Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиест, ки барои танзими тартиб, шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, расонидани ёрӣ ба маҳкумшудагон ҷиҳати созгорӣ (адаптатсия)-и иҷтимоии онҳо қабул шудааст. Мақсади Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии ҷиноятҳои нав мебошад.

Кодекс 6. 8. 2001 қабул гардида, аз ду қисм: умумӣ ва махсус, 10 фасл, 23 боб, 226 модда ва номгӯи молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда намешавад, иборат аст.

Дар қисми умумӣ масъалаҳои умумӣ, ба монанди муқаррароти умумӣ, муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазову назорати фаъолияти онҳо ва иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ дарҷ гардидаанд.

Қисми махсус масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: иҷрои ҷазо дар намудҳои ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум намудан аз озодӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон, мусодираи молу мулк, муассисаҳои ислоҳӣ ва намудҳои онҳо, озод намудан аз адои ҷазо ва ғайра.

Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фарогири дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутааллиқ ба масъалаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон («Низомномаи тартиби бахшиши ҷазои шахсони аз тарафи судҳои Тоҷикистон маҳкумшуда» аз 25. 5. 1997), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3. 4. 2007; «Низоми тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» аз 14. 9. 2006), ҳамчунин, вазоратҳои алоҳида (адлия, мудофиа) тасдиқ ва қабул шудаанд.

Адабиёт

Шарипов Т. Ш. Условное освобождение от отбывания наказания: проблемы теории, законодательства и практики. Душанбе, 2006; Уголовно-исполнительное право. Том 2. Москва, 2006; Тафсир ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ. Душанбе, 2018; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019; Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019.

Н. Қудратов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 147.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.