаи Заҳро, Гармчашма ва дигар чашмаҳо теъдоди зиёраткунандагон ба ин чашма маҳдуд буда, дар миқёси ҷумҳурӣ чандон маъмулӣ нест. Дар ҷумҳурӣ адади рӯду чашмаҳо бениҳоят зиёданд ва на дар бораи ҳамаи онҳо нақлу ривоятҳои аҷиб офарида шудааст. Аз ин маълум мегардад, ки обҳои он чашмаҳое, ки воқеъан шифобахшанду гуворо нақлҳои ҷолибе аз тарафи мардум эҷод гардида, то ба дараҷаи муқаддасӣ расонида шудааст. Ин омил метавонад барои сарфа ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷӯю чашмаҳо мусоидат кунад, зеро муқаддас будани оби ин ё он чашма шахсро водор месозад, ки нисбати чашмаҳо эҳтиёткорона рафтор намояд. Холмуродов Зафар
Истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро
Чашмаи шифобахши Бибӣ Фотимаи Заҳро ба қабули беморону истироҳаткунандагон оғоз намуд. Агарчи ин чашма дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим дар масофаи 200 километр дур аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, аммо бо хусусиятҳои шифобахшӣ, манзараҳои ҷолибу тамошобоб сол то сол таваҷҷуҳи сокинони кишвар ва берун аз онро бештар ба худ ҷалб мекунад. Сардори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи табобатии Бибӣ Фотимаи Заҳро Ақназар Самадов ба мухбири АМИТ Ховар гуфт, ки ин истироҳатгоҳи табобатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхати ин Вазорат дар ин ҷо ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта мешаванд. Барои қишрҳои дигари ҷомеа низ дари ин истироҳатгоҳ ҳамеша боз аст ва онҳо бо пардохти маблағи муайян аз оби чашма баҳра мебаранд. Баъди бунёд гардидани панҷ меҳмонхонаи нав ҳоло дар як баст истироҳатгоҳ то 100 нафарро қабул карда метавонад. Хизматрасонӣ дар ин муассиса мутобиқи меъёрҳои муосир ба роҳ монда шуда, муштариён аз хизмати маркази саломатӣ, кабинети физиотерапевтӣ, дорухонаи гиёҳҳои шифоӣ ва ёрии таъҷилӣ истифода мебаранд. Барқароркунии пурраи ҳудуди истироҳатгоҳ соли 2000 оғоз ёфта, марҳила ба марҳила анҷом дода шуд. Дар ин муддат зиёда аз 10 ҳазор бех дарахтони сояафкан шинонда шуда, боғи мевадор ҳам дар нашъунамо аст. Истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро барои касалиҳои сирояткунанда, пӯст, дарди дил, тарбод, меъда, безурётӣ ва чандин дардҳои дигар фоидаовар аст. Дар назди чашма нуқтаи ёрии аввалияи тиббӣ мавҷуд аст ва баъди аз оби чашма берун омадан табибон вазъи саломатии ҳар як беморро муоина мекунанд.
Кино
Санъати кинои тоҷикӣ аз даврони шӯравӣ ибтидо мегирад. Соли 1929 аз тарафи Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон масъалаи ба лентаи кино гирифтани омадани аввалин поезд аз шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вокзали шаҳри Душанбе ба миён омад. Ин лаҳзаи таърихиро бо хоҳиши коргарони ҳизб В. В. Кузин, А. М. Шевич, Н. В. Гезулин 11 сентябри 1929 ба навор гирифтанд. 16 октябри ҳамон сол дар Анҷумани севвуми фавқулодаи Шӯроҳо, ки дар он Эъломия дар бораи ҶШС Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ қабул гардид, сюжети омадани нахустин поезд ба шаҳри Душанбе намоиш дода шуд. Бо гузашти солҳо ин сюжет ҳамчун аввалин кинои тоҷикӣ машҳур гардид. Минбаъд барои инкишофи он дар назди Комиссариати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон Лабораторияи киноистеҳсолкунии Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1929–30) таъсис ёфт, ки В. Кузин нахустин мудири он таъйин гардид. Баъдан Трести «Тоҷиккино» (1931–1936), «Тоҷиккинофилм» (1936–1938), Киностудияи Сталинобод» (1938– 1941), Киностудияи муттаҳидаи Сталинобод ва «Союздетфилм» (1941–1943), «Студияи кинохроникаи Сталинобод» (1943–1956), Киностудияи «Тоҷикфилм» (1956–2017), Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (аз 2017) ном гирифт. 18 майи 1930 дар ҷаласаи умумии коркунони маориф масъалаи ба Трести «Тоҷиккино» табдил додани Лабораторияи киноистеҳсолкунии Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон ба миён гузошта шуд ва Н. Гезулин сардори он таъйин гардид. Нахустин филмҳои ҳуҷҷатӣ: «Дар роҳи коллективӣ» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор А. Шевич; 1930), «Заминҷунбӣ дар Янгибозор» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Кузин 1930), «Ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо омаданд» (таҳиягар ва наворбардорон В. Кузин ва А. Шевич 1930), «Коллективонӣ дар ноҳияи Кӯктош» (таҳиягар ва наворбардор В. Кузин 1930), «Бригадаи савораи «Н»» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор В. Кузин, 1930), «5-солагии Тоҷикистони Советӣ» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор В. Кузин, 1930), «Беҳтаринҳо ба Советҳо» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Шевченко 1931), «8-уми март» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардорон В. Кузин, В. Шевченко; 1931), «Калтакдорони Сурх» (таҳиягар В. Кузин, наворбардорон С. Руйкович, В. Кузин, 1931), «Вахшстрой» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Шевченко, 1931) ва ғ. Июни соли 1932 Трести «Тоҷиккино» ба ду идораи мустақил тақсим шуда, ҳамон сол оид ба азнавташкилкунии он Бюрои Комитети марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар асоси Қарори «Союзкино» қарори дигар қабул кард: Трести «Тоҷиккино» ба сохтмони кинотеатрҳои нав ва инкишофи филмҳои навистеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ машғул шавад; Кинофабрикаи «Тоҷиккинофилм» ҳамчун муассисаи давлатӣ истеҳсоли филмҳоро ба роҳ монад. Соли 1932 ду филми бадеии беовоз — «Ҳуқуқи фахрӣ» (таҳиягар К. Ёрматов) ва «Вақте ки амирон мемиранд» (таҳиягар Л. Печорина) офарида шуданд. Ҳамчунин, филмҳои ҳуҷҷатии «Пайроҳаи оҳугузар» (таҳиягарон В. Хабур ва Н. Рожков), «Дар назди дарвозаи Ҳиндустон» (таҳиягарон М. Вернер, наворбардорон Б. Синеоков ва М. Базов), «Экспедицияи Помир» (оператор В. Шевченко) ва ғ. низ эҷод шуданд. Аз рӯзҳои нахустини таъсис «Тоҷиккино» таҳиягарони рус, тотор, яҳудӣ ва дигар миллатҳо, дар баробари таҳияи филмҳо ба тарбияи кадрҳои маҳаллӣ машғул шуданд. К. Ёрматов аввалин ҳунарпеша, коргардон ва сенариянависи тоҷик буд. Филмҳои беовози ӯ «Ҳуқуқи фахрӣ» (1932), «Муҳоҷир» (1934), «Дӯстон боз вомехӯранд» (филми бадеии овоздор, 1939) муаррифи кинои тоҷикӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Саҳми С. Тӯйбоева, Қ. Олимов, Ф. Баҳор, Н. Тиллоев, В. Кузин, В. Шевченко, Ф. Эшонов, Ф. Баҳор, В. Хабур, Ш. Султонов, И. Барамиков ва дигарон низ дар инкишофи кинои тоҷик хеле назаррас аст. Тарҷума ва дубляжи филмҳои бадей дар Трести «Тоҷиккино» аз соли 1931 оғоз ёфтааст. Азбаски филмҳои истеҳсолшуда беовоз буданд, аз ҷониби адибон ба онҳо титр (зернавишт) эҷод мешуд. Аввалин филми бадеии ба забони тоҷикӣ дубляжгардида «Духтари рӯҳонӣ» (истеҳсоли киностудияи «Узбекфильм») буд. Баъдан филмҳои «Одами милтиқдор» (тарҷумаи М. Раҳимӣ, М. Турсунзода ва С. Улуғзода), «Дӯстон боз вомехӯранд», «Боғ», «Дурсун ва Асал», «Коммунист», «Ленин дар соли 1918», «Оилаи Уляновҳо» ва ғ. низ ба забони тоҷикӣ тарҷумаву дубляж гардиданд. Дар ин солҳо ба киностудияи «Тоҷикфильм» шоирону нависандаҳо М. Раҳимӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Ғ. Абдулло, Ҳ. Аҳрорӣ, А. Маниёзов ва дигарон ҳамкорӣ карда, баҳри покизагии забони давлатии тоҷикӣ хизмати шоён ба анҷом расонданд. Ба инкишофи кинои тоҷик ҶБВ (1941–1945) таъсири манфӣ расонид. Беҳтарин кормандони киностудияи «Тоҷикфильм» – В. Кузин, Қ. Олимов, Н. Тиллоев, Ш. Султонов, В. Хабур ва М. Арабов ба ҳимояи Ватан фиристода шуданд. Дар ин давра Студияи бачагона ва наврасони «Союздетфилм»-и шаҳри Маскав ба шаҳри Сталинобод (ҳоло ш. Душанбе) кӯчонида ва ба киностудияи тоҷикӣ муттаҳид гардонда шуд. Давраи ҳамкории ин ду киностудия аз моҳи ноябри 1941 то 16 октябри 1943 хеле манфиагбахш буд. Дар ҳайати эҷодии студияи «Союздетфилм» коргардонҳои машҳури шӯравӣ С. Юткевич, Л. Кулешов, А. Разумний, В. Пронин, нависандагон ва киносенариянависон С. Михалков, Н. Эрдман, Л. Кассил, ҳунарпешагон С. Филиппов, Г. Миляр, Ф. Раневская, Я. Шеймо ва дигар мутахассисони техникӣ ба шаҳри Сталинобод омаданд. Дар баробари таҳияи филмҳои нави бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ киносозони рус (барои 50 нафар) аз ҷавонони маҳаллӣ шогирдонро омода мекарданд. Моҳи феврали 1942 курсҳои махсуси ҳунарпешагӣ ва сенариянависӣ таъсис дода шуданд. Ташаббускори ин иқдом коргардони машҳури шӯравӣ Л. Кулешов буд. Дар бадали ду сол филмҳои бадеии «Муҳорибаи назди Сокол»-и коргардон А. Разумний, «Савганди Темур» (коргардон Л. Кулешов ва А. Хохлова), «Лермонтов» (коргардон А. Генделштейн), «Аскари часур Швейк» (Швейк бар зидди Гитлер), «Мартапрел» (коргардон В. Пронин) ва ғ. истеҳсол шуданд. Инчунин «Союздетфильм» ва «Тоҷикфильм» филми ҳунарии «Фарзанди Тоҷикистон» (сенарияи М. Раҳимӣ, коргардон В. Пронин, 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (коргардон К. Минс, 1943)-ро истеҳсол карданд. Дар маҷмӯъ 12 филми бадеӣ, 190 шумораи киножурнали «Тоҷикистони Советӣ» ва дигар киножурналҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шуданд. 16 октябри 1943 студияи «Союздетфильм» ба ҷои пешинаи (ш. Маскав) интиқол дода шуд. Қисме аз кормандони эҷодӣ ва техникӣ тақдири ояндаашонро бо Тоҷикистон ва кинои тоҷикӣ пайвастанд. Бо гузашти солҳо кадрҳои маҳаллӣ донишкадаҳои шаҳрҳои Маскаву Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро хатм намуда, ба киностудия баргаштанд: Б. Кимёгаров, А. Раҳимов, Т. Собиров, М. Қосимова, М. Маҳмудов, С. Ҳомидов, А. Тӯраев, наслҳои нисбатан ҷавон: М. Орипов, В. Аҳадов, Б. Арабов, Д. Худоназаров, О. Тулаев, Ю. Юсупов, Б. Содиқов, А. Қуддусов, Ё. Аралов, С. Солеҳов, С. Ҳақдодов, М. Юсупова, Ҷ. Усмонов, О. Шарифов, Ҳ. Ҳасанова, Г. Мирзоева, таҳиягарони филмҳои тасвирӣ: М. Мансурҳоҷаев, Б. Қаҳҳоров, А. Мансуров ва дигарон буданд, ки шаъну шарафи кинои тоҷикиро баланд бардоштанд. Солҳои 1940–1951 асосан филмҳои ҳуҷҷатӣ офарида шудаанд. «Канали калони Ҳисор» (1940), «Роҳи калони Помир» (1940) ва «Тантанаи санъати тоҷик» (1940)-и И. Барамиков, «Тоҷикистон» (1946, медали биринҷӣ ва Грамотаи фахрӣ дар Кинофестивали 7-уми байналхалқии Венетсия), «Қувваи бузург» (1949), «Сарзамини ҷавонӣ» (1950), «Тоҷикистони Шӯравӣ» (1951, Мукофоти давлатии ИҶШС)-и Б. Кимёгаров ва ғ. аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аввалин филми бадеии баъди танаффуси 16-сола истеҳсолгардида филми бадеии «Дохунда»-и Б. Кимёгаров (1956, аз рӯи романи «Дохунда»-и С. Айнӣ) мебошад. Инчунин филмҳои рангаи мусиқавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (Р. Перелштейн, 1957), «Писар бояд зан гирад» (Т. Собиров, 1959), «Байрақи оҳангар» (Б. Кимёгаров 1961), филм-балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (Г. Березансев, Ғ. Валаматзода, 1960), мазҳакаи «Насриддин дар Хуҷанд» дар ин солҳо рӯи навор омаданд. Шуҳрати киностудияи «Тоҷикфилм» ва кинои тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ филмҳои бадеии «Қисмати шоир»-и Б. Кимёгаров (1959), «Зумрад»-и А. Раҳимов (1962), «Бачагони Помир»-и В. Я. Мотил (1963), «Марги судхӯр»-и Т. Собиров (1966), «Ҳасани аробакаш» ва силсилафилмҳо аз рӯи достонҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ - «Достони Рустам» (1970), «Рустам ва Суҳроб» (1972), «Достони Сиёвуш» (1976)-и Б. Кимёгаров, «Боз як шаби Шаҳрзод» (1984), «Афсонаҳои нави Шаҳрзода» (1986) ва «Шаби охирини Шаҳрзод»-и Т. Собиров, «Асрори оила»-и В. Аҳадов (1983), «Братан»-и Б. Худойназаров (1990), «Дарди ишқ»-и А. Тӯраев (1991) ва дигарҳо баланд бардошта, сазовори ҷоизаву дипломҳои ифтихории кинофестивал ва киноозмунҳои байналмилалӣ гардидаанд. Истеҳсоли филмҳои тасвирӣ (филмҳои мультипликатсионӣ) дар киностудияи «Тоҷикфилм» аз солҳои 60-ум ба роҳ монда шуд. Аз сабаби кам будани мутахассисони маҳаллӣ аз дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Маскав мутахассисони филмҳои тасвирӣ даъват шуданд. Он солҳо се филми тасвирӣ: «Суруди кӯҳсор» (таҳиягар В. Голиков, 1969), «Насими меҳрубон»-и Н. Котовников (1970), «Афандӣ, маркаб ва дузд» (Н. Ленсер, 1971) истеҳсол шуданд. Соли 1971 таҳиягари филмҳои мустанад ва рассом М. Мансурхоҷаев ба курсҳои таҷрибии коргардонҳо-мултипликаторҳои назди Донишкадаи давлатии умумииттиҳодии кинематографияи Маскав (ВГИК) дохил шуд. Бо хатми курс ба ӯ таҳияи нахустин филми тасвирии «Моҳичаи гулдор» вогузор гардид. А. Черников (наворбардор) ва В. Шуленин (рассом-мултипликатор) низ ба ш. Душанбе омада, гурӯҳи эҷодии филмҳои тасвирӣ таъсис доданд. Соли 1980 филми тасвирии «Моҳичаи гулдор» дар Кинофестивали умумииттиҳоқии Вилнюс дар бахши филмҳои тасвирӣ сазовори ҷоизаи махсуси кинофестивал гардид. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин гурӯҳи эҷодӣ филмҳои тасвирии «Чӯяндагон» (1981), «Пӯсти гург» (1982), «Рӯзи баробар» (1983), «Чӯпонбачаи часур» (1986), «Пӯстинча барои абрҳо» (1987), «Парандаи Каҳқа» (1988), «Триумф» (1989) ва ғ.-ро таҳия намуданд. Кинои тоҷик дар даврони истиқлол. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли комил ба даст оварПас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (1991) кинематографияи миллӣ ба буҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Аксарияти кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сарнавишт биҷӯянд. Аз ҳамин сабаб яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлол дар кинематографияи тоҷик ин буд, ки кинои тоҷикӣ дар ду самт – дар дохил ва хориҷи кишвар арзи вуҷуд кард. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар «Қош ба қош» (1993) ва «Падари маҳтобӣ»-и Б. Худойназаров (1999), «Парвози занбӯр» (1998)-и Ч. Усмонов (дар ҳамкории Минг Бион Хан) маҳсуб мешаванд. То соли 2001 ба истиснои филмҳои ҳуҷҷатии видеоӣ ҳеҷ филми бадеӣ истеҳсол нашуд. Баъди таваҷҷуҳи зоҳир кардани Президенти кишвар ба кинои тоҷикӣ ҳайати эҷодии киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба истеҳсоли видеофилмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ шурӯъ карданд. Аз соли 2004 дар ду сол як бор Кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад, ки ҳадаф аз ташкили он фароҳам овардани замина барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии кинематографистон; тарғибу омӯзиши дастовардҳои кинематографистони Осиёи Марказӣ мебошад. Киносозони тоҷик дар аввалин филмҳои даврони истиқлол анъанаҳои беҳтарини синамои тоҷикиро идома доданд. Дар таҳияи филмҳои ин давра Муассисаи давлатии киностудияи «Суғдсинаматография» ва «Хатлонсинамо» низ саҳми арзанда доранд. Нахустин видеофилме, ки дар ин давра рӯи навор омад, «Ва ман равам ба сӯи сарнавишт» (коргардон М. Орифов, 1998) буд. Баъдан видеофилмҳои ҳунарии «Буд-набуд» (коргардон А. Раҳматуллоев, 2002), «Ангуштарин» (2002) ва «Тақвими интизорӣ» (2006, коргардон С. Солеҳ), «Муҷассамаи ишқ» (коргардон У. Мирзоширинов, 2003), «Овора» (коргардонҳо Г. Муҳаббатова ва Д. Раҳматов, 2004), «Шоҳин» (2006), филми бадеии «Ҷазо» (2012)-и С. Қодирӣ, силсилафилми «Соҳил» (2011; 12 қисм), «Баҳори ҳазонрез»-и Р. Пиров (2021), филмҳои ҳунарии «Марги бегуноҳ» ва Ю. Юсупов (2013) ва А. Раҳматуллоев, «Фасли рӯҳё»-и М. Исмоилов (2014), «Кӯҳистонӣ»-и Ю. Юсупов (2016), «Оинаи беҷило» (2016), «Муаллим» (2011), «Қиёми рӯз» (2009) ва «Роҳ»-и Н. Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и Д. Раҳматов (2014), «Як ҷаҳон аз ману ту ҳаст» (2014), «Маро бубахш» (2016) ва «Рақси зиндагӣ»-и М. Сатторӣ (2018), «Таксӣ»-и Ф. Файз (2017), «Хонаи меҳр»-и Б. Меҳточӣ (2018), «Дӯғоб»-и З. Мусо (2018), «Бюнкер»-и Д. Султонӣ (2018), «Кемерово»-и Ф. Ниёзов (2018), «Инсоф»-и Ф. Шеров (2019), «Аз баландии парвоз» (2019) ва «Чорраҳа»-и А. Восидӣ (2020), «Насиб»-и Ш. Арабова (2020), «Охирин сайди сайёд»-и М. Исмоилов (2020), «Бачаи обӣ»-и Ф. Файзов (2020) ва ғ., филмҳои пурранавири ҳунарӣ: «Бачаи обӣ» (муаллиф Н. Раҳмон, коргардон Ф. Файзов; 2020), «Роҳ» (муаллиф С. Ҳақдодов, коргардон Н. Саидов) ва ғ., филмҳои ҳунарии кӯтоҳнавор: «Мӯрча»-и Р. Орифӣ (2013), «Қатора»-и Н. Абдуҷалил (2014), «Ломакон»-и Р. Шоазимов (2014), «Хобидан мехоҳам»-и Ф. Раҳимова (2015), «Дурбин»-и Р. Атоева (2015), «Хонаи меҳр»-и Б. Меҳточӣён (2018) ва ғ., филмҳои мустанад-ҳуҷҷатӣ: «Ангора» (2011), «Маҳбуби дилҳо»-и О. Ҳомидов (2011), «Синамо ва истиқлол»-и Т. Раҳматуллоев (2011), «Бобунаи умедбахш» ва «Мулки зарнисор»-и Б. Сайфиддинов (ҳар ду 2001), «Сайри Бадахшон»-и С. Ҳақдодов ва Г. Дзалаев (2011), «Бодбаракҳои наврӯзӣ»-и Т. Раҳматуллоев (2011), «Кӯлоб»-и (2013) ва «Мӯъминобод»-и Н. Саидов (2013), «Марзбони Ватан»-и Р. Атоева (2014), «Комил» (2016) ва «Нисор»-и С. Солеҳ (2020), «Танҳо осмон баланд»-и Г. Элбаум ва Г. Дзалаев (2014), «Рози тавлид» ва «Фалак»-и Р. Атоева (2015), «Асрори тақдир»-и З. Валӣ, «Достони Роғун» (2016), «Марди роҳ»-и Н. Саидов (2016), «Ҳунарманд»-и Г. Дзалаев (2014), «Лабчанг» ва «Нақшхонӣ»-и Д. Султонов (2017), «Ошёни нур» (2018) ва «100-солагии ВГИК» (2019), «Ҳадди осмонӣ» (2019), «90-солагии «Тоҷикфилм»-и Р. Шоазимов (2020), «Офтоби дӯстӣ» (2018) ва «Сада чашни ниёгон»-и Д. Султонӣ (2018), «Мерос»-и Ш. Чӯраев, «Бохтар. Аз бостон то бӯстон»-и М. Ҳақимзода (2018), «Муроди пешво» (2019), «Ваҳдат» (2020), «Сози мақом»-и А. Зокиров (2020), «Падар»-и Ш. Арабова (2019), «Устод Кимёгаров»-и Ф. Файзов (2020), «Хулбук» ва «Аҷинатеппа»-и Д. Нуруллоев ва Д. Шарифов (ҳар ду 2020), «Ямчун» ва «Карон»-и Б. Қурбонмамадов (2020), филмҳои тасвирӣ: «Буд-набуд»-и Б. Қаҳҳоров (2013), «Ҳамсояҳо»-и Ф. Насруллозода (2014), «Кӯҳистон»-и А. Румянсев (2018), «Алифбо» ва «Зани порсо»-и Ф. Насруллозода (2020) ва ғ. рӯи навор омаданд. Чандин филми тоҷикӣ дар кинофестивалҳои дохил ва хориҷ беҳтарин ҷоизаҳоро созвор гардиданд. «Адонис 14» (филми ҳуҷҷатӣ; Дорандаи ҷоизаи махсуси Кинофестивали Мангейм 1985 (Олмон, 1986), Гран-прии Кинофестивали Берлини Ғарбӣ (1986), Гран-прии Кинофестивали Оденси (Дания, 1987); ҷоизаи махсуси Кинофестивали 42-и байналмилалии Канн (Фаронса, 1988) ва «Гирдбод» (дипломи Кинофестивали байналмилалии «Бастау», Алмато, 1989)-и Б. Содиқов, «Қиёми рӯз» (ду ҷоизаи чашнвораи байналмилалии Кароло дар Ҳиндустон, «Муаллим» (Ҷоизаи беҳтарин нақши мардона дар Кинофестивали даҳани Фаҷри Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар ш. Инсбруки Австрия)-и Н. Саидов, «Худкуш» (се ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии Амрико; American International Film Festival)-и Р. Шоазимов, филми кӯтоҳметражи «Коса» (ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» дар Фестивали кушоди Осиёи Миёнагӣ «Орзу» дар Лондон, ҷоизаи «Беҳтарин асари кӯтоҳ» дар Чашнвораи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ дар Стокҳолм, ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар чашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо»)-и М. Музаффаров ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамкориҳои Муассисаи давлатии киностудияи «Тоҷикфилм» бо киностудияҳои кишварҳои ҳамсоя маҳз (хусусан «Узбекфилм») дар даврони истиқлол вусъат ёфт. Баъди ба имзо расидани созишномаи ҳамкории киностудияи «Тоҷикфилм» бо Узбекистон Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон коргардонҳои кишвари ҳамсояро барои табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷик даъват кард. Ҳамасола дар кишвар рӯзҳои кинои узбекӣ баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику узбек мебошад. Соли 2021 дар заминаи пешниҳоди сарварони ин ду кишвар доир ба таҳия ва эҷоди филми ҳунарӣ дар бораи дӯстии ду халқи бародар, ки дӯстию рафоқати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ маншаъ мегирад, ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра киностудия, киноширкатҳо ва иттиҳодияҳои эҷодии «Синамо» (директор О. Ҳомидов), «Ввис» (роҳбари бадеӣ Б. Худойназаров), «Мовароуннаҳр» (роҳбар Ҷ. Оҳунов), «Ракурс» (роҳбарон М. Юсупова ва З. Исроилов), ҶММ Киносервис (роҳбари сар. Ҳақдодов), «Хаома» (роҳбари бадеӣ Ф. Абдуллоев) таъсис ёфтанд, ки дар асоси базаи техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ истеҳсол мекарданд. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018—2022 соли 2021 2 филми ҳунарии комил, 3 филми мустанад ва як филми тасвириро истеҳсол кардааст.
Ошпазӣ
Хунари ошпазӣ (таомпазӣ)-и тоҷикон таърихи қадима дошта, дар тӯли садсолаҳо ташаккул ёфтааст ва осори хосси фарҳанги моддии мардум мебошад. Тоҷикон аз қадим анвои гуногуни таом, нон, ширинӣ, шарбату нӯшобаҳо доштаанд ва маъхазҳои(сарчашмаи маълумот) бисёр, аз ҷумла «Канзу-л-иштиҳо»-и Абуисҳоқи Атьима (асрҳои 14—15), «Кони лаззат ва хони неъмат»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ (1880–81), ки бавижа дар бораи таърихи таом ва таомҳои тоҷикон навишта шудаанд, маълумот медиҳанд. Возеҳ дар китобаш дар бораи 18 навъи нон, 228 навъи таом, тарзи пухтани 109 навъи таом, 169 намуди ҳалво, 23 навъи очор(сабзавоти ба сирко ё намак хобондашуда), 33 навъи мураббо иттилоъ додааст. Гузашта аз ин, баъзе муҳаққиқони ватанию (М. Ҳомидҷонова, А. Мардонова, Н. Бобоева, Р. Абдулвоҳидов, М. Шовалиева, М. Орипов, С. Аминов, Х. Шарипов, В. Ҳоҷиев ва дигарон) хориҷӣ (В. Наливкин, М. Наливкина, Е. Н. Ершов, Н. А. Кисляков, Е. М. Пешерова, С. Андреев, Р. Л. Неменова, А. Сукерман, А. Ванукевич) мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таомҳои миллии тоҷикиро таҳқиқу тавсиф кардаанд. Дар китобҳои тахассусии Ф. М. Каримов, И. Ғ. Тоҳирзод ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ғизоҳо» (ҷилди 4) роҷеъ ба ҳунари ошпазӣ ва анвои таоми тоҷикӣ маълумоти бештар дода шудааст. Таомҳои тоҷиконро тӯли садсолаҳо таҷрибаи дигар миллатҳои маскуни(ҷой гирифташуда) Тоҷикистон ва халқҳои ҳамҷавори(ҳамсоя, наздик) ӯ боз ҳам ғанитар гардонидаанд. Инчунин, бино бар ҳамсоягию ҳамзистӣ ва муносибатҳову робитаҳои наздик бо миллатҳои дигар монандӣ таомҳои миллии тоҷикиро бо таомҳои ин мардум мушоҳида кардан мумкин аст. Ба сабаби лазизу шуҳрат пайдо карданашон ҳоло баъзе таомҳо ва маҳсулоти қаннодии тоҷикӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз худуди он ҳам пухта мешаванд. Дар айни ҳол таомҳои миллии тоҷикӣ аз таомҳои дигар халқияту миллатҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Ба ин на танҳо расму анъана, балки шароити ҷуғрофиёву иқлим, инчунин мавҷудияти захираҳои хӯроки маҳаллӣ мусоидат намудаанд. Хусусиятҳои иқлими минтақаҳои Тоҷикистон ба вояи хӯрок ва анвои таомҳои тайёркардашаванда таъсир мерасонанд. Таомҳои миллии тоҷикӣ хусусияти хосси худро доранд ва аз қадим бо таъму бӯйи хосси худ фарқ мекунанд. Онҳо хуштаъму сергизо, аз витаминҳо ва моддаҳои фаъоли барои андомгон(организм) муфид ва давой ғанӣ мебошанд. Дар таоми тоҷикӣ маҳсулоти гӯштӣ бештар ва моҳӣ, тухм, навъҳои гуногуни ярма камтар ба кор бурда мешаванд. Пухтани таомҳо аз биринҷ, мош, лӯбиё, нахӯд, ҷувории сафед ва орд маъмул аст. Аз сабзавот бехпиёз, сабзӣ, картошка, шалғам, қаду, турб; аз равғанҳо — равғани дунба, равғани зард, инчунин равғани пахта ва зағирро васеъ истифода мебаранд. Хусусияти дигари таомҳои тоҷикӣ таъми тез ва бӯйи хуши иштиҳоангез мебошад, ки бо илова кардани кабудӣ ва адвиёт(гиёҳони муъаттар, ки барои ъатру таъм додан ба ғизо аз онҳо истифода мешавад) медиҳанд. Аз кабудию алафҳо бештар пудина, сиёҳалаф, райҳон, юнучка, ғашнич, хулбӯ, чағ-чағ, коку, шилха, чукрӣ, торон, рошак, косруф, шибит, пиёзи сабз, ҷаъфарӣ, ҷамбилак, шибитакро истифода мекунанд. Аз адвиёт зира, зарчӯба, дорчин, зирк, бодиён, қаламфури сурх, мурч, сир ва сиркоро ба кор мебаранд. Дар таомҳои миллӣ маҳсулоти ширӣ — чурғот, чакка, дӯғ, курут (дар зимистон аз он курутоб ва дигар таомҳо тайёр мекунанд)-ро васеъ истифода мебаранд. Палав, анвои шӯрбо, шӯла, ширбиринҷ, мастоба, угро, манту, тушбера, курутоб, суманак, санбӯса, гӯштбирён, кабоб, тухмбирён ва бисёр дигар таомҳои миллии тоҷиконро метавон зикр намуд, ки пухтани онҳо ҳамчун ҳунари суннатии аҷдодӣ то имрӯз ба мерос мондаанд. Дар даврони истиқлол анвои таоми миллӣ, ки то ин замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар муҳити хонаводаҳо боқӣ мондаанд, аз тариқи баргузории озмуну фестивалҳои таомҳои миллӣ эҳё гардиданд. Оши палав, ки ҳамчун «Шоҳи дастархон»-и миллати тоҷик эътироф шудааст, дар ҳар ҷашну маросим пухта мешавад ва соли 2016 ҳамчун падидаи нодири иҷтимоиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ ба феҳристи ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар Тоҷикистон солҳои ахир фестивал ва сабкату ҷашнҳои таомҳои миллӣ, махсусан оши палави беҳтарин дар пойтахт ва маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мешавад ва ошпази беҳтарин бо тӯҳфа ва диплом қадрдонӣ мегардад. Фарҳанги ошпазӣ ҷузъе аз анъанаи фарҳангии меҳмоннавозии тоҷикон мебошад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 690.
Сирки тоҷик
Сирки тоҷикӣ ба таърихи бисёрасра ва анъанаву маросимҳои халқӣ, санъати мусиқӣ ва хореография робитаи зич дорад. Рақсҳои пантомима («Уқоббозӣ», «Рӯбоҳбозӣ») ва рақсҳои ифодакунандаи шуҷоату мардонатӣ («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ», «Оташбозӣ»), инчунин куштигирӣ, аспдавонӣ, қувваозмоии паҳлавонон ва дигар машқҳои мураккаби ҷисмонӣ дар пайдоиши сирки тоҷикӣ нақши муҳим доранд. Маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷузъиёти алоҳидаи рақсу дигар ҳунарнамоҳои халқӣ аз нахустин падидаҳои онанд. Намоиши фардию гурӯҳии ҳунармандони халқии аҷдоди тоҷикон як навъ тамошои сиркӣ буд. Унсурҳои сиркӣ дар ҳунарнамоиҳои намояндагони театрҳои халқӣ (шуъбадабозон) мушоҳида мешаванд ва ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон вобастагӣ доштанд. Баъдан аз ин унсурҳо навоҳо ва жанрҳои сиркӣ (ҳусусан дар шаҳрҳои калон) ташаккул ёфтаанд. Анъанаҳои неки мардуми тоҷик, ки дар иду ҷашну маросимҳои миллӣ ифода меёфтанд, барои такомул ва тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ – асптозӣ, куштигирӣ, бузкашӣ, дорбозӣ, шуъбадабозию масхарабозӣ, анвои мухталифи рақсҳо (шамшербозӣ, уқоббозӣ, калтакбозӣ ва ғ.) ва ромкунии ҳайвоноту парандагон (аксаран хирс, паланг, юз, оҳу, маймун, фил, гурба, кабк, хурӯс) мусоидат намудаанд. Навъҳои гуногуни акробатика (дорбозӣ) ва жонглёрӣ – кордбозу тосбоз вуҷуд доштанд; кордбоз бо 2–6 корд ҳунарнамоӣ мекард: бо ду даст якбора 4 кордро ба боло партофта, якеро паи дигаре мегирифту боз ба боло мепартофт; чӯбпой бо пойҳои чӯбини 2–3-метрӣ ҳаракатҳои гуногун нишон медод; дорбозон аз болои симтаноб ё арғамчин ҳунарнамоӣ мекарданд; намояндагони найрангҳои мухталиф (аз даҳон чун аждаҳои афсонавӣ алов мебароварданд) ҳунарнамоӣ мекарданд. Нависандаи машҳури асри 16 Восифӣ дар китобаш «Бадоеъу-вақоеъ» ҳунарнамоиҳои мухталифи ромкунандаи машҳури он давр Бобо Ҷамол (шутур, хар ва парандаҳо)-ро (чунончи, бузи калони хокистарранги ришдароз беғалат чизҳои нишоншударо меёфт; хари ромшуда ҳаракатҳои ҳайратоварро нишон медод ва таҳти зарби мусиқӣ мерақсид) ёдоварӣ кардааст. Баъзан ҳунарпешагони сирк ба қасд муллоҳо ва мансабдоронро масхара мекарданд. Баъзе аз навъҳои барномаҳои сирки куҳан дар сирки муосир низ истифода мешаванд. Сирки тоҷик дар даврони шӯравӣ. Баъди Инқилоби Октябр барои равнақу такомули ҳунарҳои халқӣ шароити бештар фароҳам оварда шуд. Ба рушди сирки тоҷикӣ асосан сирки русӣ ва санъати сирки ҷумҳуриҳои ҳамсоя мусоидат кардааст. Гурӯҳи ҳунарпешагони сирки касбии русӣ аз ҷумла Ф. Юпатова, А. Панкратова, Н. Жигалова, Е. Козелкова, Тарасовҳо, Буслаевҳо, Денисовҳо ва дигарон ба сарзамини тоҷикон омада, дар ҳар ҷо (бозорҳо, кӯчаҳо) ҳунарнамоӣ мекарданд. 2 июни соли 1929 аввалин ҳайати сирки давлатӣ ташкил шуда, А. Роберт роҳбари он тайин гардид. Сипас бо тасдиқи Коллегияи Комиссариати халқии маориф дар маркази шаҳри Душанбе (ҷои имрӯзаи Театри давлатии лухтак) бинои нави сирки давлатӣ сохта шуд. Аз соли 1933 бо мадади ҳунарпешагони сирки русӣ аз ҳисоби тоҷикон ҳунарпешагони жанрҳои мухталифи сирк тайёр карда шуданд (М. Зикриёев, Ш. Абдуллоев, Н. Мамадраҳимов). Онҳо гимнастикаи ҳавоӣ ва баъзе навъҳои дигари санъати сиркро аз худ намуданд. Нахустин бор ҳунарпешагони сирки тоҷикӣ соли 1930 ба шаҳри Қаршӣ (Ӯзбекистон) ба сафари ҳунарӣ рафтанд. Соли 1935 Ж. Вилямс директори Сирки Сталинобод (ҳоло Душанбе) тайин гардид. Бо ташаббуси ӯ соли 1937 аввалин бор омода кардани кадрҳои маҳаллӣ пешниҳод шуд. Соли 1966 бо иқдоми дорбози машҳури тоҷик В. Валиев барномаи алоҳидаи сиркии «Бозиҳои миллии тоҷик» таҳия ва танзим гардид. Соли 1968 Сирки давлатии тоҷик ва сипас дар назди он студияи махсуси сиркии дусола таъсис дода шуд, ки аз байни 700 нафар довталаб 70 нафар ҷавони лаёқатмандро қабул намуд. Дар ҳайати он С. Қодирзода (масхарабозу аскиягӯй), М. Зикриёев, А. Шерозӣ, М. Нозим, Х. Қӯлизода ва дигарон буданд. Аз тамоми гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ устодони машҳури сирк – Артисти хизматнишондодаи ҶШС Молдавия, коргардон В. Херс, устодони соҳибтаҷрибаи сирк – Д. Барон, Р. Словский, В. Воробёв, С. Понукалин, Э. Шнейдер ва дигарон даъват шуданд. Роҳбари бадеии ҳайати сирки нави тоҷикӣ таҳиягари номӣ, таъсисдиҳанда ва роҳбари чанд дастаи сиркӣ, шуъбадабоз, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Литва Н. П. Барзилович тайин гардид. Таълим на танҳо малакаҳои маъмули аврупоӣ, балки анъанаҳои миллии сиркро низ дар бар мегирифт. Баъзе донишҷӯёни студия дар сиркҳои Қазон, Тифлис, Иркутск, Ашқобод ва дигар шаҳрҳо таҷриба меомӯхтанд. Соли 1970 як гурӯҳ ҳунарпешагони ҷавон бори нахуст бо барномаи «Баҳодурон» дар шаҳри Минск ҳунарнамоӣ карданд. 22 апрели ҳамон сол дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши аввалин барномаи ҳайати сирки миллӣ «Наврӯз» баргузор гардид. Дар ин давра дар саҳнаи Сирки тоҷикӣ як зумра ҳунармандон камол ёфтанд ва баъди тамрину ҷустуҷӯи бозёфтҳои эҷодӣ гимнастҳо, ширинкорону дорбозон бо барномаи «Саҳнаи дӯстӣ» ба шаҳрҳои Кемерово, Кузбасс, Иркутск, Минск, Тбилиси, Ашқобод, Тошканд ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафарҳои ҳунариву эҷодӣ намуданд. Аз байни онҳо Ҳайитбоевҳо, М. Қодиров, Н. Алиев, Н. Аҳмадова, Т. Холматов, Ю. Зубов, Ҷ. Олимов, Р. Рискуллоева ва дигарон аз беҳтаринҳо буданд. Солҳои баъдӣ «Корвони кӯҳистони Помир»-и ромкунанда П. Юсупов, «Рақси рӯи симтаноб»-и Р. Рискуллоева ва Т. Ёқубов, «Нардбони муаллак»-и Н. Аҳмадова, ансамбли «Дӯстон»-и дорбоз Н. Алиева, «Духтари кузабадаст»-и М. Қодирова, «Чобуксаворон»-и С. Беҳбудӣ ва дигар барномаҳои ҷолиби ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дили мухлисони санъати сиркро тасхир намуданд. 22 декабри 1977 ҳунарнамоии ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дар бинои нави сирк (барои 2000 ҷои нишаст) баргузор гардид. Шароити нави мусоид ба рушди санъати сирк мусоидат намуд. Ҳунарпешагони он дар Ленинград, Волгоград, Свердловск, Челябинск, Саратов, Тбилиси, Венгрия, Чехословакия, Олмон, Мӯғулистон, Полша, Амрико бо муваффақият ҳунарнамоӣ менамуданд. Барои саҳми басазо гузоштан дар рушди санъати сирки миллӣ П. Юсупов сазовори унвони Артисти халқии Тоҷикистон, Н. Алиева, С. Беҳбудӣ, В. Валиев, Д. Барот – Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон гаштанд. Дар ин давра ба барномаҳои сирк барномаҳои нави дорбозон, йогаи ҳиндӣ, оташбозӣ, вазнбардорӣ, кашидани автомобил бо зӯри дандонҳо, рақс дар рӯи шишапораҳо ворид гардиданд. Сирки тоҷикӣ дар даврони истиқлол. Ба рушду нумӯи сирки тоҷикӣ дар даврони истиқлол қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри 2001 мусоидат намудааст. Дар ин давра дар назди Сирки давлатии Тоҷикистон студияи ҳунарҳои сиркӣ кушода шуд ва аввалин роҳбари он А. Раҷабов (ҳоло директори Сирки давлатии Тоҷикистон) таъйин гардид, ки минбаъд шогирдонаш ба саҳнаи сирки тоҷик ва ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд. Ҳунарпешагони сирк дар ҳамаи ҷашнҳо ва тадбирҳои фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат менамоянд. Онҳо ҳамасола ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарҳои ҳунарӣ мекунанд. Дар даврони истиқлол беш аз 20 ҳайати сиркҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон даъват шуда, бо ҳунарнамоии худ хотири ҳазорон шаҳрванди пойтахтро шод гардонданд. Дар давоми солҳои 2001-20 барномаҳои мукаммали сиркӣ таҳия ва пешкаши мухлисон гардиданд, аз ҷумла: «Афсонаи солинавӣ», «Марҳабо, Соли нав», «Наврӯзи диёр», «Наврӯзи дилоро» ва «Парвози хаёл». Сафари ҳунарии ҳунармандони сирки тоҷик ба Анталия, Дубай, Покистон, Чин ва ду бор сафари ҳунармандони Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дар фестивалҳо фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо гардидаанд: Луганск (соҳиби ҷои аввал, 2018), Қазоқистон (ҷоизаи махсус, 2019), Беларус (дипломат аз тарафи намояндаи Испания; ҷоизаи «Elefant de Bronze», 2019), Испания (ҷоизаи «Premi de la Critica», 2019), Ветнам (соҳиби ҷои севум, 2019) ва соли 2020 дар шоу-барномаи сиркии ҷоизадор дар Португалия ширкат кардааст. Ҳоло (2021) дар Сирки давлатии Тоҷикистон 130 нафар (45 нафар ҳунарпеша, 5 нафар ҳайати эҷодӣ, 15 нафар дар студияи назди сирк) фаъолият доранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 688.
Опера
Унсурҳои опера дар санъати сарояндагии бостонии тоҷик бештар дар драмаҳои мусиқии халқӣ дида мешаванд. Дар яке аз онҳо – «Муғулча» (аз тарафи се ё чор ҳаваскор таҳти ҳамовозии ҳамин қадар навозанда дар ҷашнҳои оилавию мардуми Бадахшон суруда мешуд) аз оғоз то ба охир нақши Домод вокалӣ буда, нақши Муғулча танҳо ба воситаи рақс иҷро мегардид. Нахустнамоиши аввалин операи тоҷикӣ «Шӯриши Восеъ» 16 октябри 1939 баргузор гашт. Намоиши мусиқии «Лола» («Тюлпан», мусиқии С. А. Баласанян ва С. Ю. Урбах, 1939) барои ба вуҷуд омадани нахустин опера ва балети тоҷик замина гузошт. Соли 1940 Театри мусиқии тоҷик ба Театри опера ва балет (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) табдил дода шуд. «Шӯриши Восеъ» (таҳияҳои нави он солҳои 1941, 1945, 1958, 1974) нахустин операи миллӣ буд. Ба саҳна омадани операи «Евгений Онегин» ба забони тоҷикӣ (1946) аз баланд рафтани сатҳи маҳорати ҳунарпешагон (Онегин – А. Муллоқандов, А. Наматиев; Татьяна – Т. Фозилова, Р. Ғолибова) гувоҳӣ медод. Барои театри опера ва балети тоҷик ба саҳна гузоштани асарҳои П. И. Чайковский мактаби бузурги мусиқии касбӣ гардид. «Модари қарамашшоқ» («Пиковая дама» 1948, 1958, 1968, 1991) идомаи кор аз рӯи асарҳои П. И. Чайковский буд. Дар саҳнаи театри опера ва балет асарҳои «Афсона дар бораи шоҳ Султон» (1949), «Шаби моҳи май», (1950), «Аруси шоҳ» (1953, 1973), «Мосарт ва Салери» (1983), операҳои «Княз Игор»-и А. Бородин (1949, 1953, 1980), «Парии обӣ»-и А. Даргомижский (1951, 1984), «Азозил»-и А. Рубинштейн (1955, 1982), «Мазепа» (1956) ва «Ярмаркаи Сорочинск»-и М. Мусоргский (1971), «Иван Сусанин»-и М. Глинка (1967), «Алеко»-и С. Раҳманинов (1968, 1996) намоиш дода шуданд. Барои бачагон операҳои «Кулоҳсурхак»-и И. Кюи (1956, 1969, 2001), «Рӯбоҳи фиребгар»-и М. Светков (1961), «Сафедак»-и Э. Колмановский (1975), «Кафши тилоӣ»-и А. Спадавекқиа (1988), «Карлик-бинӣ» (1994), «Нозанин ва ваҳшӣ»-и Т. Шаҳидӣ (1995) ва дигарҳо офарида шуданд. Дар рушди санъати опера таҳиягарон Р. Корох, Н. Фрид, А. Баранников, Б. Мартов, А. Бакалейников, А. Макаревский, С. Усмонов, Ш. Низомов ва дигарон, дирижёрон В. Чернов, Л. Левин, Г. Рисман, Э. Айрапетянс, Д. Далгат, И. Чудновский, И. Абдуллоев, А. Ниёзмамадов, Б. Меробов ва дигарон, хормейстерҳо К. Марожников, Х. Муллоқандов, А. Мелехин, Х. Маҷидов ва монанди инҳо саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҳунарпешагони рус Г. Лерская, С. Зарифян, Г. Бенеманская, С. Баринский, Н. Чередникова, В. Дубовик, Р. Волберг, А. Матеосов, В. Ризванович, В. Першина, Н. Бесстрашнов, Л. Нерсесова, Ю. Ягунова, Н. Карасева, Г. Зорина, Н. Буряк, Н. Свешникова, В. Свиридова, Р. Соколская, А. Денисов, Е. Андреев, Г. Федюк ва мисли инҳо дар саҳнаи Театри опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ намуданд. Операҳои Ш. Сайфиддинов– «Рӯдакӣ» (1976) ва «Айнӣ» (1978) симои барҷастаи асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик ва нависандаи забардасти асри 20-и тоҷикро нишон додаанд. Асарҳои бадеӣ низ маводди хубе барои операҳои Д. Дӯстмуҳаммадов «Лаънаткардаи халқ» (1973) ва «Қишлоқи тилоӣ» (1981) гаштанд. Афсонаи халқии «Бузаки чингилапо» барои Ф. Одинаев баҳри офаридани операи ҳамноми кӯдакона (1987) асос гардид. Охири асри 20 ва ибтидои асри 21 операҳои «Амир Исмоил»-и Т. Шаҳидӣ (1999) ба муносибати 1100-солагии Давлати Сомониён ва операи нави «Рустам ва Суҳроб»-и Т. Сатторов (2001) аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рӯи саҳна омаданд. Х. Мавлонова аввалин зани тоҷик аст, ки санъати вокалиро аз худ намуда, беҳтарин шоҳкорҳои операи классики ҷаҳониро (Тоска, Аида, Лиза, Дездемона, Ярославна, Мария ва дигарон) иҷро кардааст. Вай эстафетаро аз нахустин сарояндагони операи тоҷик Т. Фозилова, Р. Ғолибова, А. Бобоева қабул намуда, ба қуллаҳои баланди санъати опера расонд. Солҳои 2004–16 дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷики ба номи С. Айнӣ коргардони итолиёвӣ Ч. Колела бо ҳамкории коргардонҳои театр С. Темурова ва Ш. Низомов оперераҳои «Аида»-и Ҷ. Верди, «Богема»-и Ҷ. Пуччини (ба забони итолиёвӣ), «Кармен»-и Ж. Бизе (ба забони фаронсавӣ), «Бастиен ва Бастиенна»-и В. Мотсарт (ба забони олмонӣ)-ро ба саҳна гузошт. Дар давоми солҳои 2004–20 операҳои тозаҷоди оҳангсози маъруф М. Бафоев «Шайҳуррайс Абӯалӣ ибни Сино» (либреттои К. Олимов), асарҳои классикии ҷаҳонӣ «Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Россини, «Трубадур»-и Ҷ. Верди намоиш дода шуданд. Дар мавсими театрии соли 2014 операи нави М. Бафоев (либреттои Низом Қосим) дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Борбади Марвазӣ манзури тамошобинон гардид. Дар давоми солҳои 2020–21 театр афсонаҳои «Хонаи Заргушбибӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов (либреттои Н. Бақозода), «Рӯбоҳи ҳилагар»-и М. Светаева, «Бузаки чингилапо», «Сафедак», «Буратино» ва ғ., операҳои «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, «Хусрав ва Ширин»-и А. Мусо, опереттаҳои «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Дугонаҳо», «Кони пурганҷ», «Маликаи чардаш»-и И. Калман ба саҳна гузошта шуданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 683.
Санъати балет
Балети тоҷик дар натиҷаи анъанаҳои ғании рақси миллӣ ва омӯхтану истифодаи таҷрибаи хореографияи русӣ ва ҷаҳон ба вуҷуд омадааст. Унсурҳои миллии балет қарнҳои зиёд дар рақсҳои халқӣ ва классикии тоҷикӣ («Кордбозӣ», «Калтакбозӣ», «Нағорабазм» ва ғ.) вуҷуд доштанд, ки ҳангоми сайругаштҳои халқӣ ва баргузории ҷашнҳо иҷро мешуданд. Баъди барпо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар заминаи балети классикӣ ва санъати рақси миллӣ балети касбии тоҷикӣ таваллуд ёфт. Соли 1936 дар назди Театри мусиқии тоҷик (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) таҳти сарварии иҷрокунандагони моҳири рақси миллӣ Ғ. Валаматзода, А. Исҳоқова, С. Хоҷаев, М. Файзибоева, Г. Пассаров, Ӯ. Ҳомидов ва дигарон гурӯҳи рақсӣ таъсис дода шуд, ки барои драмаҳои мусиқӣ («Восеъ»-и С. Баласанян, «Лола»-и С. Урбах ва С. Баласанян ва ғ.) саҳнаҳои рақсӣ меофариданд. Баъди ба Тоҷикистон омадани балетмейстерҳои рус (1936) дар баробари омӯхтани рақси тоҷикӣ аз балети классикӣ низ машғулиятҳо доир мешуданд. Нахустин кори мукаммали гурӯҳи балетӣ «Шаби балет» (1939) буд. Барномаҳои рақсӣ («Гулсара», «Лола»), саҳнаҳои хореографии операҳои нахустини тоҷикӣ («Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар») барои намоишҳои ояндаи балет дар саҳнаи тоҷикӣ асос гузоштанд. Дар театр омӯзиши нозукиҳои балет ва рақси классикӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1941 ҳайати эҷодӣ аз намоиши саҳнаҳои ҷудогонаи хореографӣ ба балет гузашт. Нахустин балети тоҷик «Ду гул» (мусиқии А. Ленский, устоди рақс К. Голейзовский) ном дошт, ки дар заминаи омезиши устокоронаи санъати балет ва рақси миллии тоҷикӣ эҷод шудааст. Дар он аввалин ҳунарпешагони балети тоҷик А. Азимова, А. Исҳоқова, О. Исомова, Ғ. Валаматзода, М. Қобилов, У. Рабимов, С. Баҳор ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Минбаъд театр «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Гертел (1943), «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев (1945), «Кӯли қувон»-и П. Чайковский (1947, 1956, 1962, 1983) ва дигар балетҳоро манзури бинандагон менамуд. Балеринаи тоҷик Л. Зоҳидова нахустин ҳунарпешаи тоҷик аст, ки сазовори унвони Артисткаи халқии ИҶШС гардид. Соли 1947 Ғ. Валаматзода дар саҳнаи Театри опера ва балети тоҷик «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанянро таҳия намуд. Соли 1949 муаллифон ва иҷрокунандагони асосии ин намоиш С. Баласанян, Ғ. Валаматзода, Е. Чемодуров, Л. Зоҳидова ва М. Қобилов ба дарёфти Мукофоти давлатии ИҶШС мушарраф гардиданд. Баъдан балети тоҷикӣ ба мавзӯъҳои таърихию қаҳрамонӣ, ишқию афсонавӣ ва ғайра рӯй овард. Балетҳои «Дилбар»-и А. Ленский, «Афсонаи кӯҳистон», «Писари Ватан» ва «Винни Пух ва ҳама чиз»-и Ю. Тер-Осипов, «Темурмалик»-и М. С. Ашрафӣ ва «Алибобо ва чиҳил роҳзан»-и Г. Александров аз ҷумлаи онҳо буданд. Инчунин осори классикон («Шелкунчик»-и П. Чайковский, «Жизел»-и А. Ш. Адан, «Ромео ва Ҷульетта»-и С. Прокофьев, «Дон Кихот»-и А. Минкус, «Болеро»-и М. Равел, «Хонум ва авбош»-и Д. Шостакович) ба ғанишавии репертуар ва сайқал ёфтани маҳорати эҷодии артистони балети тоҷик боис шуд. Солҳои 1958—1961 ба ҳайати эҷодии Театри опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ як гурӯҳ хатмкардагони студияи тоҷикии омӯзишгоҳи хореографияи Ленинград (ҳоло Академияи балети рус ба номи А. Ваганова): Б. Исаева, М. Собирова, Ш. Турдиева, Г. Головянс, Л. Гусакова, Н. Мадёрова, М. Бурҳонов, Қ. Холов ва дигарон ҳамроҳ шуда, намоишҳои нав: «Шурале»-и Ф. Ярулин (1962), «Бо роҳи озарахш»-и Қ. Қароев (1963); «Класс-концерт» аз рӯи мусиқии оҳангсозон (1972); «Маскарад» (1973), «Офариниши олам»-и А. Петров (1982) ва барномаи классикӣ — «Шопениана» (1961), «Шелкунчик» (1971, 1991), «Нозанини хуфта»-и П. И. Чайковский (1975), «Баядерка»-и Л. Минкус (1974), барои бинандагони хурдсол намоишҳои «Духтур Айболит»-и Н. Морозов (1952, 1963, 1977, 1992), «Петя ва гург», мусиқии С. Прокофьев (1963), «Буратино»-и Н. Собитов (1965, 2001), «Оҳуи тилоӣ» (1969), «Алибобо ва роҳзанҳо»-и Г. Александров (1983), «Хурдакак ва Карлсон» (1977) ва «Винни Пух ва ҳама»-и Ю. Тер-Осипов (1981), «Найи сеҳрнок»-и М. Атоев (1985), «Маликаи барфин»-и К. Тушен (1988) ва ғ.-ро ба саҳна гузоштанд. Июни 1977 ҳайати ҳунарпешагони балети тоҷик дар Фестивали байналхалқии «Куопио мерақсад» (Хелсинки) иштирок намуда, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян ва «Жизел»-и А. Ш. Аданро намоиш доданд. Инчунин дастаи ҳунарии балети тоҷикӣ он солҳо дар чандин мамлакати ҷаҳон — Малайзия, Сингапур, Тайланд, Ҳиндустон, Покистон ва ғ. ҳунарнамоӣ карда, бо муваффақиятҳои калон баргаштаанд. Дар рушди санъати балети тоҷикӣ саҳми М. Собирова хеле бузург аст. Ӯ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 60–90 дар барномаи театр балетҳои нави миллӣ: «Қиссаи кӯҳсор» (1964) ва «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов (1967, 2000); «Темурмалик»-и М. Ашрафӣ (1972), «Марги судхӯр» (1978), «Достони кӯҳсор» (1985) ва ғ. пайдо шуданд. Барномаи театриро классика («Калисои модархудои Порис»-и С. Пуни, 1989), асарҳои муаллифони муосир («Кармен сюита»-и Ж. Бизе ва Р. Щедрин, 1981; «Макбет»-и К. Молчанов, 1984; «Ситора ва марги Хоакин Мурет» ба мусиқии А. Рибников, 1987; «Павана мавра»-и Г. Пёрселл, 1988; «1001 шаб»-и Ф. Амиров, 1986 ва ғ.) оро медоданд. Дар намоишномаҳои хореографии театри тоҷикӣ ҳунарпешаҳои Театри калони Маскав М. Кондратова, Е. Рябинкина, Г. Ледях, Б. Хохлов; Санкт-Петербург И. Колпакова, С. Викулов, Н. Кургапкина, Ф. Рӯзиматов; театри Ереван В. Галстян; балеринаи итолиёвӣ Л. Кози ва дигар ҳунармандони балети хориҷӣ иштирок намудаанд. Майи 1989 дар ш. Душанбе нахустин Озмуни минтақавии артистони ҷавони балет ба номи М. Собирова баргузор гардид. Соли 1991 ин озмун байналмилалӣ гардида, довталабонро аз бисёр шаҳрҳои ҷаҳон ҷамъ овард. Балети тоҷик дар давраи истиқлол. Баъди соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон балети миллӣ бино бар ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ муддате ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, аксари раққосони таҷрибадида саҳнаро тарк карда, қисмате аз ҷумҳурӣ ҳиҷрат намуданд. Баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ якчанд тадбирро ба нақша гирифтанд. Бинои театр таъмиру тармим гардид ва гурӯҳи эҷодии боқимонда сарфи назар аз душвориҳо корро идома дод. Дар давоми чанд соли ахир балети тоҷикӣ мутахассисони ҷавонро ҷалб намуда, як силсила асарҳои нав, аз ҷумла: «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Л. Гертел (1990), «Юсуф ва Зулайхо»-и Т. Шаҳидӣ (аз рӯи достони Абдурраҳмони Ҷомӣ, 1991), «Сиёвуш» (муаллиф ва устоди рақс С. Азаматова) ва «Мақоми ишқ»-и Ф. Баҳор (1992), «Гули анор»-и Ю. Мамедов (1993), «Хоби ҳайкалтарош» дар асоси мусиқии Ф. Лист (1997), «Карашмаҳои муҳаббат»-и В. Мотсарт, «Буратино»-и Н. Собитов, «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов ва ғ.-ро ба намоиш гузошт. Як зумра раққосу раққосаҳои ҷавон ба арсаи ҳунар баромаданд. Тӯли солҳои ахир ҳайати эҷодии театр балети «Шелкунчик»-и П. И. Чайковский ва балет-ораторияи оҳангсози маъруфи тоҷик Ф. Баҳор «Мақоми ишқ»-ро ба саҳна гузошт. Ин намоишномаро ҳайати эҷодии театр моҳҳои июн–июли 2014 ҳангоми сафари ҳунарӣ дар ш. Берлин (Олмон) ба тамошобинон пешкаш кард. Соли 2018 барои дӯстдорони санъати касбӣ намоиши бачагонаи «Буратино», инчунин (2019) балетҳои «Шелкунчик»-и П. И. Чайковский ва «Золушка»-и С. Прокофев, «Хусрав ва Ширин»-и А. Мусоев, «Хонум Пик»-и П. Чайковский (2020) манзури тамошобинони ҷавону наврас гардонида шуданд. Баҳри баланд бардоштани сатҳи санъати балет дар давраи истиқлол бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Коллеҷи ҷумҳуриявии хореография ба номи М. Собирова (аз 2007) таъсис дода шуд, ки барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ мутахассисони касбии соҳаи хореография омода мекунад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 681–682.
Санъати рақс
Рақси халқии тоҷикӣ таърихи хеле қадим дошта, то ба шакли имрӯза расиданаш таҳаввулоти басо мураккаб ва роҳи дуру дарозро тай кардаву аз насл ба насл гузаштааст. Ёдгориҳои бостонии санъати тасвирӣ ва маъхазҳои хаттӣ аз густариши рақс дар ҳаёти гузаштагони мо шаҳодат медиҳанд. Унсурҳои қадимтарини рақси тоҷикӣ дар тасвирҳои рӯи сангҳо мушоҳида мешаванд. Дар байни 3500 тасвири рӯи сангии аз дараи Сармисои ҷанубии Қаротоғ ёфтшуда тасвирҳои раққосон низ ба назар мерасанд, ки ба асрҳои 3–2 то м. мансубанд. Олимон дар баландии 3000 м аз сатҳи баҳр, дар силсилакӯҳҳои Фарғона шумораи зиёди тасвирҳои рӯи сангро пайдо намудаанд, ки дар яке аз онҳо саҳнаи рақси маросими динӣ ва одами доирабадаст тасвир шудааст. Дар осори классикони форсу тоҷик ҳангоми тавсифи зиёфат ва сайру гаштҳо на танҳо номгӯи созҳои қадимии мусиқӣ, балки маълумот оид ба раққосу раққосаҳо низ ба назар мерасанд. Дар асри 15 дар қасрҳо ва майдонҳои шаҳрҳои бузург базмҳои боҳишмат ва саҳнабоб баргузор мегардиданд, ки дар онҳо раққосон муттасил ширкат доштанд. Онҳо таҳти навозиши 3–4 мутриб, гоҳе яккаса ва гоҳе дукаса мерақсиданд. Мас., дар минётуре, ки рассоми бухороӣ барои «Хамса»-и Низомӣ кашидааст, манзараи тӯи Искандари Зулқарнайн бо Равшанак акс ёфтааст. Як гурӯҳ занони тамошогар рӯи гилеми нақшин нишастаанд. Раққоса таҳти доиразании зане бо шавқу ҳавас ва илҳом дар сараш тоқӣ, аз болои он чодари нозук, дар тан камзӯл, миёнаш бо камарбанде баста шуда, дасти чапаш нимқат боло ва дасти росташ андак поин мерақсад. Аз ин маълум мегардад, ки дар замонҳои пеш аз милод низ рақс сабку услуби хосса дошта, ҳар як ҳаракату ишораи дасту пайкар, рамзеро ифода мекардааст. Санъати рақс дар давраи юнонию бохтарӣ низ вуҷуд доштааст. Тасвири раққосаҳо дар чандин ёдгории давраи Сосониён (асрҳои 3–7) низ мушоҳида мешавад. Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» дар бораи сарояндагон ва раққосони замони худ ёдоварӣ кардааст, ки Мақсудалӣ, Тоҳири Чакка, Моҳчучук ва дигарон аз беҳтаринҳо будаанд. Унсурҳои рақси мардумӣ аз урфу одат, расму оин, ҳаракату рафтор ва дигар сарчашмаҳо манбаъ гирифта, вобаста ба ҳар минтақаву ноҳия шакл ва иҷрои ба худ хосро касб кардааст. Вобаста ба мазмун, мавзӯъ, шакл, табиату хислат, сохт, тарзи иҷро рақси халқии тоҷикӣ ба якчанд гурӯҳ тақсим мешавад: рақси имову ишоравӣ, рақсҳои маросимӣ, рақсҳои корӣ, рақсҳои ҷанговарона, рақс бо созе, рақсҳои хандаовар, рақсҳои тақлидомез ва ғ. Ҳар як намуди рақс на танҳо аз ҷиҳати шакл ва ҳаракатҳои хос, балки тарзи истифода бурдани мусиқӣ ё суруд фарқ мекунад. Қисме аз намуди рақсҳо барои мардҳо ва қисми дигараш барои занон, вале аксарашон барои ҳар ду ҷинс яксонанд. Дар байни инҳо рақси имову ишоравӣ хеле қадимист. Тарзи иҷрои ин рақс чунин аст: иҷрокунанда ба сару рӯяш ниқоб пӯшида, бо ҳаракатҳои махсуси мазмундор рафтору кирдори ҳайвоноту парандаро тақлид менамояд (чунончи, «Лақлақбозӣ», «Уқоббозӣ», «Шербозӣ», «Рӯбоҳбозӣ» ва ғ.). Рақсҳои маросимӣ вобаста ба анъанаи расму оинҳои гуногун пайдо шудаанд. Дар баъзе деҳаҳои Рӯшону Бартанги ВМКБ рақсе ба номи «Пойамал», дар водии Зарафшон бо номи «Гира» (Гиря), дар Панҷакент бо номи «Садр» вуҷуд дорад, ки хешовандон (хусусан занон) дар рӯзи дафни мурда якҷо иҷро мекунанд. Рақсҳои вобаста ба фаъолияту касб – «Гилембофӣ», «Рағзабофӣ», «Арғушти ошпазӣ», «Шибитз» низ хеле қадимианд. Рақсҳои «Пила», «Пахта», «Боғбон» дар ибтидои асри 20 саҳнагузорӣ шудаанд, ки бахшҳои гуногуни зиндагии мардумро нишон медиҳанд. Рақсҳое, ки шуҷоату мардонагиро ифода мекунанд, бо ҳаракатҳои қавӣ, чархзаниҳои босуръат ва истҳои ногаҳонӣ иҷро карда мешаванд («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ» ва ғ.). Рақсҳое низ ҳастанд, ки бо абзоре (масалан, чумча, кӯза, чойник, тоқӣ ва ғ.) иҷро мешаванд. Баъзе рақсҳо хусусияти театрӣ дошта, саҳнаи мустақили хореографиро ба хотир меоранд («Аспакбозӣ», «Уштурбақатор», «Кемабозӣ»). Дар ин рақсҳо унсурҳои драмавӣ ва санъати сирк бо ҳам омезиш ёфтаанд. Рақсҳои тоҷикӣ дар намоишҳои театри масхарабозон, театри халқии лухтакбозӣ, сирки халқии пойчӯбинбозҳо, табақбозҳо, дорбозҳо, ки рӯи арғамчин ҳар гуна ҳаракатҳои мураккабро бо рақс мепайвастанд, истифода мешуданд. Дар драмаҳои мусиқии халқӣ («Бобопирак», «Муғулбозӣ») рақс аз василаҳои асосӣ буда, баъзан ҷойи муколамаву монологҳои қаҳрамонони намоишро мегирад. Дар рақси тоҷикӣ мазмун аз рукнҳои бисёр муҳим ва асосӣ ба ҳисоб меравад. Раққос тавассути ҳаракату имову ишора муносибаташро ба ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёт, олами атроф ва табиат ифода намуда, асосан ба ҳаракати даст, сар ва китфҳо эътибор медиҳад. Дар ин маврид ҳаракати по воситаи ёридиҳандаи бадеӣ буда, ҳаракати дастон бо ҳаракати бадан, имову ишора ва ғ. мувофиқат мекунад. Яке аз махсусиятҳои рақс бадоҳатан ба вуҷуд омадани он аст. Раққос вобаста ба зарбу усул ва мазмуни рақс амал карда, суръати даркорӣ ва василаҳои мувофиқи бадеии онро дарҳол дармеёбад. Чунин бадеҳакорӣ на танҳо дар иҷрои ҳаракатҳои мухталиф, балки дар бандубаст ва мазмуни рақс таъсири амиқ мегузорад. Рақси тоҷикӣ бештар бо ҳамовозии доира ва дастаи созҳои мусиқӣ, ҳангоми сайр, тӯй ва тантанаҳо, баъзан бо иштироки созҳои нафасию зарбӣ – даф, доира, таблак, сурнай, карнай, нағора ва ғ. иҷро мешавад. Дар ташаккули услубҳои асосии рақси тоҷикӣ тафовути иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихии ноҳияҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, шароити табиӣ, махсусиятҳои забон ва зисту зиндагонӣ акс ёфтаанд. Ҳар яке аз онҳо ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд, чунки аксари онҳо соҳиби рақсҳои анъанавӣ, услуби хосси бозӣ, пӯшок, зарбу усул ва оҳангҳо буда, хислат ва шуҷоати сокинони ҳамон ноҳияро инъикос мекунанд. Раққосон ҳаваскор ва касбӣ мешаванд. То Инқилоби Октябр раққосони касбӣ танҳо дар шаҳрҳои калон буданд. Онҳоро дар байни мардон «ҷувон», «бача» ва дар байни занон «созанда», «яллачӣ» меномиданд. Рақсҳои созандаҳои Бухоро авҷи аълои санъати рақси классикии тоҷик ба шумор мераванд. Дар барномаҳои созандаҳо рақсҳои тоҷикии «Қайроқбозӣ», «Равона», «Соқинома», «Занг» ва ғ. машҳур буданд. Равнақи санъати рақси тоҷикӣ тахминан ба солҳои 1920–30 рост меояд. Дар ин давра дастаҳои рақсӣ батадриҷ афзоиш ёфтанд. Рақсҳои гуногуни ноҳияҳои тоҷикнишин нахустин бор рӯзҳои Анҷумани якуми умумитоҷикии ҳофизон ва раққосон, ки охири феврали 1931 дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) баргузор гардид, намоиш дода шуданд. Аз тамоми шаҳру ноҳияҳо мутрибон, сарояндагон, раққосаҳо, масхарабозон гирд омаданд. Дар ин ҷамъомад нахустин бор занон ҳамроҳи мардон ҳунарнамоӣ карданд. Бори нахуст рақси тоҷикӣ августи 1932 дар Маскав дар Олимпиадаи умумииттифоқии санъат намоиш дода шуд. Рақси тоҷикӣ оҳиста-оҳиста баъзе унсурҳои саҳнавиро ба худ касб намуд. Солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 рақсҳои тоҷикӣ бештар хусусияти фолклорӣ доштанд ва дар барномаҳои дастаҳои ҳаваскорони клубу чойхонаҳои сурх, мактабҳо иҷро мешуданд. Баъди ташкили театрҳои касбии ҷумҳурӣ ва ба камол расидани балетмейстерҳо хусусияти миллии рақсҳои тоҷикӣ сайқал ёфт. Дар ин давра дастаҳои худфаъолият таъсис ёфта, батадриҷ афзоиш ёфтанд. Сохт ва таркиби рақс такмил ёфта, шаклан саҳнабоб шуд. Рақсҳои яккасаву дукасаи марду зан, рақсҳои чоркасаву оммавӣ, сюитаҳои рақсӣ ба вуҷуд омада, бандубаст ва таносуби композитсияи онҳо устувор гардид. Устодони рақс ҳангоми офаридани рақсҳои оммавӣ ҳаракатҳои хосси рақси тоҷикиро интихоб намуда, бозёфтҳои худро ба сужет ва мундариҷаи рақс мепайвастанд. Онҳо дар асоси сужетҳои фолклорӣ рақсҳои «Кӯза», «Сӯзанӣ», «Пахта», «Тӯй», «Субҳи баҳор» ва ғ.-ро эҷод карданд. Замони нав мавзӯъ, сюжет ва образҳои тоза овард. Рақсҳои мардонаву занона сифатҳои нав пайдо карданд. Масалан, рақси занона аз ҳаракатҳои нисбатан маҳдуд, оҳангҳои маҳзун, суръати бағоят суст раҳо ёфт. Дар рақсҳои мардона оҳанги ҷасорату диловарӣ, дар рақсҳои яккасаи занона аломатҳои ифтихор, шаъну эътибор, озодию шодмонӣ зиёд шуданд. Чунин хусусиятҳо дар рақсҳои «Шодиёна», «Дугонаҳо», «Вохӯрӣ», «Товус», «Лола» ва ғ. бештар мушоҳида мешаванд. Саҳми балетмейстерҳо М. Файзибоева, А. Исломова, А. Протсенко, К. Голейзовский, Ғ. Валаматзода, А. Азимова, Р. Баккал, З. Аминзода, М. Отамов, Г. Мирҷумъаева, Ш. Рашидова, Ф. Каримов, И. Раҳмониён, М. Абдурасулов, Д. Сатторова, Б. Карамхудоев ва дигарон дар инкишофи рақси халқии тоҷикӣ хеле бузург аст. Ба онҳо пайваст намудани рақс бо тахайюли эҷодӣ, ифодаи мазмуни баланд, нафосат, рангин намудани василаҳои тасвир ва нигоҳ доштани таровати нотакрори санъати халқ хос аст. Барои офаридани беҳтарин намунаҳои санъати рақси тоҷикӣ ва ташвиқу тарғиб намудани онҳо театрҳои касбию халқии ҷумҳурӣ саҳми басазо гузоштанд. Дар офаридани рақсҳои нав дар заминаи рақсҳои халқӣ ва дар таблиғи беҳтарин санъати хореографии халқӣ Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, Театрҳои мусиқӣ-драмавии Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб нақши муҳим иҷро кардаанд. Соли 1965 Ансамбли давлатии рақсии «Лола» (роҳбари бадеиаш Ғ. Валаматзода) ва соли 1978 ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» (1986, роҳбари бадеӣ Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Зафар Нозим, устоди рақс — Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Г. Мирҷумъаева), ансамбли «Зебо» (назди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, роҳбари бадеиаш З. Аминзода, 1979), ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» (1988), ансамбли тарона ва рақси «Сомон» (1997) ва дигар ансамблҳо таъсис ёфтанд, ки ҳоло барномаи онҳо аз рақсҳои тоҷикӣ ва рақсҳои дигар мамлакатҳои дунё иборат аст. Махсусан рақсҳои тоҷикии «Занг», «Ҷавонӣ», «Завқи ҷавонӣ», «Насими кӯҳсор», рақсҳои классикии «Нағмаи ораз», «Чоргоҳ», «Уфари Уззол», рақсҳои русии «Рақси духтарон», «Афсонаи беша», озарбойҷонии «Бахчакурд» ва ӯзбекии «Субҳи Фарғона», «Амонёр», «Роҳи бахт» бо маҳорати баланд ва услуби хос иҷро мешаванд. Солисткаҳои «Зебо» — Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон С. Файзиева, ҳунарпешагон Н. Потёхина, Г. Улмасова, Т. Муҳаммадиева ва дигарон рақсҳоро хеле бомаҳорат иҷро мекарданд. Ансамбли «Зебо» дорандаи Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ (1982) гардида, дар инкишофи санъати рақси тоҷикӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст. Дар рушду такомули рақси тоҷикӣ Б. Ҳомидов, С. Хӯҷаев, Ҳ. Пасаров, О. Исомова, У. Рабимов, А. Исҳоқова, М. Қобилов, А. Носирова, Л. Зоҳидова, Г. Мирҷумъаева, З. Каримова, М. Қаландарова, Ҳ. Эркаева, З. Асанова, Ҳ. Боева, З. Искандарова, Г. Худоёрбекова, М. Гуленов ва дигарон саҳми бузург доранд. Оҳангсозони тоҷик барои раққосон сюитаҳои рақсӣ эҷод кардаанд, ки сюитаи рақсии «Лола»-и Ҳ. Абдуллоев, «Сюитаи ҳиндӣ»-и Ф. Баҳор, «Духтари тоҷик», «Раъно»-и А. Камолов, «Чорзарб», «Гулдастаи баҳор»-и А. Одинаев, «Сюитаи тоҷикӣ»-и Я. Сабзанов, «Мо аз боми ҷаҳон»-и Ф. Солиев, «Хуш он замон» ва «Сюитаи ҷавонӣ»-и З. Шаҳидӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. Соли 2000 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли рақсии «Гулрез» (роҳбари бадеӣ — Артисткаи халқии Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон Ҷ. Охунова, баъд Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Раҳмонӣ) ташкил шуд, ки мақсад аз ташкил шудани он, аз як ҷониб, баланд бардоштани фарҳанги зебоишиносии мардуми кишвар ва, аз тарафи дигар, тарғибу ташвиқи рақси миллии тоҷикӣ буд. Нахустин сафари ҳунарии ин ансамбл ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2004 дар фестивали ҳунарии давлатҳои узви ҳамкориҳои Шанхой баргузор гардид. Соли 2005 дар рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ҳамчунин рӯзҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пориси Фаронса бо барномаи калони ҳунарӣ иштирок дошт. Ансамбл ба шаҳрҳои Пекин, Алмаато ва Остона (Қазоқистон), Боку, Охсу (Озарбойҷон), Минск ва Волководск (Беларус), Деҳлӣ ва Бангалор (Ҳиндустон), Туркманобод (Туркманистон), соли 2019 ба Маскав ва Санкт-Петербург сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар солҳои охир ҷиҳати рушду равнақи унсурҳои рақси халқӣ фестивали ансамблҳои давлатӣ баргузор мегардад. Имрӯз рақсҳои омехта — рақси якҷои зану мард — хеле густариш ёфтаанд. Ансамблҳои рақсии фаъолияткунандаи муосири тоҷик на танҳо ороишдиҳандаи саҳнаҳо дар маросимҳои дохилии кишвар мебошанд, балки дар саҳнаҳои хориҷ аз кишвар низ эътибору шуҳрати санъати моро боло мебардоранд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамблҳои рақсии «Падида», «Базморо», «Дарё», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Чаман», «Сомон», «Гулрез», «Рухшона» ва ғайра, инчунин мактабҳои ҳунарии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият доранд, ки ба тарбияи раққосу раққосаҳо ва рушди санъати рақс машғуланд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 678–679. Муаллиф: Н. Нурҷонов.
Театри намунавии миниатюраи «Ойна»
Театри намунавии миниатюраи «Ойна» — театри таҷрибавии миниатюра. Бо ташаббуси У. Раҷабов 24 сентябри 1990 дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Театри «Ойна» бо мақсади рушду такомули санъати театрии халқи тоҷик, эҳёи маънавиёти фолклорию суннатҳои миллӣ, баланд бардоштани завқу салиқаи эстетикӣ, тарбияи ахлоқӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи худшиносию ватанпарастии мардум фаъолият мекунад. Бо дар назар доштани алоқамандии сокинони пойтахт ба санъати ҳаҷву мутойиба дар шакли миниатюра, театр ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ баргузор намуда, гурӯҳҳои ҳунарпешагонро ба сафарҳои хориҷӣ омода мекунад. Дар солҳои аввал дар ҳайати эҷодии театр ҳунарпешагони шинохташуда У. Раҷабов, С. Мардонов, О. Қодиров, А. Муродов, К. Баротов, Р. Қурбониён, Р. Абдуҳамид, Т. Саидова, А. Раҳматуллоев ва дигарон кор мекарданд. Намоиши аввалини ҳайати эҷодии театр бо номи «100 дақиқаи ханда» 8 июни 1991 дар майдони варзишии ноҳияи Фархор баргузор гардид. Мухлисони зиёди театру фарҳанг ин падидаи нави ҳунариро хушнудона пазируфтанд. Аз соли 1991 сафарҳои эҷодии театр дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома ёфта, театр барномаҳои рангини худ, аз қабили намоишҳои «Ҷазираи беодам», «Тафтиш», «Вохӯрӣ», «Ватан-Модар», «Забоншинос», «Дар таваллудхона», «Кворум», «Рӯзи таваллуд», «Санҷиш», «Айби худаш», «Дар бозор», «Валинеъмат» ва ғ.-ро ба мардум пешкаш намуд. Дар гуногунрангии барномаи театр муаллиф ва иҷрокунандаи нақшҳо У. Раҷабов нақши калидӣ дошт. Асарҳои ӯ «Дузд», «Нома», «Кворум» ва «Рӯзи таваллуд» ба репертуари доимии театр дохил шудаанд. Дар барномаи театр ҷойи намоёнро асарҳои ҳаҷвнигорони рус В. Поляков, М. Задорнов, Л. Измайлов ва А. Инин ишғол мекунанд. Соли 1997 роҳбари театр У. Раҷабов дар телевизиони Тоҷикистон кинотолори «Ойна»-ро таъсис дод, ки дар он 8 намоиши театр ба навор гирифта шуд. Дар театр ҳунарпешагони барҷаста, устодони саҳна И. Самадов, Ю. Юсупов, С. Мардонов, Т. Саидова, А. Раҳматуллоев, ҳунарпешагони соҳибистеъдод Ш. Раҷабов, У. Қудратов, Ш. Камолов, К. Довудов, С. Сафарова, Ҳ. Ҳасанов, Т. Ғуломова, М. Раҳимов, Ш. Шарифов, Т. Мирзоаминов, С. Валихоҷаев ва дигарон ҳунарнамоӣ доранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 677.
Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон
Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон — дуввумин театри русии Тоҷикистон. Соли 1949 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати драма таъсис ёфтааст. Солҳои 1948–58 Театри драмаи мусиқии русии Ленинобод ном дошт. Нахустин намоишномаи театр «Егор Буличев ва дигарон»-и А. М. Горкий (коргардон Д. М. Ляховский, 1948) буд. Бештар осори драмавии классикону драматургони муосири рус, тоҷик ва хориҷиро таҳия кардааст. Дар саҳнаи театр асарҳои драматургони тоҷик Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Ф. Тошмуҳаммадов, М. Рабиев, Ф. Ансорӣ, С. Саидмуродов, М. Бахтӣ, А. Баҳорӣ, А. Сидқӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрӣ «Парасту-2003» намоишномаи «Хоин»-и П. Мериморо манзури тамошогарон кард. Дар гурӯҳи эҷодии театр собиқадорону устодони санъати театр Н. Селезнёва, А. Круглов, Ю. Абросимов, П. Борзов, С. Валавина, И. Янковский, В. Баронов, О. Герасимов, Б. Яншевский, З. Барботко, Л. Исков ва дигарон намоишномаҳо таҳия намудаанд. Дар ороиши саҳнаҳои театр рассомон Я. Гущин, А. Османов, С. Куртмалева, С. Самсонов хизмат кардаанд. Пйесаҳои муосир барномаи асосии театрро ташкил медиҳанд. Намоишномаи солинавии «Соле як маротиба»-и С. Шехов, намоишномаҳои «Хона фурӯхта мешавад»-и С. Ҷӯрабоев, «Бӯққа»-и М. Супонин, «Заргӯши доно ва гурғи коно»-и Ш. Қиём, «Афсонаи солинавӣ», «Чароғи сеҳрноки Аловуддин» (таҳияи Р. Раҳматуллоева), «Фарзандони генералҳо»-и Н. Шарипов, «Хирс»-и А. Чехов ва ғ. солҳои ахир рӯи саҳнаи театр омада, мақбули тамошогарон гардидаанд. Театри давлатии драмаи мусиқии ӯзбекии ноҳияи Спитамен ба номи Ш. Бурҳонов Ин ҳайати эҷодӣ соли 1934 дар заминаи маҳфили драмавии ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) таъсис ёфтааст. То соли 1957 ҳамчун театри халқии ҳаваскорон амал мекард ва ҳамон сол Театри драмаи мусиқӣ ном гирифт. Дар таъсиси театр аввалин коргардонони он Ф. Мусоев ва Т. Ҳасанов саҳми назаррас доранд. Тӯли фаъолияташ театр беш аз 250 намоишнома таҳия карда, манзури тамошогарон гардонидааст. Дастаи консертии театр бо барномаҳои рангоранги ҳунарӣ қариб ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар солҳои нахустини таъсиси театр гурӯҳи эҷодии он аз 18 нафар иборат буд. Дар ибтидо ҳайати театр бештар ба таҳияи асарҳои драманависони ӯзбек машғул буд: «Лолахон» ва «Андарун»-и К. Яшин, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳ. Ниёзӣ ва ғ. Сипас ба эҷодиёти драманависони кишварҳои собиқ ИҶШС рӯ оварда, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Ҳуҷум»-и В. Ян, «Хосият»-и Е. Акубҷонов ва Н. Зелеранский ва ғ.-ро намоиш дод. Дар рушди театр М. Парпиев, У. Сиддиқова, М. Қосимхонов, П. Элмуродов, И. Бобоев, Н. Азизова, Б. Турдимуродов, Г. Раҳимов, С. Ҷӯраева, А. Слугин, Д. Маҳкамов, А. Османов, О. Назаров, Ғ. Аюбҷонов ва дигарон саҳм доштанд. Намоишномаҳои «Адолат»-и И. Икромов, «Шабҳои фироқ»-и А. Шукӯҳӣ, «Хонаи умед»-и А. Сидқӣ, «Олуфта»-и А. Мусоҷонов, «Маликаи Турандот»-и К. Готси, «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, «Ишқи Ватан»-и З. Фатҳуллин, «Киштишикастагонем»-и Ч. Қуддус, «Якравҳо»-и Ҷ. Ҷабборов, «Ричард III»-и У. Шекспир мақбули тамошогарон гардидаанд. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту-2003» театр намоишномаи «Шиквае аз ту надорам, асри ман!»-и М. Сурушро манзури тамошогарон намуд. Ҳайати эҷодии театр ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту-2021» намоишномаи «Фариштаи наҷот»-и У. Усмонов ширкат карда, дар номинатсияи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» (М. Абдураззоқова барои иҷрои нақши Саломат) соҳиби ҷоиза шуд. Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Ин дуввумин театри касбии тоҷикӣ буда, январи 1932 дар заминаи дастаи ҳаваскорони мусиқӣ-драмавии шаҳри Хуҷанд (солҳои 1925–26) таъсис ёфтааст. То соли 1990 Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқӣ ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод ном дошт. Дар таъсиси театр аввалин коргардонони театр Ҳ. Маҳмудов, ҳунарпешагон М. Холматов, Т. Тоҷибоев, М. Самандаров, З. Дӯстматов, Х. Қосимова, Г. Бобоева, Т. Султонова, М. Аҳмадова, аввалин мудирони бахши адабии он М. Турсунзода ва М. Аминзода, аввалин дирижёрон Н. Азимов, К. Мирмуллоев, Д. Айрапетянс, рассом В. Нуриддинов, балетмейстер Д. Хусайнов ва дигарон саҳми назаррас доранд. Аввалин асарҳои мукаммали дар саҳнаи ин театр таҳияшуда инҳоанд: «Бегуноҳ»-и М. Юсуфбеков ва «Ғолибият»-и Р. Ҷалил (1932, коргардон Ҳ. Қосимов). Соли 1933 «Ду коммунист»-и К. Яшин (коргардон М. Саидов), «Шӯриши Восеъ»-и А. Фитрат, «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков (коргардон Ҳ. Қосимов), солҳои 1934–36 як силсила пйесаҳои адибони тоҷик – «Саодат»-и Р. Ҷалил, «Ҳукм»-и М. Турсунзода (коргардон Ҳ. Маҳмудов), «Шараф»-и М. Аминзода, «Роҳатхон»-и М. Турсунзода (коргардон Ҳ. Қосимов), «Муҳаббат»-и Р. Ҷалил, «Доҳунда», солҳои 1938–41 «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер, С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, «Гулсара»-и К. Яшин, «Санавбар»-и Р. Ҷалил, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза (коргардон Р. Эркабоев), дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ва солҳои баъдиҷангӣ «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода (1941), «Рустам ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн (1942), «Мардуми рус»-и К. Симонов (1944), «Тоҳир ва Зуҳра»-и С. Абдулло, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ш. Хуршед, «Фарҳод ва Ширин»-и К. Яшин, «Раъду барқ»-и А. Островский, «Қишлоқи тилоӣ»-и М. Миршакар ва ғ. рӯи саҳнаи театр оварда шуданд, ки мухлисони зиёд дар дохил ва хориҷи кишвар доштанд. Аз соли 1955 Р. Эркабоев саркоргардони театр шуд ва чанд намоишномаро ба саҳна гузошт, ки дар байни онҳо «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Р. Ҷалил, «Ду зебоӣ, ду ишқ»-и М. Сайфиддинов, «Ҷони нодон дар азоб»-и Ҳ. Содиқ, «Тӯй»-и С. Раҳим, «Тӯфон»-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов, «Нурхон», «Равшан ва Зулхумор»-и К. Яшин буданд. Роҳбари нави бадеии коллектив Л. Бочавер «Сонни ва Махивал»-и Балвант Гарги, «Беҷиҳоз»-и А. Островский, «Дили шоир»-и Р. Ҷалил, «Шарораҳои Хуҷанд»-и С. Сафаровро ба саҳна гузошт. Дар театр дар давраҳои гуногун ходимони намоёни санъати театрӣ — Ҳ. Умаров, Х. Назаров, Ю. Раҳматзода, М. Воҳидов, И. Фозилова, А. Храмченко, М. Киситс, Д. Серебрянник, О. Назаров, И. Саломов, Р. Баккал, И. Буров, А. Акрамов, О. Усмонова, М. Иброҳимова, Ҷ. Набиев, С. Исоева, С. Қурбоналиев, У. Ҳамдамов, С. Холматов, М. Самандаров, С. Фармонов, М. Аҳроров, А. Парпиев, Д. Алиматов, З. Асанова, И. Саломов ва дигарон нақш бозидаанд. Солҳои 70–80 дар барномаи театр намоишномаҳои «Бедорӣ»-и Р. Ҷалил (1975), «Супориши ЧК»-и А. Сидқӣ, «Абадзиндаҳо»-и С. Сафаров (1976), «Зол ва Рудоба»-и Ш. Қиёмов, «Ашрофпараст»-и Ж. Молиер (1977), «Соҳибаи меҳмонхона»-и К. Голдони, «Лӯлиён»-и А. С. Пушкин, «Фаввораи ишқ, фаввораи ашк» (аз рӯи асари «Фаввораи Боғчасарой»-и А. С. Пушкин, инсценировкаи Н. Исломов), «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад, «Авлодони шайтон»-и Ҳ. Мухторов (1978), «Қиссаи ҳиндубача Маугли»-и Р. Киплинг, «Хонашерони майдонғариб»-и Ғ. Абдулло, Ш. Қиёмов ва М. Рабиев, «Хусрав ва Ширин»-и Г. Птитсин (аз рӯи достони Н. Ганҷавӣ), «Аз бало ҳазар»-и Ш. Қиёмов (1979), «Темурмалик»-и С. Улуғзода, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Баъди имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ, «Фоҷиаи инсон»-и А. Атобоев ва ғ. мавқеи намоён доштанд. Дастаи консертии театр барномаҳои пурмазмунро манзури тамошогарон мекунад. Театр замони фаъолияти бисёрсолаш зиёда аз ҳазор намоишномаро дар жанрҳои гуногун (драма, мелодрама, намоиш барои кӯдакон, мюзикл) ба саҳна гузоштааст. Дар солҳои истиқлол театр «Ҷавонии Мушфиқӣ»-и Т. Зулфиқоров, «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»-и А. Сайфуллоев, «Таксисти ошиқ» (тарҷумаи Қ. Бобоҷонов), «Найрангҳои Абдуи Хуҷанд»-и Б. Абдураззоқов, «Бухорои шариф» (аз рӯи «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ), «Ишқи парӣ»-и Т. Муҳаммадризо, «Бозгашти айём»-и А. Қодирӣ, «Ошиқам, ман ошиқ»-и М. Ҷӯрабекова, «Вийд», «Гурбаи мӯзапӯш»-и Ч. Қуддус, «Афсонаи солинавӣ» ва «Ашрофпараст»-и Молиер, «Арӯси чойдорӣ»-и Н. Аббосхон, «Булбули Хуҷанд»-и Т. Озарахш ва ғ.-ро рӯи саҳна овард. Намоишномаи «Ишқи парӣ» дар чандин озмуну ҷашнвораи байналмилалӣ дар Украина, Беларусь, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Россия соҳиби тӯҳфаву диплом ва дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту-2011» сазовори ҷои аввал гардидааст. Намоишномаи «Булбули Хуҷанд» дар «Парасту-2021» ва дар фестивали байналмилалии «Параллельные миры» (Беларус, 2021) сазовори ҷоизаи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ» гардид. Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров Яке аз аввалин ҳайатҳои эҷодии касбии тоҷик аст. Соли 1936 дар заминаи дастаи ҳунарии ҳаваскорони санъати клуби шаҳр таъсис ёфтааст. То соли 1940 Театри мусиқӣ, аз соли 1958 то 1994 Театри драмаи мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Рӯдакӣ ном дошт. Номи имрӯзааш аз соли 1996. Аввалин ҳунарпешагони театр Ғ. Ғуломалиев, Б. Карамхудоев, Г. Қадамшоева, Д. Бекова, А. Ибодуллоева, Қ. Ноёбшоев, М. Шакаринов, С. Давлатова, К. Шотомуров, Г. Наврӯзбеков, Ш. Бақоев, Н. Одинаев (ҳамагӣ 20 кас) буданд. Баъдтар ба ҳайати театр мутрибону раққосони халқӣ Н. Қурбонҳусейнов, М. Мамадюсупов, М. Гуленов, санъаткорон С. Бандишоева, Ф. Чорубов, М. Исмоилов, Б. Шоҳонова, С. Раҳимхудоев дохил шуданд. Соли 1954 ба театр як гурӯҳ хатмкардагони Институти театриву рассомии Тошканд ба номи А. Н. Островский – П. Завқибеков, Қ. Имматшоев, М. Мамадазимов, М. Маликов, Ш. Пӯлодов, А. Раҳмонқулов ва дигарон омаданд ва дар рушди бадеии театр саҳми арзанда гузоштанд. Намоишномаҳои беҳтарини театр инҳоянд: «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков (1939), «Қишлоқи тиллоӣ»-и М. Миршакар (1946), «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер (1947), «Рустам ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва Волкенштейн (1948), «Достони Ҳофиз»-и Ф. Тошмуҳаммадов, «Нисо»-и В. И. Виталев (1956), «Шафақҳои Помир»-и И. Павлов (1958), «Ҳалокати одат»-и М. Назаров (1960), «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Б. Молиер (1965), «Мо аз Боми Ҷаҳон»-и Р. Абдулло (1969), «Чинори гӯё»-и С. Саидмуродов (1968), «Дуэл»-и Ж. Байчиев (1969), «Хуррият»-и Ғ. Абдулло (1970), «Байрақи мактаб»-и М. Миршакар (1971), «Интиқом»-и С. Сафар (1972), «Писари гумроҳ»-и Э. Ранет (1972), «Супориши махсус»-и А. Балакаев (1973), «Меҳмон аз Помир»-и Ф. Тошмуҳаммадов (1973), «Ситораи умед»-и Ғ. Абдулло (1976), «Андро ва Сандро»-и Г. Хугаев, «Ҷойи сердаромад»-и А. Островский (1977), «Ваня-тағо»-и А. Чехов, «Ситораи Сино» (1980), «Қиссаи Зайнаббибӣ»-и С. Саидмуродов (1983) ва ғайра. Дар ҳайати эҷодии театр Артистони халқии РСС Тоҷикистон Б. Карамхудоев, Ғ. Худоёрбекова, М. Дилдорова, С. Шоисмоилова, С. Бандишоева, ҳофизони халқӣ М. Хӯҷамёров, М. Қурбонҳусейнов, ходимони хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Ё. Ашурмаҳмадов, Р. Муродҳусейнов, Артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон А. Давлатов, П. Завқибеков, З. Искандарова, М. Мамадазизов ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Аз рӯзи нахустини таъсиси театр саркоргардонони он Ш. Бақоев, Б. Смирнов, М. Назаров, М. Дубровин, Н. Гулмамадов, А. М. Мирзохонов, А. Раҳмонқулов, Ф. Тошмуҳаммадов, Б. Карамхудоев, М. Мамадазимов, Қ. Халилов, М. Мазҳабшоев, рассомон М. Беспалко, М. Назаренко, Н. Малишев, Ю. Калинин, М. Гадомамадов буданд. Роҳбарии театрро аз соли 1976 то 1996 Ҳ. Давлатбеков, аз соли 1996 М. Назаршоева ба уҳда дошт. Театр тайи чанд соли охир «Ишқи парӣ»-и Т. Муҳаммадризо, «Чароғи сеҳрноки Аловуддин» (дар асоси ривоятҳои «Ҳазору як шаб»), «Қабилаи дугоникҳо», «Вирод», «Қавм»-и М. Суруш, «Акси садо», «Зани шаҳрӣ»-и П. Қиматшоев, «Гурбаи мӯзапӯш»-и Ч. Қуддусро рӯи саҳна овард. Ҳоло саркоргардони театр У. Ҳисравов мебошад. Ҳайати имрӯзаи театр аз 56 нафар иборат аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 675–677.
Театри давлатии лухтаки шаҳри Бӯстон
Театри давлатии лухтаки шаҳри Бӯстон — ҳайати эҷодист, ки соли 1950 бо ташаббуси гурӯҳи ҳунарпешагони ҳаваскори Театри драма ва мазҳакаи русии шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон) таъсис ёфтааст. Нахустнамоиши театр «Гулаки сурх»-и А. Аксаков (1950) буд. Соли 1952 студияи лухтакбозон таъсис ёфт, ки А. Волохова, Н. Карпова, И. Морозов, Н. Полигалов ва дигарон ба ҳайати он дохил буданд. Дар ин солҳо театр қариб 30 намоишномаро аз рӯи афсонаҳои халқҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва рус ба намоиш гузошт. Соли 1965 дар Театри ҷумҳуриявии лухтак гурӯҳи тоҷикӣ ташкил шуд. Соли 1971 театр узви Иттиҳоди байналхалқии ходимони театри лухтак гардид. Соли 1979 ҳайати эҷодии театр дар Фестивали байналмилалии театрҳои лухтак дар шаҳри Тошканд иштирок карда, сазовори ҷоизаи махсус гардид (барои намоишномаи «Қиссаи аввал»-и А. Атобоев (аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ)). Дар тӯли фаъолияташ театр беш аз 170 намоишномаро ба забонҳои тоҷикию русӣ ба саҳна гузоштааст, аз ҷумла «Бузаки чингилапо»-и Н. Бақозода, «Саодати уддабаро», «Парвоз ба Моҳ»-и Ф. Тошмуҳаммадов, «Чӯпонбача ва оҳуи тило»-и Ш. Қиёмов, «Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов, «Донаки сеҳрнок» ва «Суруди Бахтиёр»-и Н. Исломов, «Шаҳри тиллоӣ»-и Р. Маруҳян, «Шайтони гӯшдароз»-и Р. Мингалиев, «Уқобча»-и М. Супонин, «Алибобо ва роҳзанҳо»-и Б. Маслов, «Духтари ҷасур» ва «Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов ва ғайра. Солҳои 90-уми асри 20 театр намоишномаҳоро, аз қабили «Хирсбачаҳои хушҳол», «Кали зирак ва бой», «Дурри нилгун», «Мишкаи дурӯғгӯй», «Хурӯсчаи гапногир», «Хуршед ва ҷодугари ғаммоз», «Се хукбача», «Рӯбоҳаки ҳилагар», «Дарахти зардолу», «Саргузашти Лаку Пак», «Тоқисурхак» ва ғайраро манзури тамошогарони хурдсол гардонд. Дар театр дар давраҳои гуногун гурӯҳи ҳунарпешагони бомаҳорат А. Волохова, М. Бойматова, У. Абдуллоев, И. Грибовская, Н. Бойматов, В. Пименова, Л. Лихнер, М. Алибоева, В. Одинаев, Ш. Юсуфова, К. Додарбеков, А. Боймуродов, С. Бобоев, С. Холов, А. Ҳоҷибоев, Н. Ахмедова, Насиба Ахмедова, А. Ахмедов, Ф. Мӯъминов, Р. Мӯъминов, В. Н. Лихачёва, Е. Крапоткина, С. Казансов, Р. Маҷидов, Н. Числов, З. Зиёева ва дигарон кор кардаанд. Дар пешравии театр В. Соколова, Пантелеймонова (директори театр), П. Поздняк, А. Аҳмадов, А. Тараханов, П. Рудометкин саҳми арзанда гузоштаанд. Аз соли 1988 саркоргардони театр Н. Шарифов аст. Театр ҳар сол 4 намоишнома (ба забонҳои тоҷикию русӣ) таҳия намуда, қариб дар ҳамаи ноҳияву деҳоти ҷумҳурӣ барои тамошогарони хурдсол намоиш медиҳад. Ҳайати театр чанд бор сазовори ҷоизаи Вазорати маданияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ гардидааст. Соли 1983 театр дар азназаргузаронии умумииттифоқии драматургия ва санъати театрии халқҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои намоишномаҳои «Суруди Бахтиёр» (таҳияи Е. Абраамян, рассом Т. Кислова) ва «Лаку Пак»-и И. Усмон ба Дипломи дараҷаи III-и Вазорати маданияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Котиботи Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Кумитаи Марказии Иттифоқи касабаи коркунони маданият сазовор гардид. «Гулранг ва Хушранг»-и М. Миршакар, «Духтари ҷасур»-и Ш. Қиёмов, «Ҳар кӣ китобхон шавад, оқилу доно шавад»-и А. Мақсудов, «Лаку Пак»-и И. Усмон, «Рӯбоҳи маккор»-и Н. Аҳмадова, «Хирсчаҳои хушҳол», «Кали зирак ва бой»-и Н. Шарипов, «Гӯсолаи хасин»-и К. Мешков аз ҷумлаи намоишномаҳоеанд, ки театр солҳои ахир ба маърази тамошо гузошт. Театр бо намоишномаҳои ҷолибу пурмуҳтаво пайваста дар ҷашнвораҳои театрӣ, аз ҷумла «Парасту» ва «Чодари хаёл» ширкат мекунад. Ҳунарпешагони театр дар фестивали ҷумҳуриявии «Парасту-2003» бо намоишномаи «Дарахти дӯстӣ биншон» (Н. Шарипов) ширкат карда, аз ҷониби тамошогарону мутахассисон баҳои баланд гирифтанд. Дар «Парасту-2019» намоишномаи «Зумрад ва Қимат»-и Н. Маҳкамова ва дар «Парасту-2021» намоишномаи «Лак ва Пак»-и Н. Шарипов сазовори ҷоизаи беҳтарин асари кӯдакона гардиданд. Театри давлатии драмаи мусиқии Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова Яке аз театрҳои аввалини Тоҷикистон аст. Солҳои 1925–26 нахустин театри ҳаваскорӣ таъсис ёфт, ки дар ҳайати он аввалин муаллимон К. Ҳусейнзода, И. Тӯрахонов, М. Нозиров, Ҳ. Қобилов, С. Шерматов ва ҷавонони 15–18-сола, аз ҷумла К. Ёрматов дохил буданд. Соли 1930 дар заминаи дастаи ҳаваскорӣ театри касбӣ таъсис ёфт. Калонтарин намоиши он «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ буд. Ҳайати театр аз ҳисоби ҳаваскорони боистеъдод интихоб гардид, ки анъанаи мардумии иҷрогариро ба театр оварданд. Дар кори басаҳнагузорӣ ва таҳияи намоишномаҳои аввалин артистони театр Б. Неъматов, М. Ғаффоров, Ҳ. Қосимов фаъолона иштирок доштанд. Барои рушди эҷодии ҳайат коргардонони театр Р. Розиқов ва С. Холматов саҳми басазо гузоштанд. Дар таъсиси театр мусиқинавоз Х. Азимов низ саҳми бориз дорад. Артисти халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Тӯҳфа Фозилова, Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Л. Орифова, К. Маҳкамов ва дигарон фаъолияти эҷодиашонро аз саҳнаи ҳамин театр оғоз намуданд. Дар театр ҳунарпешагони маъруф ба монанди Ш. Қодирова, Т. Орифова, С. Ашӯрова, К. Дӯстматова, Ш. Каримова, Б. Ҷӯраев, Г. Шодиев, А. Неъматов ва М. Қодиров, М. Эргашева, И. Муҳаммадҷонова, Д. Баҳромова, Б. Содиқов, А. Аҳмадов, М. Мухторов, Х. Шарипов, Ш. Каримова, С. Ашӯрова, Қ. Дӯстматова, Б. Тоҷибоева, Т. Тоҷибоев, Л. Орифова, К. Маҳкамов, Т. Фозилова, М. Аҳмадов, М. Мавлонов ва дигарон ба камол расидаанд. Барномаи театр ҷолибу рангин аст: «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ҳамза, «Гулсара»-и К. Яшин, «Ғолибият»-и Р. Ҷалил, «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, «Комсомолон»-и М. Саидов, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Орият»-и М. Ҳалимова, «Туҳфа», «Виҷдон»-и Ҳ. Содиқ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Суруди кӯҳсорон»-и Ғ. Абдулло, «Сирри дилҳо»-и Д. Раҳмонов, «Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев, «Ишқи араб»-и П. Мериме ва ғайра. Солҳои 1941–56 бештар концерту асарҳои якпардагӣ («Дар сояи шипанг»-и Б. Раҳимзода ва М. Рабиев, «Пеш аз тӯй нағора»-и С. Саидмуродов, «Меҳмони азиз» ва «Домоди қаллоб»-и А. Чехов, «Таърифхӯҷаев»-и А. Деҳотӣ ва Б. Раҳимзода)-ро намоиш медод. Калонтарин намоиши театр «Сӯзании шоҳӣ»-и А. Қаҳҳор (1954) буд. Соли 1956 театр баста шуд ва ба ҷои он театри халқӣ амал мекард. Соли 1956 бо ташаббуси коргардону драманавис С. Саидмуродов театр эҳё шуд. Солҳои 70-уми асри 20 барномаи театр аз пйесаҳои С. Саидмуродов «Чинори гӯё», «Зафар ва Зарина» ва ғайра иборат буд. Соли 1979 як гурӯҳ хатмкардагони Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба ҳайати театр дохил шуданд. Баъдан асарҳои «Раъно», «Гаҳвораи заррин»-и С. Саидмуродов, «Тӯй»-и С. Ғанӣ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Гулҳои саҳро»-и М. Тӯйбоев, «Лайлӣ»-и М. Ҳоҷиқулов, «Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ, «Суруди кӯҳсор»-и Ғ. Абдулло, «Эшони Иллонта ва қории ҳиромон»-и А. Атобоев, «Гирдоб»-и С. Сафар, «Зангирӣ»-и Гогол, «Бемории хаёлӣ»-и Мольер саҳнаи театрро рангинтар гардонданд. Асарҳои «Бало қоим аст»-и Н. Ҳикмат, «Трибунал»-и А. Макаёнок, «Дуэл»-и М. Бойчиев, «Нурхон»-и К. Яшин, «Шаби пас аз хатм»-и Тендряков, «Шоҳина»-и А. Володин далели ҷустуҷӯю заҳматҳои эҷодию тахайюли рангини Т. Баҳромов буданд. Солҳои 90-уми асри 20 асарҳое назири «Кооперативи тумор»-и Ш. Қиёмов, «Як каллаву сад хаёл»-и У. Раҳимов, «Сӯҳони қазо»-и А. Абдуҷабборов, «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ, «Парвона»-и Уйғун, «Гумроҳ»-и М. Юсуфов, «Умри гузарон»-и Аъзам Сидқӣ ва якчанд намоишномаи кӯдаконаро ба саҳна гузоштанд. Театр дар ин солҳо дар озмунҳо бо намоишномаҳои «Марги судхӯр», «Парвона», «Сӯҳони қазо», «Товони гӯсола» ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардид (масалан, намоишномаи «Умри гузарон» Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандиро соҳиб шуд). Ибтидои соли 2000 Ю. Эргашев дар назди театр студияи актёрони наврасро ташкил намуд. Соли 2016 намоиши «Суди девонагон» (аз рӯи асарҳои «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир»-и Шекспир) дар таҳияи А. Ҳоҷақулӣ намоиш дода шуд. Театр дар саҳнаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ фарҳангу санъати театри тоҷиконро муаррифӣ кард. Соли 2017 намоиши «Қорӣ-ишкамба»-и С. Айнӣ (таҳияи М. Музаффар) дар фестивали «Место в городе» (Бишкек) баҳои баланд гирифта, дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» соҳиби ҷои аввал гардид. Дар ду соли ахир «Карлсон»-и А. Линдгрен, «Қобил»-и Н. Шодмонов, «Роҳзан»-и М. Музаффар, «Саргузашти О ва Э», «Бозичаҳо»-и Ф. Ғаффорпур ба саҳна гузошта шуданд. Театр дар фестивали «Парасту-2021» бо намоишномаи «Садои қу»-и А. Чехов (таҳияи А. Ҳоҷақулиев) ширкат карда, Шоҳҷоизаро ба даст овард. Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Ашт ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Муассисаи театрӣ аст. Марти соли 2016 таъсис шудааст. 25 барномаи консертию намоишномаро ба саҳна гузоштааст. Машҳуртаринашон «Мардикорон», «Вопасин арӯси амиралмуъминин», «Гулпарӣ», «Дар ҷустуҷӯи Бобои Барфӣ». --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 674–675.
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара — муассисаи театрӣ. 18 октябри 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Нахустин ҳунармандони театри навтаъсис М. Махсумов, Н. Исматов ва Р. Мутеуллоев буданд. Нахустин намоишномаи театр «То қиёмат»-и С. Айюбӣ (таҳияи Р. Одинаев, 2004) мебошад, ки дар жанри театри як актёр офарида шудааст. Намоишномаҳои баъдӣ «Бобои барфӣ куҷост?»-и Р. Одинаев, «Баъди кӯрдуд», «Экстрасенс»-и С. Муқаддамов, «Хурӯсҷоно», «Халтаро биёр»-и Ш. Солеҳов ва Зулфия Содиқова, «Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло, «Бойи золиму хурӯси ҷабрдида»-и Ш. Солеҳов, «Лаҳади Абдулаҳад»-и С. Айюбӣ, «Дод аз дасти Афандӣ», «Макри зан — ҷуволи арзан»-и Ғ. Ашӯров, «Оби мусаффо»-и Ҳ. Салимов ва И. Сафаров, «Рӯдакӣ»-и Ҷ. Қуддус ва М. Каримов, «Савдои ишқ»-и М. Набиев, «Афсона мехоҳам»-и Ҷ. Қуддус, «Соли нав дар Яхобод»-и И. Сафаров ва Х. Салимов, «Сӯҳони қазо»-и А. Абдуҷаббор, «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ, «Сухани вопасини модар»-и Ш. Ҳусайнов, «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и И. Усмонов ва А. Қодиров, «Гар зан ба шӯр ояд»-и С. Сафаров, «Диёри дилҳои хаста»-и Т. Муҳаммадризоев, «Ишқи дев»-и А. Қодиров ва И. Усмонов, «Пайраҳаи зиндагӣ»-и С. Сафаров, «Ишқи бозорӣ», «Лаҳзае бо Аллома»-и Ҷ. Қуддус, «Гулпарӣ» ва «Рӯбоҳ ва харгӯш»-и А. Файзиев, «Зангирии бобои Ҷумъа»-и Х. Холиқов, «Зиндамаргон»-и М. Ғоиб, «Чаманзори ваҳдат»-и Т. Аҳмадхонов, «Ҳазир-бод»-и Ҷ. Қуддус, «Дуздро қароқчӣ зад»-и С. Сафаров, «Дилҳои пуралам»-и М. Набиев, «Тахти Султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ, «Дугоникҳо»-и А. Могилев, «Зангирии Балзаминов»-и Н. Островский ва ғайра ба саҳна гузошта шудаанд. Борҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намоиши асарҳои саҳнавӣ ва рақсу сурудҳо (Хатлон, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, шаҳру ноҳияҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Театр ширкатдори фаъоли ҷашнвораҳои дохилию байналмилалии театрҳои касбӣ аст. Аз ҷумла, дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту-2007» (намоишномаи «Дод аз дасти Афандӣ»-и Ғ. Ашӯров, таҳияи Д. Убайдуллоев) ҷои дуввум, «Парасту-2011» (намоишномаи «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и И. Усмонов ва А. Қодиров) ҷои севвум, «Парасту-2013» (барои намоишномаи «Субҳи козиб»-и Ғ. Ашӯров, таҳияи Д. Убайдуллоев) дипломро соҳиб шуд. Дар «Парасту-2015» дар номинатсияи «Барои беҳтарин нақши эҷодӣ» (М. Махсумов, намоишномаи «Лаҳади Абдулаҳад»-и С. Айюбӣ, таҳияи А. Қодиров) ва «Парасту-2017» дар номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» (М. Махсумов, «Шикасти аввали қаромита»-и Ҷ. Қуддус) ҷоиза ба даст овард. Соли 2012 театр дар фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ таҳти унвони «Давраи эҳё ва санъати театрӣ», ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор шуд, бо намоишномаи «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ ширкат карда, ба гирифтани диплом мушарраф гардид. Театр соли 2020 «Тезии корд дар нӯғи корд»-и А. Абдураҳмонов, «Тавқи лаънат ва номзад»-и Ш. Солеҳ, «Карими Шиш»-и З. Ғулом, «Ҳаёт — сканворд»-и Х. Давлатовро рӯи саҳна овард. Ҳайати эҷодии театр дар фестивали «Парасту-2021» намоишномаи «Даҳ рӯзи генерал Шерак»-и И. Усмонов (таҳияи С. Додарбеков)-ро манзури тамошогарон намуд ва ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамонро барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиш соҳиб шуд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 673–674.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар
Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар — яке аз аввалин театрҳои касбии ҷумҳурӣ. Соли 1934 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати маҳаллӣ таъсис ёфт. То соли 1944 Театри драмаи мусиқии байниноҳиявӣ, аз июни 1944 ҳамчун Театри драмаи мусиқии вилоятӣ амал мекард. Соли 1951 барҳам хӯрд ва ҳайати ҳунармандони онро ба Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода гузаронданд. 2 августи 1979 аз нав эҳё шуда, номи Театри мазҳакаи мусиқиро гирифт. Коргардонони аввалини театр К. Воҳидов, Ҳ. Саидаҳмадов, ҳунарпешагони аввалинаш М. Ҷӯраева, А. Фатҳуллоева, С. Ӯрунов, Ҷ. Назарова, Х. Мамадҷонова, М. Анваров, К. Валиева, А. Ҷӯраева ва дигарон буданд. Намоишномаҳои нахустини театр «Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ, «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Молиер мебошанд. Минбаъд дар саҳнаи театр «Водии бахт»-и С. Саидмуродов, «Талоши бахт»-и Ш. Қиёмов, «Тоҳиру Зуҳра»-и С. Абдулло, «Муаллими ишқ»-и М. Миршакар, «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ намоиш дода шуданд. Дар ин давра ҳунарпешагон Ф. Исматов, Ҳ. Назарова, З. Бозорова, Х. Нозимов, Б. Холов, Н. Нигориева, Ҳ. Назаров, О. Ашӯрмамадов, О. Таваккалова ва дигарон фаъолият доштанд. Солҳои 80-уми асри 20 асарҳои муаллифони дохилию хориҷӣ — «Уқоб»-и С. Сафаров, «Чинори гӯё»-и С. Саидмуродов, «Алии масхарабоз»-и А. Бобохонов, «Чаҳорум»-и К. Симонов, «Аҷаб одаме»-и М. Бахтӣ, «Тӯйи бедомод»-и Ҷ. Қуддус, «Баҳодур»-и А. Баҳорӣ, «Ҷашн» ва «Хостгорӣ»-и А. Чехов, «Оилаи антиқапарастон»-и К. Голдони, «Гулдон»-и Э. Лобиш ба саҳна гузошта шуданд. Дастаи театр соли 1987 бо намоишномаи «Тӯйи бедомод»-и Ҷ. Қуддус дар Фестивали сеюми умумииттифоқии дастаҳои ҳунарии ҷавонон соҳиби диплом гардид. Соли 1988 ҳайати эҷодии театр дар нахустин Фестивали ҷумҳуриявии театрӣ — «Парасту» намоишномаи «Остона»-и А. Дударев ва соли 1989 «Тартюф»-и Ж. Молиерро ба саҳна гузошта, соҳиби ҷоизаи фестивал гардид. Театр охири солҳои 90-уми асри 20 ва дар даврони истиқлол намоишномаҳои «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, «Дақиқӣ»-и С. Айюбӣ, «Давлати Сомониён», «Оршин мол-олон», «Волидони беворис»-и М. Ғоиб, «Лаку Пак»-и А. Қодирӣ ва И. Усмонов, «Тавҳид»-и С. Умар, «Бӯрёкӯбонии Харгӯш»-и Х. Давлатов, «Кулвори сеҳрнок»-и А. Файзиев, «Аскарҷон»-и М. Ворфоламеев, «Абадзиндаҳо», «Бежан ва Манижа»-и Ҷ. Қуддус (таҳияи Б. Қурбонзода), «Волидони беворис»-и М. Ғоиб (таҳияи Қ. Зоиров), «Ишқ аз интернет»-и Н. Шарипов (таҳияи Ҳ. Шукуров)-ро рӯи саҳна овард, ки ҷолибу диданианд. Дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» театр барои намоишномаи «Бежан ва Манижа» (аз рӯи «Шоҳнома», таҳияи Б. Қурбонзода) ҷои дуввумро соҳиб гардид. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 673.
Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ
Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябри 1963 ҳамчун мактаби тиббӣ таъсис ёфтааст. Соли 1999 Омӯзишгоҳи тиббӣ, соли 2014 муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ном гирифт. Бинои коллеҷ панҷошёна (ошёнаҳои 4 ва 5 хобгоҳ барои 240 нафар) буда, 8 ҳуҷраи кор, 20 синфхона, 3 озмоишгоҳ, китобхона (5112 нусха адабиёти таълимиву методӣ), варзишгоҳ ва ошхона дорад. Аз рӯи 3 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори момодоягӣ. Донишҷӯён 290 нафар (51 писар ва 239 духтар). Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷ амал мекунанд. Машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар беморхона, таваллудхона ва дигар муассисаҳои тандурустии шаҳр баргузор мегарданд. Директорон: Э. М. Шерозов (1963–86), Т. Ниёзмамадова (1986–91), Д. Миралиева (1991–94), У. Диловаршоев (1994–2004), С. Назиров (2004–15), У. Темурбеков (аз 2015). У. Темурбеков. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Несюнӣ Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Несюнӣ, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Феврали 1932 ҳамчун Техникуми тиббӣ таъсис ёфтааст. Баъдан ба Комбинати тиббии таълимӣ (1954), Техникуми тиббӣ ба номи академик И. П. Павлов (1954), Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд; 1955), Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (1999), муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (2014) табдили ном кард. Номи имрӯзааш аз 31 декабри 2014. Сохтори коллеҷ аз 15 кафедра (забони давлатӣ, ҷамъиятшиносӣ, терапия, момоӣ ва амрози занона, касалиҳои бачагона, тибби оилавӣ, кимиё ва биология, анатомия ва физиология, микробиология ва беҳдошт, ҷарроҳӣ, забонҳои хориҷӣ, стоматология, информатика, кори ҳамширагӣ ва дорушиносӣ) иборат буда, аз рӯи 8 ихтисос (кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, кори тибби офиятбахшӣ, кори дандонсозӣ, кори фарматсевтӣ) мутахассис тайёр мекунад. Коллеҷ 130 синфхона, 8 толори лексионӣ, синфхонаи лингофонӣ, маркази тестӣ бо 58 адад компютер, китобхонаи электронӣ, китобхона (дорои 88 ҳазору 347 нусха адабиёти таълимӣ), хобгоҳ ва ошхона дорад. Донишҷӯён 4266 нафар, омӯзгорон 253 нафар (2020). Низоми таҳсил – кредитӣ. Коллеҷ дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен гурӯҳҳои мақсаднок дорад, ки мутахассиси кори ҳамширагӣ тайёр мекунанд. Коллеҷро то имрӯз 33000 нафар хатм кардаанд. Директорон: А. Муқаррамӣ (1944–46), У. И. Исмоилов (1946–51), А. Г. Абдуллоев (1952–54), Х. У. Умаров (1954–55), Я. Ш. Шерғозиев (1955–60), М. К. Қаюмова (1960–61), М. А. Охунова (1961–63), И. И. Исмоилов (1963–67), А. А. Абдуназаров (1967–68), Х. К. Рофиев (1968–94), М. У. Усмонов (1994), Э. М. Маҳмудов (1994–96), М. Х. Бобохӯҷаев (1996–99), М. И. Иномҷонов (1999–2008), А. А. Фузайлов (2009), А. Х. Мавлонов (2009–16), И. Ҳ. Комилӣ (аз 2016). И. Ҳ. Комилӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 394–395.
Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода
Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 31 августи 2007 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббӣ таъсис ёфтааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти 2014 ба муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода табдили ном кард. Аз рӯи 7 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори лабораторӣ, беҳдошт, санитария, эпидемиология, кори момодоягӣ, кори дорусозӣ, кори дандонсозӣ. Коллеҷ 6 кафедра дорад: фарматсевтӣ, кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, кори дандонсозӣ, тиббӣ-ташхисӣ. Коллеҷ дар бинои Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, аз синфхона, маркази тестии бақайдгирӣ, озмоишгоҳ, маркази таҷрибаомӯзӣ, китобхона (бо 8581 нусха адабиёти илмию бадеӣ, аз ҷумла 1500 нусха китоби электронӣ), хобгоҳ (барои 50 донишҷӯ), ошхона иборат аст. Дар коллеҷ 2364 донишҷӯ таҳсил мекунанд, омӯзгорон 173 нафар (2020). Коллеҷ баҳри баланд бардоштани сифати таълим бо 16 муассисаи тиббии шаҳр ҳамкорӣ дорад. Директорон: Ф. М. Тагаева (2007–15), А. Б. Сафаров (2015–17), Х. М. Каримов (2017–19), Ш. Б. Дӯстов (2019–20), М. Ч. Муродов (аз 2020). Ш. Дӯстов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 394.
Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент
Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1992 чун Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таъсис ёфтааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти 2014 ба муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент табдили ном кард. Аз рӯи 4 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори табобати дандон, кори фарматсевтӣ. Коллеҷ 5 кафедра дорад: тибби умумӣ, тахассусӣ, гуманитарӣ-табиӣ-риёзӣ, ҷарроҳӣ, кори ҳамширагӣ. 2 гурӯҳи мақсадноки коллеҷ дар назди муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ фаъолият доранд. Теъдоди донишҷӯён 964 нафар (243 писар ва 721 духтар), омӯзгорон – 196 нафар (2020). Коллеҷ дар бинои сеошёна ҷойгир буда, 32 синфхона, 20 кабинети фаннӣ, озмоишгоҳ, толори маҷлис, китобхона (дорои 11043 нусха адабиёти таълимӣ, аз ҷумла 3588 нусха китоби электронӣ), майдончаи варзишӣ дорад. Коллеҷро беш аз 4000 донишҷӯ хатм кардаанд. Директорон: Х. М. Қодирова (1992–2012), М. М. Сафаров (2012–13), М. М. Собирова (аз 2013). М. Собирова. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 394.
Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом
Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1986 ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таъсис ёфтааст. 19 майи 1987 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом табдили ном кард. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014. Аз рӯи 7 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори тиббию ташхисӣ, кори тиббию профилактикӣ, кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ, кори табобатӣ, кори дандонсозӣ. Коллеҷ дар бинои якошёна ҷойгир буда, дорои китобхона (7038 нусха адабиёти таълимиву методӣ), толорҳои хониш (бо 60 ҷои нишаст), хобгоҳ (барои 50 донишҷӯдухтар), варзишгоҳ, толори фарҳанг, маркази тестӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона аст. Дар коллеҷ 1298 донишҷӯ (152 писар ва 1146 духтар) таҳсил мекунанд. Омӯзгорон 86 нафар, аз ҷумла 5 номзади илм. Китобу дастурҳои устодони коллеҷ дар дигар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ низ истифода мешаванд, аз ҷумла «Русский язык» (О. Я. Ахмедов), «Забони англисӣ» (П. Г. Шарипова), «Фалсафа» (А. Р. Нуриён), «Диншиносӣ» (А. Р. Нуриён, Г. К. Ҷӯраева), «Биологияи тиббӣ» (Б. Б. Алиева) ва ғайра. Коллеҷ бо беморхона ва муассисаҳои тандурустии шаҳри Конибодом ҳамкорӣ дорад. Директорон: Ч. Рахимбердиев (1986–87), М. Абдуллоев (1987–89), А. Умаров (1989–2009), И. Комилӣ (2010–16), А. Р. Нуриён (аз 2016). А. Нуриён. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. А. Раҳмонзода Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. А. Раҳмонзода, муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 14 октябри 1953 чун мактаби тиббӣ таъсис ёфта, баъдан ба Омӯзишгоҳи тиббӣ (1954) ва Коллеҷи тиббӣ (1996) табдили ном кард. Аз 8 апрели 1999 Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. А. Раҳмонзода ном гирифт. Коллеҷ аз 7 факулта (кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, кори дандонсозӣ), 9 кафедра (биология ва тибби умумӣ, момодоягӣ, ҷарроҳӣ, асосҳои ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ, морфология, фармакология, фанҳои тиббӣ, забонҳо ва гуманитарӣ) иборат аст. Коллеҷ дар 2 бино ҷойгир буда, 93 синфхона, аз ҷумла 5 синфхонаи компютерӣ, маркази тестӣ, маркази технологӣ ва инноватсионӣ, китобхона (дорои 16789 нусха адабиёти таълимӣ), хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ дорад. Донишҷӯён 3912 нафар (787 писар ва 3125 духтар), омӯзгорон 472 нафар (2020). Коллеҷ дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг гурӯҳҳои мақсаднок дорад, ки оид ба кори ҳамширагӣ мутахассис омода менамоянд. Директорон: Б. Ш. Гадоев (1993–99), С. Холназаров (1999–2011), Ч. Назарзода (2011–20), З. А. Азиззода (аз 2020). Б. Абдусамадов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393–394.
Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара
Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16 июни 2008 чун Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Исфара таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014. Дар коллеҷ як шуъба фаъолият дорад, ки аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ мутахассис омода мекунад. Коллеҷ 467 донишҷӯ (13 писар ва 454 духтар) дорад (2020); омӯзгор – 52 нафар. Муҳлати таҳсил – 3 сол. Коллеҷ дар бинои таълимии дуошёна қарор дошта, аз 57 ҳуҷра (40 синфхона ва 17 ҳуҷраи корӣ), китобхона (4216 нусха адабиёти илмию бадеӣ, нусхаҳои электронӣ) ва варзишгоҳ иборат аст. Бо мақсади такмили савияи омодасозии мутахассисон бо муассисаҳои тандурустии шаҳр ва осоишгоҳи «Зумрад» ҳамкорӣ дорад. Таҳсил дар коллеҷ аз рӯи барномаҳои шуъбаи илмӣ-методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад. Коллеҷ бо Коллеҷи тиббии Хуҷанд низ робитаи илмӣ дорад. Арзёбии дониши донишҷӯён тариқи рейтинг ҷараён гирифта, лексияҳо дар ҳайати 30–70 нафар ва дарсҳои амалӣ ба тариқи сиклӣ (аз фанҳои тахассусӣ) доир мешаванд. Директорон: Д. Сафохонов (2008–13), Г. Бодбоева (2013–19), Қ. Шодибоев (аз 2019). Қ. Шодибоев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393.
Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан
Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24 апрели 1991 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан таъсис ёфтааст. 3 марти 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ном гирифт. Аз рӯи 5 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори табобату ташхис, кори профилактикӣ, кори фарматсевтӣ. Коллеҷ 4 кафедра дорад: фанҳои тибби умумӣ, табиӣ-риёзӣ, фанҳои тахассусӣ, забонҳо ва ҷамъиятшиносӣ. Дар коллеҷ 1238 донишҷӯ (177 писар ва 1061 духтар) таҳсил мекунанд, омӯзгорон – 176 нафар (2020). Коллеҷ дар бинои таълимии дуошёна ҷойгир шуда, 49 ҳуҷра (43 синфхона, 6 ҳуҷраи кор), озмоишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, варзишгоҳи мавсимӣ, китобхона (7034 нусха адабиёти таълимӣ дорад), китобхонаи электронӣ (бо 500 китоби электронӣ), бойгонӣ, майдончаи варзишӣ ва ошхона дорад. Таълим дар ду баст сурат мегирад; дарсҳои амалӣ дар синфхонаҳои базавӣ ва беморхонаҳои марказии шаҳр (бемориҳои пӯст, наркологӣ, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, гӯш, гулӯ ва бинӣ, реаниматсия ва ғайра) баргузор мегарданд. Директорон: С. В. Валиев (1991–94), А. Ф. Воҳидов (1995–2005), Ш. Э. Элназаров (2005–07), Ш. М. Шодиев (2008–11), А. Т. Раҳимов (2011–16), И. Н. Раҷабов (аз 2016). И. Н. Раҷабов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393.
Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат
Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3 марти 1966 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014. Коллеҷ як бинои таълимӣ, 75 синфхона, 3 озмоишгоҳ (микробиология, физика, биохимиё), китобхона (бо 5325 нусха адабиёти таълимиву бадеӣ), варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона дорад. Дар коллеҷ 7 кафедра (забонҳо, фанҳои гуманитарӣ, фанҳои морфологӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, асосҳои кори ҳамширагӣ, кимиё ва биология, фанҳои табиӣ-риёзӣ) амал мекунанд. Коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, кори момодоягӣ мутахассис тайёр мекунад. Коллеҷ дар беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Варзоб, Файзободу Рӯдакӣ гурӯҳҳои мақсаднок дорад. Теъдоди омӯзгорон 196 нафар. Коллеҷ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамкорӣ менамояд. Коллеҷро зиёда аз 15 ҳазор нафар хатм намудаанд (2019). Директорон: О. С. Рӯзиева (1966–67), М. М. Мусоева (1967–2002), Р. З. Файзуллоева (2002–10), М. Ч. Муродов (2010–17), Б. Ч. Сангов (аз 2017). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393.




