Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, суғуртавӣ, асъорӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатиро таъмин намуда, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, назорати ҳисоби дуруст, комил ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идораи молияи давлатӣ ҳамоҳанг месозад. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди ҳуқуқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
7 декабри 1924 Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, моҳи октябри 1929 ба Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт. 15 марти 1946 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдили ном кард. Моҳи июни 1992 дар заминаи Вазорати иқтисод ва савдо ва Вазорати молия Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 июни 1993 Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият шурӯъ намуд.
Сохтори дастгоҳи марказӣ
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Сарраёсати Буҷети давлатӣ; Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ; Сарраёсати хазинадории марказӣ; Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатӣ; Сарраёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт; Раёсати котибот; Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ; Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; Раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудиторӣ; Раёсати аудити дохилӣ ва назорат; Раёсати рушди захираҳои кадрӣ; Раёсати таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ; Раёсати ҳуқуқ; Раёсати корҳо; Шуъбаи муносибатҳои иттилоотӣ ва барномасозии компютерӣ.
Нақшаи идора
Нақшаи идораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ; Сарраёсатҳои молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе; Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо; Нозироти давлатии иёргирӣ; Хазинаи сарватҳои давлатӣ; Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ; Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда.
Муассиса ва ташкилотҳо
Муассиса ва ташкилотҳои низоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Муассисаи таълимии давлатии «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон»; Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»; Редаксияи маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ», Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасонӣ; Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии «Тоҷиксармоягузор»; Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик»; Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ»; Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ» ва Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 169.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




