Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия оид ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об мебошад. Вазорат фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати обию энергетикӣ, таҳия намудани стратегияҳо, барномаҳо, нақшаҳо оид ба рушди маҷмуи сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, идора, танзим, тарҳрезӣ, рушди иқтидор, назорати давлатӣ вобаста ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ҷамъиятӣ ба роҳ мондааст. Вазорат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро созмон медиҳад.

Таърих

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин соҳа Комиссариати халқии хоҷагии об ном дошт (то соли 1946). Соли 1947 ба Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997 ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000 ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006 ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19 ноябри 2013 ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.

Дастгоҳи марказӣ

Дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Роҳбарият;
  • Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои об;
  • Раёсати сиёсати энергетика ва захираҳои об, рушди илму техника;
  • Раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об;
  • Раёсати мониторинги сохтмони иншооти обу энергетикӣ;
  • Раёсати иқтисод ва дурнамо;
  • Раёсати электроэнергетика;
  • Раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ;
  • Раёсати захираҳои об;
  • Раёсати корҳо;
  • Шуъбаи ҳуқуқ;
  • Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ;
  • Шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ;
  • Бахши иҷозатномадиҳӣ;
  • Бахши котибот;
  • Бахши кадрҳо ва корҳои махсус.

Ба сохтори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи марказӣ, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дохил мешаванд.

Корхонаҳо ва муассисаҳо

Корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз», КВДҶ «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Нурофар”», Муассисаи давлатии «Тоҷик НИИГиМ», Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ», Шуъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали «Дустлик»-и даштҳои ташналаб, Раёсати болодарёии иттиҳодияи ҳавзаи хоҷагии оби «Амударё», Котиботи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ, Филиали тоҷикистонии Маркази илмию иттилоотии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ, Муассисаи давлатии маҷаллаи «Энергетика ва захираҳои об» ва боғчаи кӯдаконаи № 133.

Корхонаҳои соҳаи нафту газ

Корхонаҳои воҳиди давлатии фаъолияткунанда дар соҳаи нафту газ: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пармакунии ҷанубӣ», Корхонаи фаръии сохтмону васлкунии № 1, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Манзили обод-2015», Муассисаи оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии фаввораҳои нафту газ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғднафтугаз», Корхонаи фаръии «Балҷувонгаз», Корхонаи фаръии байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз», Корхонаи фаръии «Рӯмигаз», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобгаз», Корхонаи воҳиди «Заводи таъмирию механикии ноҳияи Ҷаббор Расулов» ва Ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди «Петролеум-Суғд».


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 176–177.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.