Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва саноат мебошад. Фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мабнӣ бар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳад.

Таърих

Соли 1996 дар заминаи Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороиши Кумитаи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ороиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 2002 мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 4 март, № 87) «Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ороиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон ва Корпоратсияи маводди сохтмон барҳам дода шуда, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 2006 дар заминаи Вазорати энергетика ва Вазорати саноат Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз соли 2013 номи он ба «Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил ёфт.

Сохтор

Сохтори маъмурӣ ва идории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Раёсати иқтисод ва дурнамо, Раёсати энергетика ва манбаъҳои алтернативии энергетикӣ, Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо, Раёсати истеҳсоли ангишт, Раёсати истихроҷ, коркард ва таъмини нафту газ, Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиё, Раёсати саноати маводди сохтмон, Раёсати пилла ва саноати сабук, Раёсати саноати хӯрокворӣ, Раёсати муассисаҳои таълимӣ, Раёсати рушди илм, техника ва технология, Раёсати иҷозатномадиҳӣ, Раёсати баҳисобгирӣ ва муҳосибот, Раёсати сохтмон, Раёсати ҳуқуқ, кор бо кадрҳо ва корҳои махсус.

Муассисаҳои зертобеъ

Муассисаҳои зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нафтрасон», Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла», Корхонаи воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз», Корхонаи воҳиди давлатии «Нафт, газ ва ангишт», Корхонаи воҳиди давлатии «Гӯшту шир», Корхонаи давлатии «Востокпредмет», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон «Тоҷирон», Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Химзавод», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тамохуш», корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой «Зарафшон», Корхонаи воҳиди давлатии «Ҷамаст», Корхонаи воҳиди давлатии «Пилла», корхонаҳои давлатии «Қолинҳои Кӯлоб», «Данғара», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайраққум», корхонаҳои хизмати маишӣ «Равшан», «Сапфир», «Элегант», «Ашт», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Зайнаббиби», муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи энергетикаи Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургияи Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Коллеҷи кӯҳкории ба номи С. Юсупова, Пажӯҳишгоҳи саноат, Пажӯҳишгоҳи «Ғизо», Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар», Корхонаи воҳиди давлатии «Обёрӣ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт», маҷаллаи «Энергетика ва саноат».


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 173.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.