Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳифзи ҳуқуқ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, назорати муомилоти онҳоро амалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи онро назорат ва манфиати давлатро дар бобати назорати маводди нашъаовар дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя менамояд.

Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.7.1999 таъсис ёфт. Он барои иҷрои Конвенсияи ягонаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба воситаҳои нашъадор (1961) ва дар асоси протоколе, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводди нашъаовар ва пешгирии ҷинояткорӣ ба имзо расид (Вена, 27.4.1999), созмон дода шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводди нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳуҷҷати лоиҳавии «Агентии назорати маводди нашъаовари Тоҷикистон (Агентии назорати маводди нашъаовар – Марҳилаи II)»-ро имзо намуданд (17. 6. 2003).

Самтҳои асосии фаъолият

Самтҳои асосии фаъолияти Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ.

Аз соли 2000 то ҳол қариб 400 нафар корманди Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳо, аз ҷумла дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мамлакатҳои хориҷа таълим гирифтанд.

Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд раёсатҳои минтақавӣ, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент ва ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим шуъбаҳои байниидорӣ дорад.

Директорон

Директорони Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Р. Назарзода (1999–2016), Ш. Салимзода (2016–2020), Ҳ. Воҳидзода (аз соли 2020).

Адабиёт

20-солагии Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2019.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 158–159.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.