Тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ
Ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон то солҳои 20 асри 20 дар ҳайати Аморати Бухоро қарор дошт. Дар қаламрави имрӯзаи ҷанубу ғарбӣ ва марказии Тоҷикистон чунин бекиҳо вуҷуд доштанд: бекии Ҳисор - сарҳадди он аз дарёи Қаротоғ то Кофарниҳон (ғайри қисми пойноби дарё); бекнии Қубодиён — пойноби дарёи Кофарниҳон; бекии Дарвоз сарҳадди он аз дарёҳои Язгулом, Ванҷ то Обихингоб; бекии Қаротегин - сарҳадди он аз дарёҳои Муғсу ва Сурхоб то деҳаи Обигарм; бекии Балҷувон - сарҳадди он қисми болооби дарёи Сурхоб; бекии Қӯрғонтеппа - сарҳадди он аз қисми пойноби дарёи Сурхоб то соҳили рости Панҷи Миёна; бекии Кӯлоб - сарҳадди он аз дарёи Ёхсу ва Оби Ниёв. Помири Ғарбӣ ба бекиҳои Рӯшон, Шуғнон ва қисман Вахон низ тақсим мешуд.
Марзҳои боқимондаи Тоҷикистон (вилояти Суғд ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар байни вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Генерал-губернатории Туркистони Русияи подшоҳӣ тақсим шуда буд.
Ба ҳайати вилояти Самарқанд ноҳияҳои имрӯзаи Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ, Истаравшан, Деваштич, инчунин ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дохил мешуданд. Ноҳияи Ашт ба ду вилоят - Ашту Бободархон дохил мешуд, ки онҳо ба ҳайати уезди Намангон ва Конибодому Исфара ҳамчун вилоятҳои алоҳида ба уезди Ҳӯқанд итоат менамуданд ва якҷо бо Помири Шарқӣ ба вилояти Фарғона дохил буданд.
Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ тарзи нави тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ ва ноҳиябандӣ қабул гардид. Дар давраи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (солҳои 1920-1924) шакли тақсимоти маъмурии сезинаӣ — вилоят, туман ва кент ҷорӣ гардид. Дар давраи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсилистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) (солҳои 1924-1929) ҳудуди маъмурии он ба шакли тақсимоти маъмурии дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ буд. Дар ин давра вилоят ва туманҳо ба округҳо иваз карда шуданд. Замони ба шакли ҷумҳурии иттифоқӣ гузаштан (соли 1929), Тоҷикистон тақсимоти округиро қабул кард ва аз округҳои Ҳисор, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ғарм, Панҷакент, Ӯротеппа, Хуҷанд ва ВМБК (ба ҳафт ноҳияи маъмурӣ тақсим мешуд) иборат буд. Соли 1936 мувофиқи Конститутсияи ИҶШС, дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шакли тақсимоти областҳо (вилоятҳо) қабул шуда, октябри соли 1939 чунин тақсимот дар ҶШС Тоҷикистон низ ҷорӣ гардид. Мувофиқи ин тарзи тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ, дар ҷумҳурӣ вилоятҳои Ленинобод (масоҳат 23,3 ҳазор км²), Сталинобод (24,1 ҳазор км²), Кӯлоб (10,6 ҳазор км²), Ғарм (19 ҳазор км²) ташкил ёфтанд. Ҳанӯз пеш аз ин тақсимот, моҳи январи соли 1925 Вилояти автономии (мухтори) Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ, 66,9 ҳазор км²) таъсис ёфта буд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва марҳилаи баъдиҷангӣ (то соли 1951) дар тақсимоти маъмурӣ-сиёсии ҷумҳурӣ тағйироте ба амал наомад. Аз соли 1951 сиёсати барҳамдиҳии вилоятҳо оғоз гардид. Соли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятҳои Ғарму Кӯлоб ва соли 1962 вилояти Ленинобод барҳам хӯрда, шаҳр ва ноҳияҳои ба ин вилоятҳо тобеъбуда, минбаъд ба мақомоти давлати мутамарказ шуданд, вале ин чорабиниҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Бино бар ин, соли 1970 вилояти Ленинобод, соли 1973 вилояти Кӯлоб, баъдтар вилояти Қӯрғонтеппа (1977) ва чанде аз ноҳияҳои маъмурӣ барқарор карда шуданд.
Барои оқилона ҷой додани соҳаҳои истеҳсолӣ, самараноқ истифода бурдани захираҳои моддӣ, корӣ, молӣ ва табиӣ, беҳтар намудани мудирияту назорат, ҳамчунин бо мақсади таъмин намудани суръати баланди рушди истеҳсолот, такмили сохтори идорӣ ва дуруст ба роҳ мондани ноҳиябандӣ, масъалаи тақсимоти ҳудудию маъмурӣ ба миён омад. Дар замони Истиқлол вобаста ба сохтори сиёсию иқтисодии пешпирифтаи мамлакат масъалаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идора дар мадди аввал меистоданд. Ҳалли ин масъалаҳо қисман такмил додани тақсимоти сиёсию маъмуриро талаб мекард. Аз ҳамин ҷиҳат, соли 1993 вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа муттаҳид карда шуда, номи вилояти Хатлонро гирифтанд.
Ҳоло ҷумҳурӣ вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 18 шаҳр (аз ҷумла 5 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ, 13 шаҳри тобеи вилоят), 51 ноҳия (аз ҷумла 4 ноҳияи ш. Душанбе вуҷуд доранд. Х. Муҳаббатов.
Мувофиқи маълумоти оморӣ (1.1.2021), шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 9,6 млн нафарро ташкил медиҳад. Зиёда аз 2,4 млн нафар дар шаҳр ва тақрибан 6,9 млн нафар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Таркиб ва шумораи аҳолӣ аз шароити таърихӣ ва фаъолияти табиӣ инсонҳо сахт вобастагӣ дорад. То пошхӯрии ИҶШС шароити ташаккули аҳолӣ дар Тоҷикистон бо вижагиҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ, анъанавӣ, фарҳангӣ-маишӣ ва ғ. фарқ мекард. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ташаккули муносибатҳои нави бозаргонӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ, афзоиши шумораи аҳолӣ низ тағйир ёфт. Агар дар давоми солҳои 1939–1959 суръати афзоиши солонаи аҳолии ҷумҳурӣ 1,5 % ва солҳои 1959–1989 ин шумора 3–4%-ро ташкил медод, ин нишондод дар давоми солҳои 1990–2020 дар сатҳи 2–2,4% коҳиш ёфт. Ба сабаби баланд будани захираҳо (потенсиал)-и демографӣ (бештар будани аҳолии синнашон ҷавон), шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 зиёд шуда, минбаъд суръати он сол то сол паст меравад. Мувофиқи омори мутахассисони Институти демография ва иқтисодиёти АМИ Тоҷикистон, аҳолии мамлакат соли 2026 тақрибан ба 10,2 млн ва соли 2056 ба 13,1 млн нафар мерасад. Дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз ҷиҳати афзоиши солонаи аҳолӣ ҷои аввалро соҳиб аст (2,0–2,4%) (нигар ба ҷадвал).
Динамикаи шумораи аҳолии Тоҷикистон дар 70 соли охир (1950–2021):
| 1950 | 1951 | 1952 | 1953 | 1954 | 1955 | 1956 | 1957 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 1509,3 | 1554, 1 | 1619,4 | 1665,6 | 1705,9 | 1757,4 | 1808,2 | 1868,6 |
| 1958 | 1959 | 1960 | 1961 | 1962 | 1963 | 1964 | 1965 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 1932,1 | 1980,5 | 2044,8 | 2120,2 | 2211,6 | 2300,2 | 2383,4 | 2 468,8 |
| 1966 | 1967 | 1968 | 1969 | 1970 | 1971 | 1972 | 1973 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 2555,9 | 2632,5 | 2715,1 | 2806,9 | 2899,6 | 2988,2 | 3100,5 | 3196,0 |
| 1974 | 1975 | 1976 | 1977 | 1978 | 1979 | 1980 | 1981 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 3292,8 | 3396,7 | 3496,6 | 3602,3 | 3703,7 | 3802,9 | 3902,6 | 4006,3 |
| 1982 | 1983 | 1984 | 1985 | 1986 | 1987 | 1988 | 1989 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 4114,6 | 4231,8 | 4354,4 | 4485,3 | 4630,8 | 4784,9 | 4938,2 | 5109,0 |
| 1990 | 1991 | 1992 | 1993 | 1994 | 1995 | 1996 | 1997 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 5243,9 | 5361,0 | 5505,6 | 5567,2 | 5579,7 | 5633,8 | 5701,4 | 5769,1 |
| 1998 | 1999 | 2000 | 2001 | 2002 | 2003 | 2004 | 2005 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 5875,8 | 6001,3 | 6127,5 | 6264,6 | 6371,2 | 6487,1 | 6598,8 | 6718,9 |
| 2006 | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 | 2011 | 2012 | 2013 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 6842,2 | 6965,5 | 7096,9 | 7 373 800 | 7250,8 | 7417,4 | 7807,2 | 7987,4 |
| 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 8161,1 | 8352,0 | 8551,2 | 8742,8 | 8931,2 | 9126,6 | 9313,8 | 9588,5 |
Аҳолии шаҳру деҳот. Таносуби аҳолии шаҳру деҳот дар натиҷаи тағйири ҳиссаи рушди саноат ва шаҳрнишинӣ баҳо дода мешавад. То соли 1990 аҳолии шаҳрнишин 32% аҳолии кишварро ташкил медод. Баъди соли 1990 ин шумора коҳиш ёфта, соли 2020 он ба 26,2% расид. Ин падида пеш аз ҳама аз фаъолият мондани корхонаҳои бузурги саноатӣ ва муҳоҷирати сершумори аҳолии таҳҷоӣ, инчунин сатҳи ками таваллуд вобастагӣ дошт. Ҳоло роҳбарияти кишвар барномаи рушди саноат ва шаҳрнишин кардани аҳолиро ба роҳ мондааст, ки дар оянда зиёдшавии аҳолии шаҳрро дар ҳиссаи аҳолии кишвар дар назар дорад. Аҳолии деҳот мувофиқи барӯйхатгирии соли 2020 73,8% аҳолии кишварро ташкил медод. Ба ҳисоби миёна, аҳолии деҳот дар давоми сол 2–2,6% ва аҳолии шаҳр 1,8% зиёд шудааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати чунин шакли таносуби ҷойгиршавии аҳоли ба қатори давлатҳои кишварзиву саноатӣ дохил мешавад.
Таркиби синнусолӣ ва ҷинсият. Таносуби шумораи мардону занон нишондиҳандаи муҳими иқтидори афзоиши такрории аҳолӣ мебошад. Шумораи занон нисбат ба 100 мард дар давоми солҳои 1990 то 2020 аз 101,1 то 97,2 зан коҳиш ёфт. Бо боварии қатъӣ метавон гуфт, ки коҳиши шумораи занон дар таносуб бо мардон ба муҳоҷирати берунии занон вобаста аст. Дар деҳот ба 100 зан 97,6 мард рост меояд. Ин метавонад ба афзоиши такрории аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Таносуб миёни шумораи умумии мардону занон соли 1990 – 50,7 мард ва 49,3 зан буд. Чунин тамоюл дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар низ ба назар мерасад.
Таносуби аҳолӣ аз ҷиҳати синну сол дар ҷумҳурӣ чунин аст: солҳои 1990 синни ҷавонони қобили меҳнат – 43,4 %; аҳолии қобили меҳнат – 49,0%; аҳолии синни калони қобили меҳнат – 7,6%. Ин нишондод дар соли 2020 мутаносибан чунин 34,3%; 59,8% ва 5,9% аст:
Зичии аҳолӣ. Ҳудуди Тоҷикистон 141,4 ҳазор км² буда, 93% онро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд. Соли 2020 зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² 65,9 нафар, аз ҷумла, дар ВМКБ дар 1 км² 3,6 нафар, дар вилояти Суғд 107,4 нафар, дар вилояти Хатлон 135,6 нафар, дар шаҳри Душанбе 8464 нафар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 76 нафарро ташкил медод. Тағйири зичии аҳолӣ ба таваллуд ва муҳоҷирати берунии аҳолӣ вобаста аст.
Таркибӣ қавмӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ryногунқавм аст. Тоҷикон асосан дар деҳот ва шаҳрҳои хурд бо саноати суструшдкунанда ва аксари аҳолӣ дар водиҳо ва хамиҳои байникӯҳӣ, дар баландиҳои то 1600 м зиндагӣ мекунанд. Ӯзбекҳо баробар дар ноҳияҳо, русҳо ва дигар қавмҳо дар ноҳия ва шаҳрҳои саноатӣ зиндагӣ мекунанд.
Тағйироти назаррас дар таркиби қавмии аҳолии Тоҷикистон пас аз бозсозиҳои горбачёвӣ (ба туфайли муҳоҷирати озоди аҳолӣ ба кишварҳои аслии худ) ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омад, ки натиҷаи он оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон гашт. Дар натиҷаи ин ҳодисаи иҷтимоӣ-сиёсӣ таркиби қавмии аҳолӣ сахт тағйир ёфт (нигар ба ҷадвали 2).
Миллат 1959 1970 1979 1989 2000 2010
Тоҷикон 53,1 56,2 58,8 62,3 79,9 84,3
Ӯзбекҳо 23,0 23,0 22,9 23,5 15,3 12,2
Русҳо 13,3 11,9 10,4 7,6 1,1 0,5
Тоторҳо 2,9 2,4 2,1 1,4 0,3 0,1
Олмониҳо 1,6 1,3 1,0 0,7 0,0 0,0
Қирғизҳо 1,3 1,2 1,3 1,3 1,1 0,8
Украинҳо 1,4 1,1 1,0 0,8 0,1 0,0
Туркманҳо 0,4 0,4 0,4 0,4 0,3 0,2
Забони давлатӣ забони тоҷикӣ буда, забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва ғ. доираи васеи муошираткунандагон доранд. Шаҳрҳои Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Норак, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Конибодом, Панҷакент, Турсунзода, Исфара, Истаравшан, Ваҳдат, Леваканд ва ғ.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 11.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




