Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки сиёсати давлатро дар соҳаи маориф татбиқ мекунад.
Вазифаҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: фароҳам овардани фазои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти муназзами муассисаҳои таълимӣ; таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи маориф; ба таҳсил фаро гирифтани бачагони синни мактабӣ.
14 декабри 1924 Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд, 11 феврали 1925 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Комиссариати маорифи халқ баъд ба Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1946–78; 1988–92), Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1978–88) табдили ном кард. Соли 1992 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 9 ноябри соли 2013 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон фаъолияти худро барои ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ фаҳмондани моҳияти мактаби нави шӯравӣ, ташкили мактабҳо, тақвияти пояи моддию техникии мактабҳо, таълиму тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ, ба мактаб ҷалб намудани бачагон, мубориза бар зидди бесаводӣ, таҳияву нашри китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои таълимию методӣ равона кард. Кумитаи инқилобии Тоҷикистон 30 сентябри 1925 «Дар бораи имтиёзу бартарии оилаҳое, ки фарзандонашон дар мактаби советӣ мехонанд» қарор ва Анҷумани якуми муассисони умумитоҷикистонии Шӯроҳо моҳи декабри 1926 «Декларатсияи ҷорӣ намудани таълими умумии бепули меҳнаткашони Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро қабул кард.
Дар натиҷа шумораи мактабҳо ва хонандагони онҳо сол аз сол афзуд. Соли таҳсили 1918–29 миқдори мактабҳо ба 308 ва шумораи хонандагон ба 12 000, соли таҳсили 1930–31 мутаносибан ба 977 ва 61 363 (9 118 духтар) расид. Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ курсҳо ва мактабҳои маҳви бесаводии калонсолон низ ташкил карда шуданд. Соли таҳсили 1928–29 дар 314 курси маҳви бесаводӣ 84 ҳазор нафар калонсолон савод омӯхтанд. Соли таҳсили 1931–32 ба мактабҳои маҳви бесаводӣ қариб 136 ҳазор кас ҷалб гардид, ки 22 317 нафари онҳо занон буданд.
Барои ҷоннок намудани нашру тарҷумаи китобҳои дарсӣ соли 1924 Комиссияи илмии тоҷик ташкил гардид. Дар натиҷаи фаъолияти ин комиссия нашру тарҷумаи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ барои мактабҳои тоҷикӣ сифатан беҳтар гардид. То охири соли таҳсили 1927–28 шумораи китобҳои дарсӣ ба 14 номгӯй расид. 11 октябри 1930 Комитети марказӣ ва Шӯрои Комиссариати халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маҷлиси якҷояи худ «Дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии касбӣ дар ҷумҳурӣ» қарор қабул кард. Мувофиқи ин қарор, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ӯротеппа таҳсилоти ҳафтсола, дар деҳа ва ноҳияҳои дигар таълимоти панҷсола (мактаби дараҷаи якум) ҷорӣ гардид. Дар таҳкиму тақвияти баъдии маорифи тоҷик қарорҳо «Дар бораи мактаби ибтидоӣ ва миёна» (аз 15 сентябри 1931) ва «Дар бораи барномаҳои таълимӣ ва реҷа дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» (аз 25 августи 1932) нақши муҳим доштанд. Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди назари барномаҳо аз ҳисоби Комитети Шӯрои давлатии олимон, коркунони донишкадаҳои педагогӣ ва муаллимони мактабҳо комиссияи махсус ташкил намуд. Соли таҳсили 1933–34 ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи нав ба кор шурӯъ карданд. Барои амалӣ гардидани барномаи таълими умумӣ аз 15 сентябр то 15 октябри 1932 бо ташаббуси Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон курси якмоҳаи таълими умумимактабӣ гузаронида шуд. Дар давраи якмоҳаи таълим дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону таъмири мактабҳо, таъмин намудани мактабҳо бо ашёи хониш ва ғайра сурат гирифт. Дар ин солҳо бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани мактабҳо низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор мерафт. Бо ин мақсад моҳи феврали 1932 қарор «Дар бораи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» қабул карда шуд.
Яке аз масъалаҳои муҳими ин давра омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ ба шумор мерафт. Дар ин давра Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои кушодани якчанд донишкадаи миёнаи омӯзгорӣ, факултаҳои коргарӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, кишоварзӣ ва курсҳои омода кардани муаллим вазифадор гардид. Бо мақсади омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ моҳи сентябри 1925 дар Душанбе аввалин омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва курси семоҳаи омода кардани муаллим кушода шуд. Соли таҳсили 1928–29 се омӯзишгоҳи омӯзгорӣ вуҷуд дошт, ки дар онҳо 360 донишҷӯ дарс мехонд. 1 сентябри 1931 Институти омӯзгории Душанбе ва соли 1932 дар Ленинобод дуввумин мактаби олии омӯзгорӣ кушода шуд. Баъдтар Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар асоси қарори махсус Институти такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи маорифи халқро таъсис дод. Дар маҳалҳо курсҳо, омӯзишгоҳҳои ғоибона ташкил ёфтанд. Соли таҳсили 1936–37 80 дарсади муаллимони ҷумҳурӣ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Барои бо омӯзгорони баландихтисос таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ соли таҳсили 1939–40 дар Душанбе ва Ленинобод донишкадаҳои дусолаи муаллимтайёркунӣ кушода шуданд. Июли соли 1940 «Дар бораи ташкил кардани Институти педагогӣ дар шаҳри Кӯлоб» қарор қабул карда шуд.
Соли 1933 дар назди Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ташкил карда шуд, ки ба рафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи педагогика таъсир расонд. Дар ин солҳо як гурӯҳ олимони тоҷик ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи педагогикаи тоҷик шурӯъ карда, мақолаҳои худро доир ба таълиму тарбия ва мактабшиносӣ эҷод намуданд. Дар давраи ҷанг вазифаи аввалиндараҷаи мактаб тарбияи ватандӯстӣ, башардӯстӣ ва рағбати бачагон ба кор буд. Бо ин мақсад дар барнома ва нақшаҳои таълимӣ тағйирот дароварда шуд. Дар рафти таълим ба фанҳои биология, зоология, ҷуғрофия, физика ва химия хусусияти амалӣ дода шуд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъалаи маҳви бесаводӣ ва чаласаводӣ дар маркази диққати кормандони маориф қарор дошт. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маориф ба шумор мерафт, зеро аз 22 июни 1941 то 25 октябри 1942 аз ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор муаллим ба сафҳои Артиши Шӯравӣ даъват шуда буданд. Таъмини мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимон, ҳамчунин ба муаллимӣ омода намудани хонандагони синфҳои 9–10-ро ба эътибор гирифта, Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳафтае се соат дарси омодагии омӯзгориро ба барномаи таълим дохил намуд. Дар давраи таътили тобистона курсҳои думоҳаи омодагии муаллим ташкил шуда буданд. Барои таъмини эҳтиёҷоти мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимон, институти дусолаи муаллимии занонаи Ленинобод 1 октябри 1943 ба Институти омӯзгорӣ табдил ва дар назди он курси омодагӣ барои 100 нафар ташкил карда шуд. Омӯзишгоҳҳои омӯзгории занонаи Ленинобод ва Конибодом ба омӯзишгоҳҳои омӯзгории умумӣ табдил ёфтанд. Омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ баъди таътили кӯтоҳмуддат аз нав ба кор шурӯъ намуд. Аз сентябри 1944 омӯзишгоҳҳои омӯзгории Панҷакент ва Ғарм дубора ба кор сар карданд.
Вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи маориф баъд аз ҷанг васеъ намудани шабакаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳру деҳот, ташкили таълими ҳатмии бачагон аз синни 7-солагӣ, беҳтар намудани омодагии кадрҳои омӯзгорӣ, зиёд намудани нашри адабиёт ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба ҳисоб мерафт. Дар ду панҷсолаи баъдиҷангӣ 13 ҳазор муаллим омӯзонда шуд. Соли 1958 дар мамлакат таҳсилоти умумии ҳатмии ҳаштсола муқаррар гардид. Дар натиҷаи ислоҳоти мактабҳои таълими умумӣ низоми нави маориф ҷорӣ шуд. Муҳлати таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ 4 сол, дар мактабҳои миёнаи нопурра 4 сол, дар мактабҳои миёна 3 сол муқаррар гардид.
Шумораи мактабҳо, мактаб-интернатҳо афзуд. Дар ин солҳо барои дар амал татбиқ намудани ягонагии равиши таълиму тарбия, ба ҳаёт наздик намудани мактаб ва дар нақшаву барномаҳои мактабӣ инъикос намудани меъёрҳои илму техника кормандони соҳаи маорифи халқ корҳои бисёреро анҷом доданд. Бо мақсади омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, дар низоми он тағйирот ворид гардид. Соли таҳсили 1954–55 шуъбаҳои ғоибонаи омӯзишгоҳҳои Ленинобод, Конибодом, Хоруғ, Орҷоникидзеобод ва соли таҳсили 1955–56 омӯзишгоҳҳои Кӯлобу Ғарм, соли 1956 омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа, дар давоми соли таҳсили 1958–60 омӯзишгоҳҳои Орҷоникидзеобод, Конибодом ва Қӯрғонтеппа барҳам дода шуданд. Ба ҷои омӯзишгоҳҳои басташуда қабули донишҷӯён дар донишкадаҳои омӯзгорӣ зиёд гардид. Соли таҳсили 1956–57 Институти муаллимтайёркунии занонаи Ленинобод, Институти педагогии Ленинобод ва Институти муаллимтайёркунии Душанбе ва соли таҳсили 1957–58 Институти педагогии занонаи Душанбе ба Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко муттаҳид карда шуд. Соли таҳсили 1962–63 Институти педагогии Кӯлоб бо факултаҳои филологияи тоҷик, физика ва математика, соли таҳсили 1963–64 омӯзишгоҳҳои Конибодом ва Қӯрғонтеппа аз нав барқарор карда шуданд. Омӯзишгоҳи педагогии Ҳисор таъсис ёфт. Илова бар ин, барои таъмин намудани мактабҳо бо муаллимони забони русӣ дар назди институтҳои педагогӣ, Институти таҳқиқоти илмҳои педагогии Душанбе, Институти такмили ихтисоси муаллимони Ленинобод, Институти педагогии Кӯлоб, шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хоруғ курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шуданд. Дар ин солҳо бо мақсади баланд бардоштани ихтисоси муаллимон дар Душанбе, Ленинобод, Хоруғ, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа институтҳои такмили ихтисоси муаллимон ва дар назди мактабҳо ва шуъбаҳои маориф кабинетҳои методии байнимактабӣ ташкил ёфтанд.
Аз 1 сентябри 1964 мактаби 11-солаи таълими истеҳсолӣ ба мактаби 10-сола табдил дода шуд ва дар ҷумҳурӣ низоми зерини таҳсили умумӣ татбиқ гардид: таҳсили ибтидоӣ – 4 сол, миёнаи нопурра – 4 сол, таҳсили миёна – 2 сол.
Солҳои 1970-ум вазорат ба масъалаҳои тақвияти пояи моддӣ-техникии мактабҳо (сохтмони мактабҳо, асбобҳои таълимӣ, муҷаҳҳаз гардонидани кабинету лабораторияҳои мактабҳо бо асбобҳои зарурӣ), ҷобаҷогузории дурусти шабакаи мактабҳо, омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таълими коргарҷавонони шаҳру деҳот ва ҷорӣ кардани таҳсили умумии миёнаи ҷавонон диққати махсус дод. 24 декабри 1974 «Қонун дар бораи маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қабул гардид.
Солҳои 1980-ум маорифи кишвар рушд менамуд. Солҳои 1981–83 дар ҷумҳурӣ 75,4 ҳазор ҷой барои хонандагон сохта, ба истифода дода шуд. Барои дар амал татбиқ намудани ягонагии равиши таълиму тарбия нақшаву барномаҳои нави таълимӣ таҳия ва барои беҳтар намудани равишҳои таълим, омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ чораҳои судманд андешида шуданд. Дар асоси қарори махсус дар заминаи Институти педагогии Душанбе Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1971), ҳамчунин дар Душанбе Институти педагогии забони русӣ ва дар Қӯрғонтеппа филиали Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ташкил карда шуд. Барои беҳтар танзим намудани кори муассисаҳои таҳсили миёнаи махсус ва олии касбӣ соли 1978 Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба мақсади зиёд намудани шавқу ҳавас ва мунтазам баланд бардоштани ихтисосу маҳорати педагогии муаллимони мактабҳои таҳсили умумӣ, аттестатсияи мунтазами онҳо ҷорӣ шуд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ба муаллимони беҳтарин номи «Муаллими калон» ва «Муаллими методист» дода мешуд. Барои қонеъ намудани масъалаҳои мушкули ҳалталаби муосир, дар заминаи лоиҳаи «Самтҳои асосии ислоҳоти мактабҳои таҳсили умумӣ ва касбӣ» (1984) ислоҳоти мактабҳои таҳсили умумӣ ва касбӣ ба миён омад. Низоми соҳаи маориф чунин муайян гардид: мактаби ибтидоӣ – синфҳои I–IV, мактаби таҳсили нопурра – синфҳои V–IX, мактаби таҳсили умумии миёна – синфҳои X–XI ва касбӣ. Дар ин давра шумораи ҳамаи зинаҳои таҳсил афзуд ва дар раванди таълиму тарбия низ тағйирот ба амал омад. Дар мундариҷа, нақшаву барномаҳои таълимӣ дигаргунӣ ворид гардид. Дар нақшаи нави таълимӣ фанҳои нав – «Шиносонидани бачагон ба муҳити атроф» (дар синфҳои I–II), «Асосҳои истеҳсолот», «Интихоби касб» (дар синфҳои VIII–X), «Ахлоқ ва психологияи ҳаёти оилавӣ» (дар синфҳои IX–X), «Асосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ» (дар синфҳои IX–X) татбиқ шуд.
Барои беҳтар намудани кори соҳаи маориф, моҳи майи 1988 бо фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барҳам дода, Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон созмон карда шуд. Соли 1989 Вазорат лоиҳаи нави Консепсияи маълумоти умумии миёнаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки он баъди муҳокима қабул шуд.
Дар асоси ин консепсия Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмҳои педагогии Тоҷикистон бо ҳамкории методистону олимон ва муаллимони пешқадам нақшаву барномаҳои нави таълимиро таҳия намуданд ва дар асоси онҳо китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимию методии нав таълиф гардиданд. Ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бозсозӣ ба низоми омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва ҷиҳатҳои моддию маишии онҳо таъсири мусбат расонд. Мувофиқи он Вазорат ба ҷиҳатҳои омодагии педагогию психологӣ ва касбии муаллимони оянда диққати махсус дод, муҳлати таҳсилро дар факултетҳои забон ва адабиёти рус, забони модарӣ ва адабиёт, таърих, математика, физика як сол зиёд кард.
Бо мақсади таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорони баландихтисос, Филиали дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба донишкадаи мустақил табдил (соли таҳсили 1990–91) ва дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) омӯзишгоҳи омӯзгорӣ кушода шуд. Дар ҷумҳурӣ омӯзгорони мактабҳои таҳсили умумӣ дар як донишгоҳ, 5 донишкада ва 9 омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекарданд. Дар соли таҳсили 1990–91 дар мактабҳои рӯзонаи таҳсили умумӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон қариб 95 ҳазор муаллим машғул буд.
Дар даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф тағйирот ба вуҷуд омад. Дар ин давра чанд бор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия гардид. Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ муассисаҳои томактабӣ бо номи «Марказҳои инкишофи кӯдакон» ифтитоҳ гардиданд. Ҳамзамон, ташкили боғчаву кӯдакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсил мусоидат мекунанд. Баробари таъсиси намудҳои нави муассисаҳои томактабӣ, зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи муассисаҳои томактабӣ ба миён омад. Барои беҳтар намудани таъминоти методию таълимии соҳаи тарбияи томактабӣ, 31 октябри 2005 таҳти № 395 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» қабул карда шуд. Дар доираи барномаи мазкур як қатор боғчаву кӯдакистонҳо, ки ба сурати ғайриқонунӣ шахсӣ гардонида шуда буданд, бозпас гирифта шуд, ҳамзамон дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии муассисаҳои томактабӣ оғоз гардид. Дар кӯдакистон марказҳои гуногуни омӯзиши хат, мусиқӣ, илм, рассомӣ, дӯзандагӣ, адабиёт, сохтмон ва ғайра ташкил шуда буд. Вазорат низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд.
Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Маскав (донишгоҳи техникӣ) ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва ҳӯлаи Маскав» таъсис дода шуданд. Маҳз дар даврони истиқлол муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд. Соли 2011 вазорат барои тақвият бахшидани робитаи хонавода ба мактаб лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таҳия ва ба муҳокимаи умумӣ пешниҳод намуд. Солҳои 1992–2010 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 2 000 бинои мактаб сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра ҳамкориҳои вазорат бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфт.
Сохтори вазорат: Роҳбарият (вазир ва 4 муовин); раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ; раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ; раёсати кадрҳо, корҳои махсус; раёсати баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ; раёсати иқтисод ва банақшагирӣ; раёсати илм ва инноватсия; раёсати муносибатҳои байналмилалӣ; шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ; шуъбаи низоми ахборотии идораи маориф; шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот; шуъбаи назорати дохилии ҳуҷҷатҳо ва бойгонӣ; шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатӣ; шуъбаи аудити дохилӣ; шуъбаи таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф; бахши маъмурият ва корҳои ташкилӣ; бахши муассисаҳои интернатӣ ва таҳсилоти иловагӣ; бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ; бахши инвеститсия (сармоягузорӣ).
Муассисаҳои тобеи вазорат: Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф; Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ; Раёсати сохтмони асосӣ; Академияи таҳсилоти Тоҷикистон; Пажӯҳишгоҳи рушди маориф; Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф; Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ; Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо; нашрияи «Маориф».
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор ва ҳифзи аҳолӣ мебошад. Фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими меъёрҳои ҳуқуқии шуғли аҳолӣ дар доираи сиёсати ягонаи давлатӣ, таълими калонсолон дар шуғл, муҳоҷирати кории шаҳрвандон, татбиқи бимаи (суғурта) таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва масоили экологӣ иборат аст. Кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мабнӣ бар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи вазорати мазкур сурат мегирад. Ҳамчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро бо ҳамкории мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳо анҷом медиҳад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси собиқ Комитети давлатии республикавии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тарбияи кадрҳои коргарӣ буда, моҳи майи 1991 ба Кумитаи давлатии кор ва тарбияи кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Худи ҳамон сол вазорат Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ гардид. Соли 1993 дар заминаи вазорати фавқуззикр Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз июни ҳамон сол Вазорати ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ном гирифт. Марти 1993 Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Соли 2001 дар заминаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорат таъсис дода шуд. Соли 2013 вазорат ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.
Сохтори маъмурии дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст: Роҳбарият, Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ, Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати таҳлил ва дурнамои рушди соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ, Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо, Раёсати корҳо, Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ.
Муассисаву ташкилоти зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳҳо, Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ансамбли ҷумҳуриявии «Лола», Хадамоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, байниноҳиявӣ ва шаҳрии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Бинокор», «Меҳнат», матбаа ва моҳномаи «Роҳнамо».
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири фаъолияти худ барои ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба амалкарди хеш лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишнома ва шартҳои коллективӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз маҷмӯи қонунҳои муҳими мамлакат ба шумор мераванд, таҳия ва танзим намуда, барои тасдиқу такмил ба Парламент пешниҳод намуд. Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ироа намудааст. Тибқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврони ворид шудан ба марҳалаи нави рушд дар кишвар бартариҳои асосӣ ва самтҳои умумии сиёсати давлатии расидан ба пешрафти иқтисодии кишвар дар асоси дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ муайян шудаанд.
Ҳамчунин ходимони Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоде аз барномаҳо, консепсияҳо ва тавсияномаҳоро тадвин намуданд, ки «Барномаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии муҳоҷирати меҳнатии берунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи ҷавонон» (масоили шуғли ҷавонон ва танзими бо кор таъмин кардани онҳо), «Проблемаҳои системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳоанд.
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии давлатиро дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират созмон медиҳад ва бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд. Чунончи, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ» дар сиёсати шуғл, соҳибихтиёрии ҳар як шаҳрванди дорои тавоноӣ дар интихоби кори мувофиқу муносиб низоми ҳуқуқӣ пайдо намуд.
Назорату санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор, қоидаҳои ҳифзи кор, стандартҳо ва қоидаҳои бехатарии кор, гузаронидани экспертизаи шароити кор дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи кор, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар пешрафти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарӣ доштани муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар кишварҳои ҷаҳону созмонҳои байналмилалӣ аз вазоифи аввалиндараҷа ба шумор мераванд. Робитаҳои судманди ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Беларус, Созмони байналмилалии кор, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Хазинаи кӯдаконаи Созмони Милали Муттаҳид, Бонки рушди Осиё, Бонки умумиҷаҳонӣ, Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё ва амсоли инҳо натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 165–169.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




