Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазифаҳои асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлат, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он, таҳкими иқтидори мудофиавии давлат, мустаҳкам кардани тартибу интизом дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумитаи мудофиа тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» таҳти № 363 аз 4 январи 1992 таъсис ёфта буд. 30 сентябри 1992 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фармони Президенти Тоҷикистон аз 17 сентябри 1992, № ФП-188 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» таҳти № 363 қарор қабул намуд. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни 1993 таҳти № 296-13 тибқи як сохтор тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва сохтори Дастгоҳи марказии онро тасдиқ кард. Дар рафти бунёди нахустин раёсатҳову қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мазкур ба миён омад. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи 1994 ин масъаларо аз сари нав баррасӣ намуда, сохтор ва тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дар назар доштани вазъу шароити муосир бо Қарори № 440-9 тасдиқ кард. Тибқи санади мазкур, сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муайян карда шуд.
Сохтор
Сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Роҳбарият, Раёсати корҳо, Раёсати кадрҳо ва маълумоти ҳарбӣ, Раёсати корҳои тарбиявӣ, Раёсати қӯшунҳои муҳандисӣ, Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Раёсати ақибгоҳ, Раёсати бозрасии ҳарбӣ, Раёсати ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналхалқӣ, Раёсати молия ва буҷет, Раёсати ҳарбии тиббӣ, Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Дар ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Осорхонаи «Шуҳрати ҷангӣ», Клуби марказии варзишии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи сохтмони асосӣ, қисми истифодаи манзил, газетаи «Ҳомии Ватан», маркази матбуот, Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон ба номи С. Сафаров, Литсеи ҳарбии ба номи генерал-майор М. Тошмуҳаммадов, Мактаби омодакунии прапоршикони Қӯшунҳои хушкигард фаъолият доранд.
Сохтори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон: Раёсати амалиётӣ, Раёсати ташкилӣ ва сафарбаркунӣ, Раёсати алоқа, Раёсати кашфи ҳарбӣ, Раёсати қӯшунҳои хушкигард, Раёсати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати қӯшунҳои зудамал, шуъбаҳои собиқадорони ҷанг, ҳарбӣ-илмӣ, хизмати аскарӣ, геодезию топографӣ, хоҷагию маъмурӣ, молия, дафтардорӣ, робитаи хизмати аскарӣ, автоматикунонӣ, мушакию артиллерӣ, қӯшунҳои муҳофизати радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, бойгонӣ, комендатураи ҳарбӣ, ҳоспитали марказии ҳарбӣ, шифохонаи низомии гарнизони Суғд, заводи ҳарбии таъмири автомобилҳо ва хоҷагии автомобилӣ.
Дар тобеияти Сарситод ҳамчунин Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, Комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ, гарнизони шаҳри Хоруғ, Ансамбли тарона ва рақси «Ватан», оркестри ҳарбӣ қарор доранд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳарбиро ба низом дароварда, дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, боло бурдани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонун ва интизоми ҳарбӣ, такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.
Ҳамкорӣ ва машқҳои ҳарбӣ
Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирии паҳншавии экстремизм ва рушди маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он пайваста машқҳои муштараки низомӣ мегузаронанд.
Иштироки бомуваффақияти Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Тоҷикистон дар доираи системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар машқҳои «Ашулук»-и Федератсияи Россия, «Сазишагон»-и Қазоқистон таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ», машқҳои «Амали якҷоя-2003» дар доираи Созмони ҳамкории Шанҳай, «Худуд-2004» дар қаламрави Қазоқистон ва ташкили машқҳои ҳарбӣ бо Пойгоҳи низомии дивизияи 201 Федератсияи Россия дар доираи Созмони ҳамкории Шанҳай соли 2007 бо номи «Вазифаи сулҳҷӯёна» дар вилояти Челябински Федератсияи Россия, ҳамчунин дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ соли 2010 бо номи «Ҳамоҳангӣ-2010», «Худуд-2010» дар машқҳои «Матибулак»-и Қазоқистон, «Марз-2011», «Рисолати сулҳҷӯёна-2012» дар ҳудуди Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанҳай, нахустин машқҳои низомӣ бо Ӯзбекистон дар размгоҳи ҳарбию таълимии «Чоруқдаррон»-и вилояти Суғд (2014) ва ғайра далели гуфтаҳои болост.
Моҳи майи соли 2015 дар робита ба ташаннуҷи вазъи сиёсию низомӣ дар музофоти Қундузи кишвари ҳаммарзи Афғонистон Вазорати мудофиа корҳои ташкили хатти дуввуми мудофиаро ба итмом расонид.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола афсарони бисёреро ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса ва Амрико барои таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ мефиристад. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низоми муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарбии кишварҳои бо мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расидаанд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самарбахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанҳай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Бо беш аз 50 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ дорад.
Соли 2021 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин машқҳои муштараки васеи низомӣ дар минтақаҳои кишвар доир намуд, ки ҳадафи он мукаммалсозии таҷрибаи ҳайати шахсӣ дар ташкили амалиёти муваффақи ҷангӣ, ҳамоҳангсозии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, вусъат додани қувваву воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамчунин барои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории машқҳои муштараки низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони «Эшелон-2021», «Ҷустуҷӯ-2021» ва «Ҳамоҳангӣ-2021» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 170–171.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




