Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҷангалпарварӣ танзим ва татбиқ менамояд. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 19.11. 2013, № 12) ташкил шуд.
Аввалин хоҷагиҳои ҷангал дар шимоли Тоҷикистон аз охирҳои асри 19 ва дар ҷануби Тоҷикистон (хоҷагиҳои ҷангали Далёни Боло, Қӯрғонтеппа, Сари Хосор ва Шаҳристон) солҳои 1930-ум ташкил шуданд. То давраи таъсиси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷангалпарварӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарраёсати хоҷагии ҷангали Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Вазорати хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1947–53), Сарраёсати хоҷагии ҷангал дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1953–66), Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1966–89), Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004–06), Агентии хоҷагии ҷангал ва шикори Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006–08), Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008–12) ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 2013) амалӣ карда мешуд.
Сохтори дастгоҳи марказӣ
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳбарият; раёсати хоҷагии ҷангал; шуъбаи шикор; шуъбаи иқтисод ва банақшагирӣ; шуъбаи муҳосибот; шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ; бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои миллӣ; бахши робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот.
Дар сохтори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 хоҷагии ҷангал, 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва 13 парваришгоҳи табиии давлатӣ фаъолият мекунанд.
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ғайридавлатии Агентии ёрии техникии Олмон (GTZ), Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA), Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ (WFP), Барномаи озуқаи кишоварзӣ (WFR) ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ робитаи ҳамкорӣ дорад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 160.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




