Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи 2007 (№ 143) бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, аз байн бурдани такрори вазифаву ваколатҳои мақомоти идораи давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати тафтишотӣ дар заминаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.
Самтҳои асосии фаъолият
Самтҳои асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия;
- дар доираи ваколати худ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат;
- амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъ ва фош кардан, ҳамчунин таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои марбут ба андоз, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия дар доираи салоҳияти худ;
- амалӣ гардонидани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати давлатии молиявӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми 5 соли аввали фаъолияти худ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ беш аз 5 478 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи беш аз 514,8 миллион зарари молиявиро ошкор намуд.
Роҳбарон
Роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ш. О. Салимзода (2007–2009), Абдуфаттоҳи Ғоиб (2009–2015), Р. Эмомалӣ (2015–2017), С. С. Султонзода (аз 2017).
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 158.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




