Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии соҳаи сиёсати баҳисобгирии оморӣ ва таҳлили иқтисодӣ аст, ки ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилооти омориро дар асоси принсипҳои омӯзиши объективӣ ва ҳамаҷонибаи равандҳои иҷтимоию иқтисодии муртабити ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар заминаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуда, барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқоти хоҷагии хонавода, таҳияи омори демографӣ, маҷмӯи васеи маълумоти омори иқтисодӣ, аз ҷумла тадқиқоти корхонаву муассисаҳо, ҳамчунин нархҳо, савдои хориҷӣ, ҳисобҳои миллӣ, молияи давлатӣ, омори аграрӣ, иҷтимоӣ ва омори кор ваколатдор аст.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро доир ба омори соҳаи иҷтимоӣ (тандурустӣ ва маориф) аз вазоратҳои дахлдор мегирад. Маълумоти омори монетарӣ тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Низоми ягонаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистонро Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангии муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ», сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ташкил медиҳад.
Дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият; раёсати методологияи оморӣ ва кор бо мақомоти маҳаллии омор; Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ; Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон, Раёсати омори кишоварзӣ; Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия; Раёсати бақайдгирии нархҳо, тарифҳо, индексатсияи даромади аҳолӣ ва тадқиқоти хоҷагии хонавода; Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ; Раёсати омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ; Раёсати омори нақлиёт, мухобира ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидмати пулакӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист; Раёсати банақшагирӣ, ҳисобот ва маъмурию хоҷагӣ; Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус; Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ; Бахши ҳуқуқ иборат аст.
Мувофиқи нақшаи идораи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарраёсатҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсату шуъба ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе амал мекунанд.
Маълумоти аввалини оморӣ дар шуъбаҳои маҳаллӣ ҷамъоварӣ ва ба маркази кулли ҳисоббарорӣ (дар шаҳри Душанбе) пешниҳод шуда, дар он ҷо иттилоот мувофиқи дастурамалҳои пешниҳодкардаи мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард мешавад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти охирини якмоҳаи оморӣ ва шарҳи мухтасари онҳоро дар маҷмӯаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (нашрияи асосии моҳонаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳия карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, вазорату идораҳо ирсол мекунад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин маҷмӯаҳои омории солонаро ба табъ мерасонад: Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон дар рақамҳо ва ғайра.
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия, аккредитатсия, таъмини назорати давлатӣ оид ба ҷорӣ ва риоя намудани муқаррароти стандартҳо, дастурҳои техникии сифати ашёи хом, маҳсулот, таъмини ченаки ягона ва қоидаҳои савдо дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.12.2008) ташкил ёфта, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мондааст.
Таърихи ташаккули метрологияи тоҷик аз аҳди давлатдории Сомониён сарчашма гирифта, девони муҳтасиб бозор, тарозу, молҳои фурӯши барзгарон ва пешаваронро назорат мекард. Ин ниҳод метавонист фурӯши молҳои қалб ва номатлубро боз дорад, ба нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад, ба ахлоқи мардум ва истеъмоли машрубот назорат намояд. Низоми хадамоти метрологӣ дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ бо қабули қарори Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи дар шаҳри Душанбе ташкил намудани шуъбаҳои муваққатии санҷиши метрологии Палатаи ченаку вазни шаҳри Тошканд» ташаккул ёфта, аввал дар шаҳри Хуҷанд, сипас дар шаҳри Душанбе филиалҳои хадамоти метрологӣ таъсис дода шуданд. Соли 1929 Палатаи ченаку вазн ба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ табдил дода шуд. Бо рушди иқтисодиёти кишвар солҳои 1980-ум шуъбаҳои Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб ва Хоруғ ташкил шуданд.
Ҳоло раёсатҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва марказҳои санҷиши минтақавии он дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Данғара, Лахш, Рашт ва Шаҳритус амал мекунанд.
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони байналмилалии стандартизатсия (ISO), Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва чанд созмони байналмилалӣ ва минтақавии соҳавӣ мебошад. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо институтҳои метрологии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Олмон ва давлатҳои дигар ҳамкорӣ дорад. Маҷаллаи илмию истеҳсолӣ ва иттилоотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Стандарт ва сифат» аз соли 2003 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ моҳе як бор чоп мешавад.
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми идораи давлатӣ аст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи хариди давлатӣ татбиқ менамояд. Низомномаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи 2010 (№ 228) тасдиқ шудааст.
Сохтори идораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: директор; муовини директор; бахши молия ва баҳисобгирии муҳосибӣ; бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус; шуъбаи таҳлил, назорат ва таъмини иттилооти хариди давлатӣ; бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ; раёсати ташкил ва анҷом додани хариди давлатӣ; шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои бахши ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ; шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои соҳаи иҷтимоӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ; шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои соҳаҳои сохтмон, ободонӣ ва инфрасохтор; бахши низоми электронии хариди давлатӣ; бахшҳои минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Рашт.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 159–160.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




