Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мебошад, ки тибқи фармон аз 22 январи 1991 таҳти № УП-12 «Дар бораи таъсиси Комитети давлатии республикавии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ» таъсис дода шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 декабри 2016 таҳти № 590) «Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида шуд.

Сохтори дастгоҳи марказӣ

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият, сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кумаки беруна, раёсатҳои ҳамоҳангсозии кумаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳо, пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ, моликияти давлатӣ, хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣ, соҳибкорӣ, раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ, шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсус, молия ва хоҷагӣ, умумӣ ва назорат, маҷмӯӣ ва иттилоот иборат мебошад.

Ташкилотҳо ва фаъолият

Ташкилотҳои низоми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест», Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ».

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ, тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна, идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани раванди ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, манфиати давлатро ҳамчун соҳибмулк намояндагӣ мекунад, фаъолиятро оид ба иҷрои барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ анҷом медиҳад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ва тавассути мақомоти ҳудудии худ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо фаъолият менамояд. Ҳоло дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ (11 ноҳия) Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор Шуъбаи сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъсис дода шудаанд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва мақоми назоратӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва ташхисӣ оид ба масъалаҳои озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мебошад, ки сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими анъана ва маросими динӣ амалӣ карда, муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро ҳамоҳанг месозад.

Таърих

Дар замони шӯравӣ дар ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ваколатдорон оид ба корҳои дини назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ амал карда, масъулияти назорати фазои андешаи диниро дар ҳамон ҷумҳурӣ ба уҳда дошт. 23 марти соли 1991 дар заминаи Шӯрои мазкур Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас 23 сентябри соли 1995 дар заминаи он Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо шуъбаҳои оид ба корҳои дин таъсис дода шуданд. 30 ноябри соли 2006 кумитаи мазкур барҳам хӯрда, вазифаҳои он ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуданд. Дар ин замина дар Вазорати фарҳанг Сарраёсат оид ба корҳои дин таъсис ёфт. 3 майи соли 2010 Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 21 майи соли 2010 Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти он даромад ва 20 августи соли 2018 «Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шуд.

Сохтори дастгоҳи марказӣ

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳбарият (раис, муовини аввал, ду муовин), се раёсат (иттиҳодияҳои динӣ; танзими анъана ва ҷашну маросимҳо; таҳлил ва ташхиси диншиносӣ), ду шуъба (таҳсилоти динӣ ва назорати таблиғоти динӣ; робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ), се бахш (молия ва хоҷагӣ; таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо; умумӣ ва корҳои махсус).

Ваколатҳо

Ваколатҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • омӯзиш ва таҳлили фаъолияти иттиҳодияҳои динии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ба роҳ мондани корҳои тавзеҳӣ оид ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин;
  • таҳияи пешниҳодҳо барои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросими динӣ;
  • анҷом додани қайди давлатӣ ва қайди баҳисобгирии иттиҳодияҳои динӣ;
  • ташкил кардан ва анҷом додани сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра, муайян кардани тартиби нигоҳдорӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас;
  • мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ бо мақсади муайян кардани хусусиятҳои эътиқоди динии иттиҳодияҳои динӣ ва ғайра.

Ҳуқуқҳо

Ҳуқуқҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • назорати бевоситаи риояи қонунгузорӣ ва муқаррароти оиннома (низомнома)-и иттиҳодияҳои динӣ дар мавриди ҳадафҳо ва тартиби фаъолияти онҳо;
  • пешниҳоди хулоса оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти дигари давлатӣ ё ташкилоти ҷамъиятӣ таҳияшуда, ки ба масъалаҳои дин, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва таъсиси иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросимҳои динӣ иртибот доранд;
  • ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳбарон

Роҳбарони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Рабиев Х. (1987–1995), Аҳмадов С. (1995–2004), Ғоибов Ғ. (2004), Давлатов М. (2004–2007), Асроров М. (2008–2010), Холиқзода А. Ғ. (2010–2014), Давлатзода С. П. (аз 2014).

Нашрия

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи беолоиши фазои андешаи динӣ дар кишвар, сари вақт ва мунтазам нашр кардани матолиби марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба дин ва озодии виҷдон, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи меъёрҳои қонунгузории соҳавӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда, ҳамчунин инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодии виҷдон, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки ҳамагӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, маҷаллаи динӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Дин ва ҷомеа»-ро ба ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) шурӯъ аз моҳи майи соли 2014 интишор мекунад.

Адабиёт

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин. Душанбе, 2011.

Муаллиф: Н. Салимзода.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 177–178.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.