Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба пешбурди парвандаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҷавобгарӣ ва татбиқи ҷазои маъмурӣ муқаррар кардааст. Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.7.2013 қабул шуда, аз қисмҳои умумию махсус, 3 фасл, 19 боб ва 248 модда иборат аст.

Дар қисми умумӣ принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди парвандаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳое, ки имкони иштирокро дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд, далелҳо ва исботкунӣ, чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар қисми махсус баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), баррасӣ кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, тартиби иҷрои намудҳои ҷудогонаи ҷазои маъмурӣ муайян шудаанд.

Вазифаҳои Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • муқаррар кардани тартиби расмӣ кардан ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарар дидаанд;
  • ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кардааст;
  • таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ва ғайра.

Кодекс ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:

  • қонуният;
  • ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс;
  • баробарӣ дар назди қонун ва суд;
  • ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ;
  • таъмини амният ҳангоми расмӣ кардан ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
  • ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
  • ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
  • эҳтимолияти бегуноҳӣ;
  • амалӣ кардани адолати судӣ;
  • мустақилияти судяҳо;
  • забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқи маъмурӣ.

Ҷ. Ҷамшедзода.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 148–149.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.