Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ аст, ки татбиқи сиёсати давлат ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои эҷоди меъёр, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, дигар соҳаҳои адлияро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин намуда, фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои тобеи худро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат мекунад.
Мақомоти адлия барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст. То таъсис ёфтани мақомоти адлия ва забти ҳудуди Осиёи Марказӣ аз тарафи Империяи Россия вазифаи мақомоти адлия ва ҳокимияти судӣ ба зиммаи шахсони мансабдори алоҳида, ба монанди қозикалон, қушбегӣ, ҳокимони меросӣ, бекҳо ва амлокдорон вогузор шуда буд, ки онҳо «адолати судӣ»-ро асосан аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ анҷом медоданд. Вазифаи нигаҳбонии маҳбасҳо ба зиммаи одамони махсуси қозиҳо вогузор шуда буд, ки маҳбусонро назорат мекарданд. Шахсони мансабдори зикргардида, асосан, мутобиқи шариат фаъолият карда, гунаҳкории шахсро аз рӯйи муқаррароти он ва нишондоди шоҳидон муайян менамуданд.
Соли 1924 Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо фармони Комиссариати халқии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 12 феврали 1925 Комиссариати халқии адлия таъсис дода, ба зиммаи он вазифаҳои мушаххас вогузор гардиданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳи калон ҷудо намудан мумкин аст: а) вазифаҳое, ки хислати ташкилӣ доштанд; б) вазифаҳое, ки барои идораи корҳои давлатӣ равона гардида буданд. Ба вазифаҳои гурӯҳи аввал роҳбарии умумӣ ба мақомоти адлия, ташкил кардан, дастур додан ва тафтиш намудани муассисаҳои судию тафтишотии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз ҷумла, Сарсуд дохил мешуданд. Вазифаҳои гурӯҳи дуввум аз шарҳу эзоҳи қонунҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои қонунгузории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон мутобиқи дархости мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, додани хулосаҳо иборат буданд.
Азбаски мақомоти прокуратура дар солҳои нахустини таъсиси худ ба мақомоти адлия вобаста буд, комиссари халқии адлия ҳамзамон прокурори ҷумҳурӣ низ эътироф мегардид. Комиссари халқии адлия — прокурори ҷумҳурӣ дар доираи салоҳияти худ риояи яксони қонунро назорат карда, иҷрои онро таъмин менамуд. Яке аз вазифаҳои муҳим ва асосии ӯ дар фаъолият ва низоми ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани қонун ва таҳкими он ба шумор мерафт. Бо ин мақсад комиссари халқии адлия — прокурори ҷумҳурӣ дар ду самти асосӣ фаъолият мекард: а) ташкили васеи қабули шикояту аризаҳои шаҳрвандон; б) ташкили назорат дар иҷрои қарору фармонҳое, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешуданд.
Шуъбаи прокурории Комиссариати халқии адлия дастурдиҳӣ ва тафтиши бевоситаи дастгоҳи марказии мақомоти мазкурро анҷом дода, таъмини фаъолияти тамоми мақомоти судӣ-тафтишотӣ, вусъат додани судҳои халқӣ, таъйин ва озод намудани прокурорҳо, баланд бардоштани сатҳи сифати фаъолияти онҳо, баланд бардоштани дараҷаи ихтисоснокии кормандони мақомоти судӣ, барпо намудани курсҳои идориро назорат намуда, дар айни вақт мақомоти таҳқиқи ибтидоиро ҳам муроқибат мекард.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари Комиссариати халқии адлия дар самти ташкил ва фаъолияти мақомоти судӣ низ як қатор ислоҳот анҷом дода шуда, дар давоми солҳои 1925–26 дар ҳудуди Тоҷикистон судҳои халқӣ, округӣ, шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис дода шуданд. Шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон то соли 1927 фаъолият намуда, сипас дар заминаи он Сарсуди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 7 июни 1925 бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар назди курсҳои семоҳаи омӯзгории Комиссариати халқии маориф курсҳои байниидории омодасозии кормандон бо шуъбаҳои маъмурӣ ва судӣ таъсис дода шуданд. Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба таври воқеӣ мақомоти гуногунсоҳаи ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар худ салоҳияти якчанд мақомотро муттаҳид карда буд. Яке аз вазифаҳои муҳими он тибқи Низомномае, ки бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 6 майи 1925 тасдиқ гардида буд, иштирок дар таъминоти ҳуқуқии фаъолияти эҷоди ҳуқуқ буд.
20 июни 1933 бо қарори Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шӯрои комиссарони халқии Тоҷикистон шуъбаи прокурорӣ аз ҳайати Комиссариати халқии адлия бароварда шуда, дар заминаи он мақоми алоҳида ва мустақили прокуратура таъсис дода шуд, ки ин идомаи мантиқии ислоҳоти мақомоти адлия дар замони ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Баробари таъсис ёфтани Прокуратураи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, вазифаи назорат ба риояи қонун маҳз ба зиммаи он вогузор гардида, аз зиммаи комиссари халқии адлия соқит карда шуд.
Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки маҳсули давраи аввали барқарории ҳокимияти шӯравӣ буд, аз рӯйи мазмун ва моҳияти худ ба пешрафт, тағйироти шакл ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ мутобиқат намекард. Аз ин хотир зарурат ба миён омад, ки дар ин самт мақоми алоҳидаи соҳавӣ таъсис дода шавад, ки он соҳаи мазкурро бо дар назар доштани талаботи нав роҳбарӣ намояд. Соли 1946 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин имкон дод, ки ҳудуди салоҳият ва масъулияти ба зиммаи он вогузоргардида ба таври дақиқ ва мушаххас муайян карда шуда, доираи фаъолияти он ба доираи фаъолияти мақомоти давлатӣ мутобиқ гардад.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ин сатҳ то соли 1958 фаъолият намуд. 24 ноябри 1958 Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар асоси фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи барҳам додани Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва таъсис додани Комиссияи ҳуқуқӣ дар назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Минбаъд аксари вазифаҳое, ки қаблан аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон иҷро мешуданд, ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон вогузор шуданд. Тафтиш ва назорати фаъолияти судҳои халқӣ, роҳбарии давлатӣ ба идораҳои нотариати давлатӣ, амалӣ кардани корҳои оморӣ вобаста ба фаъолияти судҳои халқӣ, назорат ба фаъолияти адвокатура аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд.
Ислоҳоти дигаре, ки соли 1970 доир шуд, барои ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил додани Комиссияи ҳуқуқии назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон асос гардида, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз нав ҳамчун мақоми алоҳида ва мустақили давлатӣ таъсис дода шуд.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо мақсади таъмини ислоҳоти судӣ ва мустақилияти ҳокимияти судӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мустақил - Шӯрои адлия таъсис дода, мақомоти судӣ аз сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд (14.12.1999). Тибқи тағйироти конститутсионӣ (22.5.2016) ин Шӯро бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам хӯрда, масъалаҳое, ки ба салоҳияти он дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд.
Низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз тобеияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд (26.7.2002). Бо мақсади иҷрои босамару саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои судии давлатҳои дигар, истеҳсолоти иҷро аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд (2008). Мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекард, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд (7.10.2011).
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:
-
таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи эҷоди меъёр ва татбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
-
бақайдгирӣ ва баҳисобгирии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
-
танзими давлатии фаъолияти мақомоти нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, фаъолияти адвокатҳои ваколатдор ва баланд бардоштани сатҳи фаъолияти онҳо;
-
таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
-
таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-
ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.4.2008, № 176); ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;
-
такмили сатҳи ихтисоси кадрҳои сатҳи соҳа бо дар назар доштани талаботи муосир;
-
баррасии саривақтӣ ва босифати шикоятҳо, аризаҳо, муроҷиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва ғайра.
Сохтор
Сохтори идораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ; Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо; Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо; Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ; Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ.
Дастгоҳи марказӣ: Роҳбарият, Сарраёсати қонунгузорӣ, Сарраёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ, Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд, Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, Раёсати молияву иқтисод, Шуъбаи умумӣ ва назорати иҷро, Шуъбаи бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравӣ, Бахши хоҷагӣ.
Муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо; Корхонаи воҳиди давлатии нашриёти «Қонуният».
Р. Шарифов.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ ба амал мебарорад. Фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии эътирофшуда аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳад.
14 декабри 1924 Комиссариати халқии зироат таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Комиссариат ташкили умури кишоварзӣ ва барпо намудани хоҷагиҳои дастаҷамъӣ (колхозҳо) буд. 27 марти 1946 он ба ду вазорати мустақил — Вазорати зироатҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Вазорати чорводории Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷудо шуд. Як сол баъд ду вазорат якҷо карда шуда, Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт. Соли 1953 Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо Вазорати хоҷагии ҷангал муттаҳид гардида, Вазорати хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоттайёркунии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ташкил доданд. Соли 1957 бо Вазорати совхозҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон якҷоя шуда, Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил дода шуд. Соли 1962 Вазорати истеҳсол ва тайёр намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, соли 1985 Кумитаи давлатии агросаноатӣ, соли 1991 аввал Вазорати кишоварзӣ ва соли 2006 Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат номгузорӣ шуд. Аз соли 2008 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт.
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Раёсати рустанипарварӣ; Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ; Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ; Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ; Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ; Раёсати молия ва муҳосибот; Шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ; Раёсати корҳо; Шуъбаи умумӣ ва назорат; Бахши муҳосиботи дастгоҳи марказӣ; Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ; Шуъбаи матбуот ва иттилоот; Шуъбаи аудити дохилӣ.
Нақшаи идоракунии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дастгоҳи марказӣ, Бозрасии назорати давлатии техникии кишоварзӣ, Сарраёсати кишоварзии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсат ва шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо иборат аст.
Муассисаю ташкилоти зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Бозрасии назорати давлатии техникии кишоварзӣ; Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ; Муассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию тадқиқотии меҳнат»; Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»; Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон»; Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»; Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ; Муассисаи давлатии «Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ»; Муассисаи давлатии Экспедитсияи «Мубориза бар зидди малаҳ»; Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ; Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Хуросон оид ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ; Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»; Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон»; Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон»; Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»; Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»; Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад»; Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»; Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтар; Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ.
Вазорат якҷо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, сохторҳои кишоварзии кишварҳои дигар ҳамкорӣ карда, лоиҳаву барномаҳои гуногунро татбиқ месозад, ки ба манфиати кишоварзони ҷумҳурӣ аст.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин дороии онҳоро таъмин менамояд. Фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардондан ва мустаҳкам намудани қонуният, ҳифзи ҳуқуқ ва моликияти шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори милисия дар саросари кишвар бо дарки меъёрҳои замони муосир ва ҷомеа нигаронида шудааст.
Ташкили мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон давра ба давра сурат гирифта, дар ҳар минтақаи кишвар аз шароитҳои маҳал вобаста буд. Дар давраи аввал (1917–1920) милисия дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон (уезди Хуҷанд, шаҳру ноҳияҳои Ӯротеппа, Конибодом, Исфара, ки ба ҳайати уезди Қӯқанд дохил буданд, ноҳияи Ашт, ки ба ҳайати уезди Намангони вилояти Фарғона дохил буд ва Панҷакенту Фалғар, ки ба ҳайати вилояти Самарқанди кишвари Туркистон шомил буд) ва Помир ташаккул ёфт. Дар давраи дуввум (1920–1924) мақомоти милисия дар ҳудуди собиқ Бухорои Шарқӣ (минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон) созмон ёфта, дар тамоми ноҳияҳои Душанбе, вилоятҳои Кӯлоб, Ғарм ва Қӯрғонтеппа фаъолона амал мекард. Мақомоти милисияи Тоҷикистон (ноҳияҳои шимоли он ва Помир ба ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва ноҳияҳои марказию ҷанубӣ ба ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дохил буданд) то гузаронидани тақсимоти ҳудудӣ-миллии Осиёи Миёна (1924) аллакай таъсис ёфта, ташаккули сохтори он идома дошт. Дар давраи севум (1924–1929) Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд, ки чорабиниҳои баъдии тақвияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти милисияро дар Тоҷикистон амалӣ кард.
Дар давраи чорум (1929–1991) милисияи тоҷик дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба мақомоти муътамад ва неруи асосии муборизаи зидди ҷинояткорӣ мубаддал гашт, тартиботи ҷамъиятиро шабу рӯз содиқона муҳофизат мекард, дар ҳалли вазифаҳои бузурги хоҷагии халқ иштирок намуда, бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва мансабӣ муборизаи беамон бурд ва дар татбиқи масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат саҳми беғаразонаи худро гузошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) вазифаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткориро бошарафона иҷро кард; солҳои баъдӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми бузург гузошт. Дар давраи панҷум (аз 1991) баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба халқу Ватан содиқ монда, тамоми неруи худро баҳри барқарор намудан ва таҳким бахшидани сулҳу субот, оромӣ ва шукуфоии Тоҷикистон равона кард.
Тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба яке аз ниҳодҳои бузург ва такягоҳи боэътимоди истиқлоли ҷумҳурӣ табдил ёфта, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ куллан таҷдид шуд. Дар тӯли фаъолияти худ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд бор таҷдиди сохториро аз сар гузаронд: Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (1917–1924), Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924–1929); Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929–1930); Сарраёсати милисия ва кофтукови ҷиноятии назди Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1930–1934); Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1934–1946); Сарраёсати милисияи Вазорати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1949–1956); Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1956–1960); Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1960–1968); Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1968–1991); Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991.
Самтҳои асосии фаъолияти милисия: ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ; пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо; ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ; таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ; ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд; ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ғайра.
Вазифаҳои милисия:
- пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ошкор намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, андешидани тадбирҳо барои рафъи онҳо, ба таври инфиродӣ анҷом додани корҳои пешгирӣ бо ҳуқуқвайронкунандагон, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;
- гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани ҷиноят;
- таъмини тартибот дар кӯчаю хиёбон, боғу майдонҳо, роҳҳои нақлиётгард, вокзалу фурудгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ;
- пешгирии беназоратии кӯдакон якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- қабул ва ба қайд гирифтани ариза, хабар ва дигар маълумот дар хусуси ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин дар бораи содиркунандагони онҳо ва андешидани чораҳои зарурии қонунӣ ва ғайра.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ба он сарукордошта чорабиниҳои мушаххасро анҷом доданд, то имрӯз (2021) даҳҳо тонна маводи мухаддир аз муомилот мусодира, фаъолияти ҷинояткории марбут ба одамрабоӣ, хариду фурӯши одамон, ноболиғон, истисмори занону кӯдакон ошкор ва пешгирӣ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории замони муосир фаъолияти худро густариш дода, бо ҳамкасбони хориҷии дуру наздики худ муносибатҳои густурдаи ҳамкориро ба роҳ мондааст ва дар марҳалаи амалӣ кардани беш аз 200 шартнома ва созишномаи дуҷонибаву бисёрҷонибаи ҳамкории муштараки мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, кофтукови ҷинояткорон ва таълиму тарбияи кормандон бо мақомоти корҳои дохилии он кишварҳо аст. Аз соли 2010 татбиқи «Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020» сурат гирифт.
Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ, Раёсати амнияти дохилӣ, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, Раёсати молиявӣ-иқтисодӣ, Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Раёсати тафтишотӣ, Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Раёсати ташхисӣ (криминалистӣ), Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бюрои марказии миллии «Интерпол», Раёсати таҳқиқ, Раёсати алоқа, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, Котибот, Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
Сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, Раёсати хадамоти давлатии «Муҳофиза», Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ, Дастаи таъиноти махсуси милисия, Маркази таълимӣ, Маркази хадамоти кинологӣ, Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тиббӣ, Муассисаи нақлиётӣ, Раёсати сохтмони асосӣ, Воҳиди махсус, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт, Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ.
Н. Назаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 160–163.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




