Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ марбут аст. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15. 3. 2017 қабул шуда, аз 2 фасл, 29 боб ва 223 модда иборат аст.
Дар Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқӣ марбут ба масъалаҳои зер муқаррар шудаанд: танзим ва идора дар соҳаи тандурустӣ, низоми тандурустӣ, маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ, иҷозатномадиҳӣ, иҷозатдиҳӣ, аккредитатсия, аттестатсия ва экспертиза дар соҳаи тандурустӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ, ёрии тиббӣ, намуд ва шаклҳои он, тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқи ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул шудан, фаъолияти хусусии тиббӣ, тибби оилавӣ, тибби халқӣ, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивии аҳолӣ, таъмини модару кӯдак бо кумаки тиббию санитарӣ, ҳимояи ғизои кӯдакон, ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, маводди доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ, донории хун ва ҷузъҳои он, пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон, расонидани кумаки тиббӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, танзими муносибатҳои алоҳида дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам, расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба беморони наркологӣ, ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ғайра.
Адабиёт
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2017.
Б. Назаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




