Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ ба танзим медарорад. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ се бор қабул шудааст.
Бори нахуст он дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (декабри 1992) қабул гардид, аз 11 фасл ва 154 модда иборат буд.
4.11.1995 дар Иҷлосияи дуввум, даъвати аввали Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кодекс дар таҳрири нав қабул гардида, то соли 2005 амал кард. Он аз 14 фасл, 65 боб ва 454 модда иборат буда, ба он 300 модда, 3 фасл илова гардид. Дар ин санад ба масъалаҳои мубориза алайҳи қочоқ ва ҷиноятҳои дигар дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, бори аввал мақомоти гумрук ба гузаронидани тафтишот ва анҷоми фаъолияти фаврию ҷустуҷӯӣ ҳуқуқ пайдо кард.
25.11.2004 бори сеюм кодекс қабул шуд, ки аз 1.1. 2005 мавриди амал қарор гирифт. Он аз 7 фасл, 62 боб ва 508 модда иборат аст.
Фаслҳои Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон: муқаррароти умумӣ, пардохти гумрукӣ, хироҷи гумрукӣ, назорати гумрукӣ, назорати гумрукӣ дар соҳаи назорати асъорӣ ва содиротӣ, ихтиёрдории молу воситаҳои нақлиёт, мақомоти гумрук.
Тибқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими давлатии фаъолияти гумрукӣ дар 4 самт роҳандозӣ мешавад:
- тартиби интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ;
- механизми татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои муносибатҳои гумрукӣ дар ҷараёни расмӣ намудан ва назорати гумрукӣ;
- тартиби муқаррар кардан ва ситонидани пардохти гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ;
- тартиби шикоят кардан дар бораи амал (беамалӣ)-и мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо.
Адабиёт
Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2004; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012.
Б. Назаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 146–147.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




