Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои вобаста ба андоз ва андозбандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Кодекси мазкур чунин муносибатҳои андозро муайян кардааст:

  1. муқаррар, бекор, ҳисобу пардохт кардан ва тағйир додани андозҳо, танзими муносибатҳои байни давлат ва андозсупоранда (агенти андоз) вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз;
  2. ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиётӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда;
  3. ситонидани боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 3. 12. 2004 қабул шуд. Кодекси амалкунанда 17. 9. 2012 қабул гардид ва аз 1. 1. 2013 мавриди амал қарор гирифт. Он аз қисми умумӣ ва махсус, 18 фасл, 50 боб ва 329 модда иборат аст.

Дар қисми умумӣ низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои он, навъҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, назорати пардохти андозҳо, санҷишҳо ва дигар шаклҳои назорати андоз, ҷавобгарӣ, ҳуқуқвайронкунии андоз, ҳалли баҳсҳо, мақомоти андоз, вазифаҳои асосии он ва ғайра дарҷ шудаанд.

Қисми махсус муносибатҳои вобаста ба андоз аз даромад ва андоз аз фоида, андозбандии байналмилалӣ, қоидаҳои баҳисобгирии андоз, давраи андоз, андоз аз арзиши иловашуда, объектҳои андозбандӣ, имтиёзҳои андоз, вақт ва маҳалли анҷом додани амалиёти андозбандӣ, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андоз, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва ғайраро танзим кардааст.

Адабиёт

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2012.

А. Холиқзода.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 146.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.