Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат унвони абадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои анҷоми хизматҳои бузург, беназираш дар назди мардуми Тоҷикистон ба он сарфароз шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдорию бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо кард ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихи фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хидматҳои бузурги тақдирсозро анҷом додааст. Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пайдарпай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад. Вобаста ба хидматҳои бузурги таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ӯ дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳияти якумраро доро мебошад: ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимми сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба эътибор гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад, метавонад дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзад ва дар бораи масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд, дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳатҳо диҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун Президенти собиқ узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад. Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад.
Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
Адабиёт
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 152–153.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




