Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи хизмати давлатӣ амалӣ менамояд. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 19.11.2013, № 12), дар натиҷаи табдили ном кардани Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таъсис: 9. 6. 2007, № 264) бо мақсади ташаккули низоми самараноки идораи давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ташкил дода шуд. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 15. 3. 2014, № 179) тасдиқ шудааст.

Сохтори дастгоҳи марказӣ

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳбарият; шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат; идораи захираҳои инсонӣ; шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ; ташкилӣ, таҳлил ва иттилоот; бахши кадрҳо ва коргузорӣ; бахши махзани маълумот ва тестӣ; молия ва муҳосибӣ.

Тибқи нақшаи идораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ), вилоятҳои Суғд (шаҳри Хуҷанд), Хатлон (шаҳри Бохтар), шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Душанбе), бахши минтақаи Кӯлоб (шаҳри Кӯлоб) амал мекунанд.

Самтҳои асосии фаъолият

Самтҳои асосии фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • татбиқи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ;
  • ташкил ва адои хизмати давлатӣ;
  • таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ;
  • ташкили курсҳои омодагии касбӣ, таҷдиди омодагӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба татбиқи кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо.

Вазифаҳои асосӣ

Вазифаҳои асосии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи хизмати давлатӣ;
  • ташкили низоми самараноки интихоби кадрҳо ва идораи ҳайати кормандон;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои омодагии касбӣ, таҷдиди омодагӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;
  • таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хизматчиёни давлатӣ.

Ҳамкорӣ

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Агентии миллии Украина оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ, Академияи идораи назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) – Барномаи JDS; Бунёди Ҳаннс Зайдел ва ғайра ҳамкорӣ дорад. Соли 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) маҷмӯаи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ»-ро чоп кард (нашри панҷум), ки он китоби рӯйимизии хизматчиёни давлатӣ мебошад.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 160.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.