Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки тартиби таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, баррасии ариза ва шикоятҳои маъмурӣ, мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд ва ҳамкории мақомоти маъмуриро муайян менамояд. Кодекс 7. 2. 2007 қабул шуда, аз 8 боб ва 141 модда иборат аст.
Мақсади Кодекси мазкур таъмини риояи волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои ҷамъият, давлат ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти маъмурӣ буда, амали он дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳои маъмурӣ байни мақомоти маъмурӣ нисбат ба тақсими ваколатҳо, бартарии санадҳои ҳуқуқии маъмурии қабулгардида ва шикоят намудан аз болои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, амалҳои мақомоти маъмурӣ ва шахсони мансабдори ин мақомот вобаста ба иҷрои вазифаҳои маъмурӣ, ҳамчунин дар фаъолияти судҳо ҳангоми гузаронидани мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд татбиқ мегардад.
Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробарӣ дар назди қонун, амалисозии ваколатҳо дар асоси қонун, мутаносибӣ, амалисозии беғаразонаи расмиёти маъмурӣ ва махфият асос ёфтааст.
Дар бобҳои Кодекс муқаррарот вобаста ба санади ҳуқуқии маъмурӣ, расмиёт аз рӯи санади маъмурӣ ва иҷрои он, расмиёти маъмурӣ дар дохили мақомоти маъмурӣ, вобаста ба шикояти маъмурӣ аз санади маъмурӣ, расмиёти маъмурӣ дар суд ва расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ ба санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ инъикос ёфтааст.
Адабиёт
Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2007.
Ҷ. Ҷамшедзода.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




