Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба таъмини адолати судӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ бо роҳи ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва баррасии дигар парвандаҳо аз ҷониби судҳои иқтисодӣ муқаррар кардааст. Кодекс 5.1.2008 қабул шуда, аз 1.4.2008 мавриди амал қарор гирифт. Он аз 7 фасл, 34 боб ва 306 модда иборат аст.
Фаслҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Муқаррароти умумӣ;
- Истеҳсолот дар суди иқтисодии марҳалаи якум: истеҳсолоти даъвоӣ;
- Истеҳсолот дар суди иқтисодии марҳалаи якум, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд;
- Хусусиятҳои истеҳсолот аз рӯи категорияҳои алоҳидаи парвандаҳо дар суди иқтисодӣ;
- Истеҳсолот аз рӯи парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ;
- Истеҳсолот оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии судҳои иқтисодӣ;
- Баррасии парвандаҳо вобаста ба иҷрои санадҳои судии судҳои иқтисодӣ.
Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зерини мурофиаи судии иқтисодиро муқаррар кардааст:
- ҳимояи ҳуқуқи вайроншуда ё мавриди баҳс қароргирифта, манфиатҳои қонунии шахсони ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ машғул, ҳамчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ;
- таъмини дастрасии адолати судӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ;
- муҳокимаи судии адолатнок ва ошкоро аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар муҳлати муқарраркардаи қонун;
- мусоидат ба таҳкими қонуният ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ва ғайра.
То имрӯз ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 бор тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар тағйироти охирин боби алоҳида (боби 12) ба навъи мурофиа «Фармон» бахшида шуд, ки мутобиқи он суди марҳалаи якум дар асоси ариза дар бораи рӯёнидани маблағҳои пулӣ ё талаби молу мулки манқул аз қарздор фармон қабул менамояд.
Н. Эмомализода.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 148.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




