Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Соли 1946 аввал ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, баъд ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз соли 2013 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.
Сохтори дастгоҳи марказӣ
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳбарият; раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ; Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм; Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир; Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила; Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ; Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббӣ; Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; шуъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибот; шуъбаи ҳуқуқ; шуъбаи аудити дохилӣ; шуъбаи назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус; бахши котибот.
Муассисаҳо ва ташкилотҳо
Муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маркази миллии ташхис», «Маркази миллии солимии репродуктивӣ», «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ», «Маркази миллии бемориҳои сили шуш ва ҷарроҳии қафаси сина», «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон», «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино»; «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон», «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон», «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон», «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун», «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», «Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ», «Маркази ҷумҳуриявии ғизо», «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ», «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ф. Ғуломов», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урология», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмуҳра», «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринология», «Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ», «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинӣ», «Маркази ҷумҳуриявии иммунопропрофилактика», «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории синдроми пайдошудаи норасоии масуният», «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ», «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ», «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво», «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ», «Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ», «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ», «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ», «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ», «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои асабу равонӣ дар шаҳри Турсунзода», «Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии Тангай», «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ», «Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматов Абдусаттор», «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара», «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи “Қаратоғ”», «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи дилу тарбоди “Хушёр”», «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ», «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ», «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар», «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб», «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд», «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор», «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат», «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт», «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон», «Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара», «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом», «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан», «Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент», «Коллеҷи тиббии шаҳри Хороғ», «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода», «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара», «Ронанда», «Тоҷиктибтаҷҳизот», «Тоҷикфарминдустрия», Муассисаи давлатии базаи ҷумҳуриявии тайиноти махсуси тиббӣ, Муассисаи давлатии базаи ҷумҳуриявии автомобилӣ, маҷаллаҳои «Шифо», «Тандурустии Тоҷикистон», «Тоҷделфарм», Муассисаи давлатии Идораи сохтмони асосӣ, «Идораи таъмиру васлукунии шаҳри Кӯлоб»; Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо, «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”» дар ноҳияи Варзоб; «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор», «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ», «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон», «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Бохтар», «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо», Корхонаи давлатии Заводи протезу ортопедии шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хороғ.
Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ
Системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли аксари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси меъёрҳои миқдорӣ бунёд шудааст. Гусастани робитаҳои иқтисодӣ, коҳиш ёфтани истеҳсолот, мушкилоти молиявӣ ва дигар сабабҳои айнию зеҳнӣ кори системаи мавҷуди тиббиро заиф гардонданд. Ҳолати мазкур давлати соҳибистиқлолро водор ба доир намудани ислоҳоти соҳаи тиб намуд. Ислоҳоти соҳаи тандурустиро шартан метавон ба чор марҳала тақсим кард.
Марҳалаи аввал солҳои 1993–1997-ро дар бар мегирад ва аз марҳалаҳои душвортарин маҳсуб меёбад, ки кумакҳои фаврии давлат барои дарёфти доруворӣ, ваксинаҳо ва дигар воситаҳои бандубаст дар ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами тандурустӣ нақши муҳим доштанд.
Марҳалаи дуюми ислоҳоти соҳа солҳои 1997–1999-ро дар бар мегирад, ки дар ин давра дигаргунсозиҳои соҳа дар вазъияти нисбатан ором идома ёфтанд. Дар ин марҳала вазорат барои таҳияи дурнамои муайянкунандаи рушди баъдии соҳа ва меъёрҳои ҳуқуқии он мутобиқ ба иқтисодиёти бозорӣ корҳои бисёреро анҷом дод. Бори нахуст дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005, Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997–2001 таҳия шуда, ба тасвиб расиданд.
Марҳалаи сеюми ислоҳоти соҳа солҳои 1999–2006-ро фаро гирифт. Дар ин солҳо аввалин лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо мадади Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳия шуданд, «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005–2015» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, Барномаи таҷдиди сектори иҷтимоӣ ба солҳои 1999–2014 дар кишвар амалӣ гардид.
Марҳалаи чоруми ислоҳоти тандурустӣ аз соли 2006 оғоз гардида, то ҳол идома дорад. Рисолати асосии ин марҳала мукаммал намудани сохти идора ва маблағгузории соҳа, рушди тибби хонаводагӣ, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими системаи иттилоотии соҳа ва амсоли инҳо мебошад. Дар солҳои охир соҳаи хизматрасонии тиббии кишвар барои азнавсозии заминаҳои ташхис ва табобат, неруманд намудани инфрасохтори муассисаҳо, таъмини дастрасии хизматрасонии ташхисӣ, муолиҷавию пешгирӣ ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат самт гирифт. Дар пайи ин гирифтор шудани аҳолӣ ба баъзе бемориҳо, аз ҷумла домана, гулӯзиндонак, сурфакабудак, сурхача, ҳепатити вирустӣ мутаносибан коҳиш ёфтааст. Яке аз самтҳои муҳимми мубориза алайҳи бемориҳои густурда дар ҷумҳурӣ мубориза бар зидди бемории сил мебошад. Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2015 идомаи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003–2010 буда, барои фароҳам овардани тамоми шароит ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии зиддисилӣ ба аҳолӣ равона шудааст.
Беҳтар шудани хизматрасонии тиббию фарматсевтӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омодагии касбии кадрҳои тиббию фарматсевтӣ марбут аст. Барои тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ чандин санади меъёрӣ қабул шуданд, ки Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар солҳои 2006–2015, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010–2020 аз ҷумлаи онҳоанд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва ҳуқуқи муаллиф масъул аст. Вазорат дар асоси Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Вазифаҳо
Вазифаҳои асосии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти муназзами муассисаҳои фарҳанги кишвар; таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг; рушди фаъолияти китобдорӣ; назорату раҳнамоӣ ва пешбурди кори муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии соҳаи фарҳанг; рушди мусиқии касбӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ; ҳифзу нигаҳдории мероси ниёгон ва сарватҳои фарҳангии кишвар; тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ; ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ, ҳамоишҳо ва конференсияҳо оид ба масъалаҳои фарҳанг; густариши ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ; муаррифӣ намудани фарҳанги ғанию куҳанбунёди тоҷикон ба оламиён ва ғайра
Таърих ва фаъолияти фарҳангӣ
Моҳи майи 1938 дар Тоҷикистон Хонаи эҷодиёти халқ ташкил карда шуд, ки роҳбарии муассисаҳои фарҳангӣ, театрҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, чойхонаҳои сурх, китобхонаҳоро ба уҳда дошт ва маслиҳатҳои методӣ медод. Бо зиёд гардидани муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, талабот ба идора ва роҳбарии онҳо афзуд, бино бар ин, соли 1944 бо қарори Шӯрои Комиссарони халқ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Раёсати санъат ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро шоири ҷавон М. Турсунзода ба зимма дошт. 25 апрели 1953 дар заминаи Раёсати санъат Вазорати маданияти Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар муддати кӯтоҳ сохтори вазорат, раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои он ташкилу азнавсозӣ гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Соли 1995 дар натиҷаи муттаҳидсозии Вазорати маданият, матбуот ва ахбор, Кумитаи телевизион ва радиошунаворӣ ва умури кино, Вазорати фарҳанг ва иттилоот ташкил карда шуд, ки он охири соли 1997 номи «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифт.
Дар замони шӯравӣ барои рушду такомули санъати касбӣ ва фарҳанги миллии тоҷик таваҷҷуҳи бештар ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи санъат ва фарҳанг равона гардида буд. Бо ин мақсад бо кӯшиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои гуногун дар ҷумҳурӣ мактаб-интернату омӯзишгоҳҳои махсуси мусиқӣ, рассомӣ, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ташкил карда шуданд. Дар баробари ин, дар солҳои гуногун гурӯҳҳои донишҷӯён барои таҳсил ба донишкадаву донишгоҳҳои марказии санъат ва фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд. Барои таълиму тарбияи мутахассисони миллӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни санъат аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзгорон, режиссёрҳо ва мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба даъват карда шуданд.
Барои муттаҳидсозии ҳунарпешагон ва фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ дар ҷумҳурӣ Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳоло Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ), Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ (ҳоло Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ), Театри драмаи мусиқии Кӯлоб (ҳоло Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб), Театри драмаю мусиқии Конибодом (ҳоло Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом), Театри мазҳакаи мусиқии Қӯрғонтеппа (ҳоло Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар), Театри лӯхтаки Душанбе (Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак), Театри лӯхтаки шаҳри Чкалов (ҳоло Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалов) ва дар бисёр ноҳияҳо театрҳои халқӣ кушода шуданд, ки ба рушди санъати театрии Тоҷикистон такони бузург бахшиданд.
Ташкили Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1938) ва дар ҳайати он таъсис ёфтани Ансамбли тарона ва рақс, Ансамбли рубобчизанон, Ансамбли тарона ва рақси Помир, Ансамбли фолклорӣ ва этнографии «Ганҷина» аз рӯйдодҳои хурсандибахш ва муҳими фарҳангию маънавии ҷумҳурӣ буданд. Дар ин солҳо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат ва ҳунарҳои мардумӣ чандин фестивал-озмунҳои саросари ҷумҳурӣ ва дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Даҳаҳои санъати Тоҷикистонро баргузор намуд. Барои муаррифӣ ва тарғиби фарҳангу санъати миллӣ сафарҳои дастаҳои ҳунарии ҷумҳуриро ба мамлакатҳои хориҷӣ ташкил мекард. Соли 1968 дар бораи таъсиси Сирки давлатии Тоҷикистон қарор қабул шуд ва ҳамон сол бо Қарори Вазорати маданияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар назди Сирк студияи махсуси сиркӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он ромкунандаҳои беҳтарин, муаллимони варзида, рассомону оҳангсозони мумтоз иштирок карданд.
Таъсиси нахустин осорхонаву китобхонаҳо – Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Камолиддини Беҳзод (ҳоло Осорхонаи миллии Тоҷикистон), Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон), Китобхонаи шаҳри Душанбе ба номи А. Лоҳутӣ ва ғайра минбаъд ба рушду нумӯи фарҳангу тамаддун, анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавии мардум мусоидат карданд.
Дар сохтори Вазорати маданияти Тоҷикистон солҳои 80-уми асри 20 дар 966 клуб дастаҳои ҳаваскорони санъат ва маҳфилҳои драма амал мекарданд, ки ба марказҳои ҳақиқии корҳои фарҳангӣ-маърифатӣ табдил ёфта буданд.
Соли 1973 Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба корҳои табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба матбуот табдили ном карда, баъдан бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуд. Дар ҳайати он Комбинати полиграфии Душанбе, Матбааи №1 (Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Матбуот»), «Санадвора», нашриётҳои «Ирфон», «Маориф», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ҳоло Энсиклопедияи миллии тоҷик), «Адиб», Иттиҳодияи «Савдои китоб» фаъолият доштанд.
Фаъолият дар давраи соҳибистиқлолӣ
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муназзам гардонидан ва нишон додани дурнамои рушди фарҳанг ва санъати касбӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз барномаҳои давлатиро бо нақшаҳои мушаххас таҳия ва пешниҳод намуд, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшиданд. Пайи ҳам «Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007–2010», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2007–2010», «Барномаи давлатии рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015», «Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2015», «Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015» қабул гардиданд, ки дар пешрафти маърифати аҳолӣ нақши муҳим доранд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин солҳо барои рушди мусиқии касбӣ ва тарғиби ҳунарҳои халқӣ як силсила фестивалу озмунҳо — Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ — «Андалеб» (1999, 2001, 2004, 2006, 2008), Фестивал-озмуни байналмилалии театрҳои касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ «Наврӯз-2003», Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак», Фестивали байналмилалии «Шашмақом», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Эстрада–2004», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту», Озмуни «Ганҷи шойгон», Озмуни мутрибони созҳои миллӣ «Дутори зарин», Фестивали «Таронаи ҷаҳон», Фестивали ҷумҳуриявии тарона ва рақс «Гулу гулдастаҳои як ҷаманем», Фестивали ансамблҳои оилаӣ «Гули мақсуд» ва ғайраро баргузор намуд. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ «Рӯзи Шашмақом» ва «Рӯзи Фалак» доир мегардад.
Дар ин давра 7 ёдгорӣ комилан барқарор, 18 ёдгорӣ таъмиру тармим, 3 осорхона сохта шуд, ҳолати ҳифзи даҳҳо ёдгориҳои дигар беҳтар гардид. Ҳоло корҳои тармиму барқарорсозии 12 ёдгории таърихӣ идома дорад. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи ёдгориҳои меъморӣ ва бостонии тамошобоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва нашр кард, ки номгӯй ва акси рангаи зиёда аз 180 ёдгориро аз 38 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар бар мегирад.
Дар соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 ҳамасола рӯзҳои 2–9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад ва 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил мешавад. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 Ҳаракати «Корвони китоб» ташкил карда шуд, ки ҳар сол як бор китобҳои тозанашрро ба китобхонаҳои тамоми шаҳру ноҳияҳо ба таври ройгон дастрас менамояд. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2011, 2012 ва 2013 Намоиши байналмилалии китоби Душанбе ташкил карда шуд.
Дар доираи робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Беларус, Туркманистон, Федератсияи Россия, Рӯзи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (Порис) ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Халқии Хитой, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардиданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 2 351 муассисаи иҷтимоию фарҳангӣ фаъолият дорад.
Сохтор
Сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Раёсати санъат; Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ; Раёсати табъу нашр ва матбуот; Шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ; Шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ; Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ; Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус; Шуъбаи идоракунии кадрҳо ва назорат; Раёсати ҳисобот ва баҳисобгирӣ; Шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ; Раёсати пешбурди техникӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ; Бахши танзими техникӣ; Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста; Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 173–176.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




