Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи беҳдошт ва мелиоратсияи замин мебошад. Фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бахши мелиоратсияи заминҳои обёрӣ, истифода ва нигаҳдошти муассисаҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи об иборат мебошад. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 19.11.2013, №12) таъсис дода шуд.

То давраи ташкили Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи беҳдошт ва мелиоратсияи замин аз ҷониби Раёсати хоҷагии оби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1925–29), Раёсати хоҷагии оби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929–40), Комиссариати халқии хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (1946–47), Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (1947–97), Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997–2006) ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006–2013) татбиқ карда мешуд.

Самтҳои асосии фаъолият

Самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи беҳдошт ва мелиоратсияи замин; анҷоми корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии иншооти обию техникӣ, анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нокорам, назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об дар заминҳои кишоварзӣ, танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва идораи захираҳои об дар низоми беҳдошти замин ва обёрӣ дар асоси идораи ҳамгироёнаи захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳои дарёҳои хурду калон ва ғайра.

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро оид ба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.

Сохтори дастгоҳи марказӣ

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд; Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон; Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Душанбе; Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Ҳисор; Шуъбаи обёрӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; Муассисаҳои давлатии «Назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об»; «Истифодабарии иншоотҳои истеҳсолӣ ва манзилӣ»; «Шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо»; «Таъмир ва нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ»; «Нақби оби Данғара»; «Маркази такмили ихтисос»; «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ»; «Канали Чӯбак»; «Канали Хоҷабоқирғон»; Маркази идораи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона»; Маркази идораи лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ» ва Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар ҳайати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

Ташкилотҳои ғайритиҷоратии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз»; Корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷикобавтоматика», «Суғдобсохтмон», «Вахшобсохтмон», «Селмуҳофизат»; Корхонаи воҳиди давлатии комплектатсияи иншоотҳои мелиоративӣ; Корхонаи воҳиди давлатии корҳои махсусгардонидаи № 10 шаҳри Ваҳдат; Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Обёрии Данғара».


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 157.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.