Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди иқтисод ва савдо мебошад. Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар тамоми соҳаҳои марбут ба иқтисод ва савдо, таҳия ва танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши таҳия ва таҳлили консепсияҳо, стратегияҳо ва роҳбурдҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат, тартиб додани барномаҳо ва дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, патентҳо (парвонаҳо), ташаккули захираҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои доир намудани мониторинг, баҳо додан ба татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ иборат мебошад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми фаъолияти худро бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2010 (№ 148) тасдиқ шудааст, созмон медиҳад.
Сохтори дастгоҳи марказӣ
Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ; Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт; Сарраёсати таҳлили конъюнктураи (вазъияти) бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратӣ; Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳо; Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ; Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ; Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ; Раёсати котибот; Раёсати молиявию баҳисобгирӣ; Раёсати кадрҳо ва бахши махсус; Раёсати корҳо.
Муассисаҳо
Муассисаҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Раёсати давлатии «Суғдсавдо», Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ»; Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»; Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»; Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»; Маркази миллии патенту иттилооти назди вазорат.
Ваколатҳо
Вазорат дар доираи фаъолияти муқарраргардидааш ваколатҳои зерин дорад:
- вобаста ба тақозои Низомномаи хеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳои марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд;
- дар татбиқ намудани сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат фаъолона иштирок менамояд;
- таҳлили вазъи кунунии иқтисодро анҷом дода, дар асоси натиҷаҳои он принсипҳо ва равишҳои танзими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро муайян менамояд;
- стратегияҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат, ҳамчунин нақшаи индикативӣ (намогарӣ) ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дар иртибот бо онҳо барномаҳои давлатии сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷиро таҳия мекунад;
- барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавиро ҳамоҳанг месозад;
- принсипҳо ва механизмҳои ислоҳоти иқтисодии мамлакат ва шаклҳои татбиқи онҳоро таҳия менамояд;
- консепсия ва принсипҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷиро омода месозад;
- оид ба такмили системаи ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи маълумоти оморӣ пешниҳодҳо омода менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи стратегияи амнияти иқтисодии мамлакат иштирок мекунад;
- дар таҳияи буҷет, ташаккули меъёрҳои буҷетӣ барои иҷрои барномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд;
- барои такмили самтҳои асосии сиёсати андозу буҷетӣ, молиявӣ ва пулию қарзӣ дар омода намудани пешниҳодҳо иштирок мекунад;
- хусусияти эҳсонкорӣ доштани молу навои ба ҷумҳурӣ воридгардидаро муайян менамояд ва барои додани имтиёзҳои андозбандӣ хулосаҳо омода менамояд;
- тартиби усулҳои танзими давлатии тарифӣ ва ғайритарифии савдои хориҷиро муайян мекунад, пешниҳодҳоро оид ба меъёрҳои тарифи гумрукӣ, дақиқ намудани номгӯи молҳо ва кору хадамоте, ки содироту воридоти онҳо маҳдуд ё манъ шудааст, омода менамояд;
- истифодаи низоми аксизии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қисмати воридот ва содироти молҳо ҳамоҳанг месозад;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии умумии корҳоро бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо анҷом медиҳад;
- дар бораи содироти навъҳои алоҳидаи ашёи хом ва молҳои хусусияти стратегӣ дошта пешниҳодот омода мекунад;
- оид ба таъмини сохторҳои қудратӣ бо намудҳои асосӣ ва зарурии мол ва хизматрасонӣ дар доираи маблағгузории дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда таклифҳо омода мекунад;
- оид ба маблағгузории рушди илмию техникии муассисаҳои иҷтимоӣ ва омода кардани кадрҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, муассисаҳои илмию педагогӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад;
- дар омӯзиши ҳолат ва самарнокии истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар таҳқиқоти илмӣ иштирок менамояд ва амсоли инҳо.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 172.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




