Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади қонунгузориест, ки кирдорҳои хавфноки зидди шахсият, ҷамъият ва давлат, асосҳо ва принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, намудҳои ҷазову чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятиро муқаррар мекунад. Кодекс 21. 5. 1998 қабул шуда, аз 1. 9. 1998 мавриди амал қарор гирифт. Он сарчашмаи ягонаи ҳуқуқи ҷиноятӣ буда, қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, бояд ба Кодекс дохил карда шаванд.
Кодекси мазкур аз ду қисм иборат аст: умумӣ ва махсус. Қисми умумӣ меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо меъёрҳои умумӣ дар бораи ду ниҳоди асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ – ҷиноят ва ҷазо муқаррар гардидаанд. Қисми махсус кирдори ҷиноятиро мушаххас ва ҳадди ҷазоро барои он пешбинӣ мекунад. Кодекс 15 фасл, 34 боб ва 405 моддаро дар бар мегирад. Қисми умумӣ аз 6 фасл, 15 боб ва 103 модда иборат аст. Қисми махсус фарогири 9 фасл, 19 боб ва 302 модда мебошад.
Фаслҳои қисми умумии Кодекс (1–6) аз рӯи ниҳодҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ тақсимбандӣ шудаанд: қонуни ҷиноятӣ, ҷиноят, ҷазо, озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо, ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон, чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ.
Дар қисми махсус (7–15) фаслҳо вобаста ба ҷиноятҳо дар соҳаҳои гуногун тақсим шудаанд: ҷиноятҳо ба муқобили шахсият, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, амнияти экологӣ ва муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, амнияти иттилоотӣ, ҳокимияти давлатӣ, хизмати ҳарбӣ, муқобили сулҳу амнияти инсоният, ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт.
Тибқи тағйирот аз 17. 5. 2004 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонунибуда» ҳамроҳ шудааст.
Адабиёт
Шарипов Т., Азимов Н., Камолов З., Насриддинов М. Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ. Душанбе, 2010; Қудратов Н. Уголовное право Республики Таджикистан. Учебно-методический комплекс. Душанбе, 2012; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014.
Н. Қудратов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 151.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




