Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дорои рамзҳои давлатӣ мебошад. Онҳо Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ мебошанд ва рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд.

Парчами давлатӣ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи ранга ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудаанд: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд.

Парчами давлатӣ дар биноҳои зерини мақомоти ҳокимияти давлатӣ афрохта мешавад: қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ҳамчунин дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо ва дигар ҷойҳо. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.

Нишони давлатӣ

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз тасвирҳои зайл иборат аст: тоҷи тансиқшуда ва 7 ситораи нимдоирашакл, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда, чанбаре бо хӯшаҳои гандум аз тарафи рост ва бо шохаҳои пахтаи шукуфон аз тарафи чап оро ёфта, болои чанбар бо тасмаи сераха печонида шудааст ва дар қисми поёнии он рӯи поя китоби боз ҷой гирифтааст. Нишон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб, поя бо зарҳал тасвир ёфтаанд, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст.

Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад: дар болои биноҳо ва толори қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар ҷойҳои муқарраршуда. Истифодаи Нишони давлатӣ нисбат ба Парчам ва Суруди миллӣ васеътар аст, дар шиносномаи ҳар шаҳрванд ва дар ҳама муҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ тасвири Нишони давлатӣ инъикос ёфтааст.

Суруди миллӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои зер иҷро мешавад: баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғозу анҷоми иҷлосияву ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд; ҳамарӯза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ; ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва барномаҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд ва дигар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун. Эҳтиром ва аз ёд донистани Суруди миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Шахсони гунаҳкор ба таҳқир ва нақзи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд буд,
Саодати ту, давлати ту бегазанд буд.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Адабиёт

Низомнома «Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 11.12.1999; Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11.12.1999; Низомнома «Дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11.12.1999; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2007.

Ҷ. Ҷамшедзода.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 152.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.