Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ татбиқ мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30. 12. 2007, № 652) таъсис ёфта, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.

То давраи таъсиси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ин ниҳод аз ҷониби Шуъбаи захираи давлатӣ ва корҳои махсуси Вазорати иқтисод ва молия (1992–93), Шуъбаи баланси моддӣ, тақсимот ва сарфаи захираҳои Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993–94), Шуъбаи захираи давлатӣ ва корҳои махсуси Вазорати иқтисод ва дурнамо (1994–98), Вазорати иқтисод ва робитаи беруна (1998–2001), Раёсати хариди давлатӣ ва савдои Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон (2001–06) ва Раёсати захираҳои давлатӣ ва сафарбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешуданд.

Сохтори дастгоҳи марказӣ

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият ва раёсатҳои татбиқи сиёсати давлатӣ, банақшагирии стратегӣ ва идораи захираи давлатӣ; ташкил ва ташаккули сарватҳои моддии захираи давлатӣ; муҳосибот, баҳисобгирӣ ва аудит; корҳои махсус, сиёсати кадрҳо ва хоҷагидорӣ; бахши таъминоти ҳуқуқӣ иборат мебошад.

Аз соли 2009 дар назди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираи моддӣ», «Захираи нафтӣ», «Захираи моддии Суғд», «Захираи ғалла» ва «Захираи газ» таъсис дода шуданд.

Вазифаҳои асосӣ

Вазифаҳои асосии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ;
  • ҳифзи амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таҳияи таъминоти методологии ҷараёни ташаккули сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
  • татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини идораи самараноки сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
  • таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои методӣ доир ба масъалаҳои идораи сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
  • андешидани чораҳои зарурӣ барои хариди сарватҳои моддӣ баҳри ташаккули захираи давлатӣ;
  • ташкили ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва хидматрасонии захираи моддии давлатӣ;
  • муайянсозии шароити нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
  • бо дар назар доштани муқаррароти стандартҳои давлатӣ ва вазъи техникӣ таъмини назорат ҷиҳати таъмини миқдор, сифат, ҳолат ва ҳаракати сарватҳои моддии захираи давлатӣ.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҷумҳурии мо бо сабаби мавҷуд набудани заминаҳои захираи давлатӣ маводди захирашаванда дар базаҳои махсуси ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон нигоҳдорӣ мешуд. Аз ибтидои солҳои 1990-ум дар сохтори Кумитаи банақшагирии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои танзими воридот, нигоҳдорӣ ва тақсимоти захираҳои моддӣ шуъбаи махсус ташкил ёфт.

Дар шароити муосир Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини талаботи мобилизатсионии мамлакат ва анҷоми корҳои аввалиндараҷа ҷиҳати бартараф кардани оқибати ҳолатҳои фавқулода, расонидани ёрии башардӯстона, танзими талаботу пешниҳоди бозори дохилӣ, пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Шӯрои машваратии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳамасола ҷиҳати нигоҳдории дуруст, захира намудани маҳсулоти ғизоӣ ва зироатҳои кишоварзӣ дар семинар-машварати он иштирок намуда, ҳамзамон бо намояндагони дигар кишварҳо вохӯриҳои алоҳида анҷом медиҳад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти алоқаманди давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳаҷми додугирифти маҳсулот бо Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Украина, Беларус, Қазоқистон ва Озарбойҷон тадриҷан афзоиш меёбад.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 157–158.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.