Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. Кодекси мазкур 29.11.2000 қабул гардида, аз 5 фасл, 24 боб ва 146 модда иборат аст.
Дар моддаҳо ва бобҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин танзим шудаанд: салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои об, ҷойгиркунӣ, бунёд ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолати об таъсиркунанда, иҷрои корҳо дар объектҳои об ва минтақаҳои ҳифзи об, намудҳои истифодаи об, истифодабарандагони об ва объекти истифодаи об, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони об ва ташкилотҳои хоҷагии об, қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об, истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшиданӣ, маишӣ, дармонӣ, курортию солимгардонӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳидроэнергетикӣ, нақлиёти обию ҳавоӣ, хоҷагии моҳипарварӣ ва шикор, мамнуъгоҳҳо, партофтани обҳои обпарто, зидди сӯхтор, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва дигар ҳолатҳои ба он монанд, истифодаи обанборҳо, ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи об, ҳифзи об ва пешгирии таъсири зараровари он, назорати давлатӣ, баҳисобгирӣ ва банақшагирии истифодаи об, идораи ҳавзаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории об.
Адабиёт
Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2000; Раҷабов С. А., Ҷабборов Ф. Н. Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об. Душанбе, 2018; Тафсири Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2013.
Ф. Ҷабборов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 149.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




