Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои истифодаи замин ва молумулкиро дар соҳаи истифодаи замин танзим менамояд. Кодекс меъёрҳои ҳуқуқии вобаста ба истифодаву ҳифзи замин ва ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидориро дар бар мегирад.
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.12.1996 қабул шуда, аз 18 боб ва 205 модда иборат аст.
Бобҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон: қоидаҳои асосӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони замин, додани замин, пардохти замин, қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин, ҳифзи ҳуқуқ оид ба замин, ҳифзи замин, назорати давлатии риояи қонунгузории замин, заминсозӣ, кадастри давлатии замин ва мониторинги замин, заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, заминҳои саноат, нақлиёт, мухобирот, мудофиа ва таъйиноти дигар, заминҳои ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ, заминҳои фонди давлатии ҷангал, заминҳои фонди давлатии об, заминҳои захираи давлатӣ ва муқаррароти хотимавӣ.
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зайл асос меёбад: нигоҳдории фонди ягонаи давлатии замин, беҳтар намудани сифат ва ҳосилхез кардани замин ҳамчун захираи муҳимтарини табиӣ; таъмини истифодаи самараноки замин; таъмини ҳифзи махсус, васеъ намудан ва истифодаи қатъии мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, ташкили бозори ҳуқуқи истифодаи замин, фаъолияти самараноки он ва роҳ надодан ба фаъолияти инҳисорӣ дар бозори ҳуқуқи истифодаи замин, дастгирии давлатӣ барои амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳосилхез кардани заминҳои кишоварзӣ ва ғайра.
Адабиёт
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1996.
Б. Назаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 147.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




