Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият ва асосҳои амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи авиатсия танзим менамояд. Кодекси мазкур 13.11.1998 қабул шуда, 18 боб ва 130 моддаро дар бар мегирад.
Вазифаҳои Кодекс: танзими таъмини ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, мудофиа ва амнияти давлат, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, амнияти авиатсионӣ ва муҳити зист.
Тибқи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ, муносибатҳое, ки бо фаъолият дар соҳаи авиатсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, ҳамчунин муносибатҳое, ки аз парвози ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд, агар дар қонунҳои кишваре, ки ҳавопаймо дар он қарор дорад ё дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин муносибатҳоеро танзим менамояд, ки вобаста ба парвози ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд (агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди дигаре пешбинӣ нашуда бошад) (моддаи 7).
Бобҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои зер ихтисос ёфтаанд: қоидаҳои умумӣ, танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия, назорати давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кормандони авиатсия, ҳайати ҳавопаймо, ҳавопаймоҳо, аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва иншооти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, корхонаҳои авиатсионӣ, парвози ҳавопаймоҳо, парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо, бехатарии авиатсия, ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, таҳқиқи ҳодиса ва воқеаи авиатсионӣ; ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда, истифодабар ва борфиристанда, муқаррароти хотимавӣ.
Адабиёт
Ҳуқуқи байналхалқӣ. Душанбе, 2010; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1998; Правовой режим воздушного пространства. Аэронавигация и безопасность. Москва, 2014.
Ф. Ҷабборов.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ, намудҳои ҷазо ва татбиқи ҷазои маъмурӣ муқаррар мекунад. Аввалин Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 5. 12. 1985 қабул гардидааст. Кодекси нав, ки 31. 12. 2008 қабул шуд, аз 1. 4. 2009 мавриди амал қарор гирифт. Кодекс муносибатҳои зерро танзим менамояд: қоидаҳои умумӣ ва принсипҳои қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; кирдор (амал ё беамалӣ)-е, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад; ҷавобгарии маъмурии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани меъёрҳои пешбининамудаи кодекс; намудҳои ҷазои маъмурӣ ва қоидаҳои татбиқи онҳо.
Кодекси мазкур аз ду қисм – умумӣ ва махсус, 2 фасл, 40 боб, 691 модда иборат аст. Дар қисми умумӣ вазифаҳо, муносибатҳои танзимшаванда, принсипҳои қонунгузории маъмурӣ, мафҳум ва навъҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷавобгарии маъмурӣ, мафҳум ва намудҳои ҷазои маъмурӣ, таъйини ҷазои маъмурӣ ва ғайра муқаррар шудаанд. Дар қисми махсуси Кодекс кирдорҳои маъмурӣ дар соҳаҳои муҳофизати кор ва саломатӣ, моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, муносибатҳои вобаста ба замин, муҳити атроф, ёдгориҳои таърихӣ ва маданият, саноат, истифодаи неру (энергия)-и гармӣ ва барқ, хоҷагии қишлоқ ва қоидаҳои санитарӣ, истифодаи нақлиёт, роҳ, мухобира, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналию ободонӣ, соҳаи савдо, молия, тартиботи ҷамъиятию идора ва ғайра муқаррар шудаанд.
Адабиёт
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2012. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008.
Ҷ. Ҷамшедзода.
Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки муносибатҳоро дар соҳаи истифода ва муҳофизати ҷангал дар Тоҷикистон танзим мекунад. Кодекси мазкур бори нахуст 24. 6. 1993 ва бори охир 2. 8. 2011 қабул гардида, аз 9 фасл ва 75 модда иборат аст.
Дар Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои зерини ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд: мафҳумҳои асосӣ, объекти муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал, принсипҳои пешбурди соҳаи хоҷагии ҷангал, фонди ягонаи ҷангал ва заминҳои он, субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал, идора ва назорат дар соҳаи ҷангал, ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳаи хоҷагии ҷангал, имконияти иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар рушди идораи ҷангал, масъалаи ҳифз ва ҳимояи фонди ҷангал, вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони нозироти давлатии ҳифзи ҷангал, ташкили хоҷагии ҷангал, талабот доир ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ҷангал, категорияҳои муҳофизатии ҷангалҳо, намудҳои заминҳои фонди ҷангал, баҳисобгирии давлатии фонди ҷангал, ҷангалсозӣ, кадастри давлатии ҷангал, мониторинги давлатии ҷангал, бунёд, барқарор ва зиёд кардани сермаҳсулии ҷангал, масъалаҳои ташкили ҷангалҳои плантатсиявӣ ва тухмипарварию ниҳолпарварӣ дар ҷангал, ҳуқуқи ҷангалдорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷангалдорон, қатъ гардидани ҳуқуқи ҷангалдорӣ, масъалаҳои идораи муштараки ҷангал, ҳуқуқи истифодаи ҷангал ва фонди ҷангал, механизмҳои иқтисодии хоҷагии ҷангал, истифодаи муздноки захираҳои фонди ҷангал, роҳҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои васеъ намудани майдони ҷангалзори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии давлатии хоҷагии ҷангал, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқарорӣ ва истифодаи устувори ҷангал, ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррарот ва тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Адабиёт
Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2011; Тафсири Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019.
Ф. Ҷабборов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 150–151.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




