Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки низоми миллии андози мамлакатро амалӣ мекунад. Моҳи январи соли 1992 дар заминаи Раёсати даромадҳои давлатӣ ва андозҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 4 майи 1995 дар заминаи Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Моҳи январи соли 2002 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуданд. Дар ҳайати вазорати мазкур Департаменти андоз таъсис дода шуд, ки он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 декабри 2006, таҳти № 607) аз нав ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.
Сохтор
Сохтори амалкунандаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастгоҳи марказӣ, раёсати андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе, нозироти андозсупорандагони калон бо шуъбаҳояшон, нозироти андозсупорандагони миёна дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе, бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру ноҳияҳо, маркази коркарди маълумот ва маркази такмили ихтисос.
Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият, раёсатҳои аудити дохилӣ, молиявию хоҷагидорӣ, кадрҳо ва корҳои махсус, баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳо, бақайдгирии андозсупорандагон, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ситонидани қарзи андозҳо, такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии андоз, ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандӣ, таъмини ҳуқуқӣ, санҷиши андозҳо, ташкили андозбандӣ, шуъбаҳои технологияи иттилоотӣ, ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо ва коргузорӣ, робита бо воситаҳои ахбори омма иборат аст.
Ба ҳайати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Муассисаи давлатии Редаксияи маҷаллаи «Паёми андоз», Корхонаи воҳиди давлатии Редаксияи рӯзномаи «Боҷу хироҷ», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз», Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолият» ва муассисаи давлатии «Хоҷагии автомобилӣ» дохил мешаванд.
Хизматрасониҳои электронӣ
Яке аз самтҳои бартарии фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ ва дар заминаи он дар сатҳи муосир ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мебошад. Ҳоло дар ин мақомот якчанд хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла:
-
ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳисобот (эъломияҳо)-и андоз аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ;
-
ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда;
-
гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ;
-
саволу ҷавоб оид ба қонунгузории андоз;
-
дастрас намудани маълумотнома оид ба надоштани қарзи андозҳо;
-
номнавис (сабт) кардани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи онлайн;
-
пешниҳоди тавзеҳот дар низоми вақти мустақим (онлайн);
-
пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба рақами мушаххаси андозсупоранда ва ғайра.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти корҳои давлатии заминсозӣ, кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, бақайдгирии давлатии замин, молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба онҳо масъул аст.
Таърих ва фаъолият
Соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» қабул шуд ва он барои гузаронидани ислоҳоти оянда дар соҳаи истифодаи замин асос гардид. Дар ин замина Сарраёсати замини назди Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт ва соли 1992 дар заминаи он Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти замин ва заминсозӣ таъсис дода шуд. Соли 1993 Кумита ба Сарраёсати захираҳои замин ва заминсозии Вазорати хоҷагии қишлоқ табдил ёфт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 25 июни 1996, таҳти № 522) «Дар бораи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи захираҳои замин ва заминсозӣ таъсис дода шуд.
Кумита дар амалӣ намудани сиёсати давлат оид ба соҳаи заминсозӣ, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатии истифодаи оқилонаю ҳифзи замин, танзими муносибатҳо вобаста ба замин, пешбурди кадастри давлатӣ ва мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои замин нақши асосӣ дошт. Бо мақсади ба шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ мутобиқ намудани системаи идораи давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 14 марти 2001, таҳти № 534) дар заминаи Кумитаи захираҳои замин ва заминсозӣ Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 таҳти № 189 «Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи «Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар асоси он Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва номгӯйи ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, ки фаъолияташонро тибқи созишномаҳои дуҷониба бо он анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шуданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали 2014 «Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил дода шуд.
Ҳамкориҳо
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи Аврупоӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Исломӣ, Агентии Канада оид ба рушди байналмилалӣ, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Агентии Шветсия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ барои рушд, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, FINMEP ва намояндагони сафоратҳои чанде аз давлатҳо баҳри пешбурди масъалаҳои марбут ба соҳа — раванди ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, низомномаи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, ҷорӣ намудани андози ягона аз замин, фароғати тарғиботӣ ва тавзеҳӣ — дар хоҷагиҳои таҷдидшавандаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар доир менамояд.
Марказҳои кадастрии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи лоиҳаи махсус дар минтақаҳои Вахш, Кӯлоб, Ҳисор, Рашт, Хуҷанд, водии Зарафшон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мебаранд, ба масоили аз нав созмон додани ташкилотҳои кишоварзӣ ва барои деҳқонон ба таври ройгон тартиб додани парвандаҳои заминсозӣ ва супоридани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин машғуланд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 177.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




