Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт мебошад. Фаъолияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши назорат ва танзими кори нақлиёти заминию ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард, танзими кори нақлиёти роҳи оҳан иборат мебошад.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1926–1946 Комиссариати халқии автомобилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1947–1953 Вазорати нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1953–1979 Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном дошт. Вазорати мазкур соли 1979 ба ду вазорат – Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тақсим шуд. Соли 1994 дар заминаи ин ду вазорат як вазорат – Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки соли 2000 аввал ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Аз соли 2011 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад.

Сохтор

Сохтори маъмурӣ ва идории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ (шуъбаи ҳамлу нақли автомобилӣ ва бехатарӣ дар нақлиёт, шуъбаи нақлиёти роҳи оҳан); Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо (шуъбаи сохтмони роҳҳои автомобилгард, шуъбаи нигоҳдорӣ, банақшагирӣ ва баҳодиҳӣ, шуъбаи ахбори даврӣ); Раёсати авиатсияи гражданӣ (шуъбаи истифодабарии техникӣ ва фазои ҳаво, шуъбаи аэропортҳо ва бехатарии парвоз); Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ; Раёсати робитаҳои байналмилалӣ (шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷӣ); Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ; Раёсати коргузорӣ; шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус; бахши ҳуқуқ; бахши аудити дохилӣ.

Муассисаҳои зертобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди водии Ҳисор; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; Мудирияти корхонаҳои сохташавандаи «Тоҷиктрансстрой»; идораи рӯзномаи «Нақлиёт»; Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»; Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»; Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»; Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»; Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»; Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар»; Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб».

Роҳҳо ва долонҳои нақлиётӣ

Аввалин роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон дар ибтидои асри 20 сохта шудаанд. Ҳанӯз соли 1894 сохтмони роҳи корвонгузари водии Фарғона ба сӯи шарқ ва ғарби Бадахшон сар шуд. Соли 1926 дар дохили Тоҷикистон 388 километр роҳ буд, соли 1930 роҳҳои автомобилгарди Тирмиз–Душанбе ва Ӯш–Хоруғ сохта шуданд. Солҳои 1933–1935 сохтмони роҳи автомобилгарди Самарқанд–Панҷакент–Айнӣ (дарозиаш 150 километр) ва Ӯротеппа–Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба тӯли 280 километр сар шуд. Соли 1939 яке аз шоҳроҳҳои таърихӣ – роҳи автомобилгарди 600-километраи Сталинобод–Хоруғ бунёд ёфт. Ин роҳ бино бар набудани таҷҳизоту мошинолоти роҳсозӣ, бо белу каланд ва путку мисрон дар муддати кӯтоҳ бунёд карда шуд, 3 000 коргари фаъоли роҳсоз бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардиданд.

Дар замони Истиқлоли Тоҷикистон бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар 1 200 километр роҳҳои автомобилгард, 93 пул, даҳҳо километр иншооти зидди тарма ва нақбҳо бунёд ва тармиму таҷдид шудаанд. Ҳоло (2021) дарозии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба 13 975 километр расидааст. Шабакаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 26 766 километрро ташкил медиҳад. Долонҳо (коридор)-и нақлиёти байналмилалӣ дар рушди бомароми иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чор кишвар – Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсарҳад буда, ба шабакаи роҳҳои автомобилгарди Осиё дохил мешавад. Ин долонҳои байналмилалии транзитӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, мамолики халиҷи Форс ва Хитой робита барқарор намуданд. Аз ҳудуди Тоҷикистон долонҳои автомобилии байналмилалии зерин мегузаранд, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ доранд. Дар доираи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё:

  1. Ховост (сарҳади Ӯзбекистон) – Хуҷанд – Душанбе – Панҷи Поён (сарҳади Афғонистон);
  2. Ӯш – Саритош – Қарамиқ (сарҳади Қирғизистон) – Чиргатол – Ғарм – Ваҳдат – Душанбе – Турсунзода (сарҳади Ӯзбекистон);
  3. Қаросӯ (сарҳади Хитой) – Қароқурум – Қулма – Мурғоб – Хоруғ – Кӯлоб – Ваҳдат – Душанбе – Сариосиё (сарҳади Ӯзбекистон);
  4. Ӯш – Саритош – Қизил Арт (сарҳади Қирғизистон) – Мурғоб – Хоруғ – Кӯлоб – Фарҳор – Панҷи Поён (сарҳади Афғонистон).

Сармоягузорӣ

Тӯли 30 соли охир аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахши иқтидори техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда сохтмон, таҷдид ва таъмири 2 183 километр роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 роҳи дусатҳа, 5 нақби мошингузар ва 3,4 километр долони зидди тарма бунёду таҷдид ва 682 адад техника ва таҷҳизоти нигаҳдории роҳ харида шуданд. Ҳамчунин аз ҳисоби кумаки созмонҳои хориҷӣ 27,5 километр роҳҳои автомобилгард ва 47 пул (бо дарозии 2 859 метр) ва аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 9,91 километр роҳҳои автомобилгард ва 19 пул (бо дарозии 435 метр) сохтаву таҷдид шуданд.

Ҳоло 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 618,5 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тибқи Созишномаи қарзию грантӣ, аз ҷумла 515,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тибқи қарордодҳои имзошуда, аз ин кумаки бебозгашт ва техникӣ 203,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (32,9 дарсад), қарзи беруна 351,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (56,8 дарсад) ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 63,6 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10,3 дарсад) мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.

Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ иҷрои корҳои сохтмони асосӣ аз ҳисоби маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ вусъат ёфта, бо ин мақсад дар солҳои истиқлол ба маблағи 398,2 миллион сомонӣ корҳо иҷро шуданд.

Дар доираи ин маблағгузориҳо таҷдиду барқарорсозии 217,5 километр роҳ, сохтмону барқарорсозии 104 пул бо дарозии 3 081,9 метр, барқарорсозии 4 кӯбур бо дарозии 133 метр, 1 425 метр садди истеҳкоми соҳил, ҳамчунин сохтмони 6 бинои хизматию маъмурӣ ва корҳои дигар анҷом дода шуданд. Барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 682 адад техникаву таҷҳизоти пуриқтидори нигоҳдории роҳҳои муосир харидорӣ карда шуданд, ки зиёда аз 43,8 дарсади техникаю таҷҳизоти дар мувозинати муассисаҳо мавҷудбударо ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар 30 соли охир нишондиҳандаҳои ҳаҷми боркашониву мусофиркашонӣ бо ҳама намудҳои нақлиёт соли 2020 нисбат ба солҳои 1995–2010 боркашонӣ 11,1 маротиба ё 34,6 дарсад, мусофирбарӣ 5,5 маротиба ё 21,3 дарсад зиёд шудааст.

Адабиёт

Ҳалимов Н. Ҳ., Ҳикмат А. Шараёнҳои Тоҷикистон. Душанбе, 2011.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 171–172.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.