Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди ваколатдори давлатӣ оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар бораи забон, таҳия ва танзими истилоҳоти забони тоҷикӣ мебошад. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 604 таъсис ёфтааст.
Таърих
Нахустин пояи Кумита дар соли 1927 бо таъсиси Кумитаи марказии Алифбои нави тоҷик гузошта шуд. Мақсади таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идора ва роҳбарӣ намудан барои аз хатти арабиасос ба лотинӣ гузаштани мардуми Тоҷикистон буд. Зери роҳбарии Кумитаи мазкур чанд маротиба маҷлису анҷуманҳо, аз қабили Пленуми якуми Алифбои нави тоҷик (15 ноябри соли 1929, шаҳри Сталинобод, ҳозира Душанбе), «Кенгош»-и илмии тоҷикони Ӯзбекистон (10–15 феврали соли 1930, шаҳри Самарқанд), Анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон (августи 1930, шаҳри Самарқанд) баргузор гардид. Соли 1929 Кумитаи марказии умумииттифоқии Алифбои нав дар назди Кумитаи иҷроияи умумииттифоқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ таъсис ёфт, ки гузаштан ба алифбои навро дар ҷумҳуриҳои Қафқоз, Осиёи Миёна, Қазоқистон ва дигар минтақаҳои Русия идора ва роҳбарӣ мекард. 11 июни соли 1933 таҳти рақами 215 бо Қарори Кумитаи иҷроияи марказии шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Кумитаи марказии Алифбои нави тоҷик иборат аз 30 нафар дар сатҳи баланди давлатӣ ташкил гардид. Ин Кумита таҳти роҳбарии умумии директивии Кумитаи марказии умумииттифоқии Алифбои нави Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар назди Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор дошт.
Таҳия ва танзими истилоҳоти нави забони тоҷикӣ охири солҳои 20-уми асри 20 зери роҳбарии Кумитаи марказии Алифбои нави тоҷик оғоз гардида, соли 1933 барои танзими истилоҳот мақоми махсус – Кумитаи истилоҳот дар назди Кумитаи иҷроияи марказии Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин Кумита соли 1936 дастурамалеро бо номи «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» таҳия ва қабул намуд. Бо тағйир ёфтани сохтори Кумитаи иҷроияи марказии Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон, Кумитаи истилоҳоти назди он низ барҳам хӯрд.
Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1960, № 276 Комитети терминологияи назди Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Комитети мазкур соли 1971 дастурамалеро бо номи «Принципҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ» таҳия кард. Ин Комитет соли 1979 барҳам дода шуд ва дар Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи истилоҳот ва маданияти сухан таъсис ёфт. Сипас, дигарбора бо фармони Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1990, № 314-ф Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияву танзими истилоҳоти забони тоҷикӣ таъсис ёфт.
Ҳамчунин, бо мақсади назорати иҷрои муқаррароти Қонуни забон (1989) дар асоси фармони Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990, № 51-ф дар назди ҳамаи вазоратҳо, ҳукуматҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, корхона ва муассисаҳо Комиссияи ҷамъиятии татбиқи Қонуни забон ташкил гардид. Ин комиссияҳо ҷамъиятӣ буданд, бино бар ин, Раёсати Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тибқи фармони худ аз 8 январи соли 1992 дар назди Институти забон ва адабиёт ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ созмон дод.
Ҷиҳати татбиқи Қонуни забон (1989), бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 1995, № 662 Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 29 нафар (Додхудоева Б. Д. – раис, Ҳамидов Р. Ҳ. – муовини раис, Асадов А. – котиби Комиссия, Абдуллоев З., Абдуманнонов А., Акбаров М. А., Алиев Н., Асроров М., Аҳмадзод Н., Ғаффоров Р., Камолиддинов Б., Лоиқ Шералӣ, Лутфуллоев М., Маҷидов Ҳ., Мирзоев С., Файзов М., Хаскашев Т., Шоев Э., Эрназаров С., Чӯраев Ғ. ва дигарон) созмон ёфт.
Дар соли 2000 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссия аз нав тасдиқ шуд, ки аз 19 нафар иборат буд, аз ҷумла Шаропова Н. М. – раис, Ҳамидов Р. Ҳ. – муовини раис, Чӯраев Ғ. – роҳбари дастгоҳи кории Комиссия, Маҳмадҷонов О. О. – котиби Комиссия ва аъзои он Абдуллоев З., Алиев О., Исмоилов Ш., Камолиддинов Б., Лоиқ Шералӣ, Лутфуллоев М., Мирзоев С., Саймиддинов Д., Файзов М., Хаскашев Т. ва дигарон.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2003, № 321 ҳайати Комиссия аз нав тасдиқ гардид, ки аз 17 нафар иборат буд: Шаропова Н. М. – раис, Чӯраев Ғ. – роҳбари дастгоҳи кории Комиссия, муовини раис ва аъзои он – Хоҷаев А. Ҳ., Хушвақтов Ф. Ҳ., Абдуманнонов А., Лутфуллоев М., Назиров У., Ғоибов А., Абдуллоева М., Самадов А., Саймиддинов Д., Камолиддинов Б., Файзов М., Назарзода С., Исмоилов Ш., Абдуллоев З., Алиев О.
Ташкили Кумита ва фаъолияти он
Соли 2009 дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 604 созмон дода шуд. Теъдоди ниҳоии кормандони Кумита ба миқдори 20 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар гардид. Ба Кумита иҷозат дода шуд, ки як муовини раис ва ҳайати мушовараи иборат аз панҷ нафар дошта бошад. Нахустин раиси Кумита Саймиддинов Додихудо тайин шуд. Ҳайати мушовараи Кумита бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 иборат аз панҷ нафар – раиси Кумита, муовини раис ва аъзои мушовара тасдиқ гардид.
Дар Кумита Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис дода шудааст, ки он аз се гурӯҳ ва 22 бахш иборат аст. Дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ) беш аз 100 нафар муҳаққиқ фаъолият доранд. Кумита дар давоми фаъолияти худ дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур 90 фарҳангномаи марбут ба истилоҳоти тахассусӣ, дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техника, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биология, нассоҷӣ, педагогика, нақлиёт, коргузорӣ ва ғайраро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаашро пешниҳод кардааст. Баъзе фарҳангномаҳои таҳиягардида дузабона (русӣ – тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ – англисӣ – русӣ) мебошанд.
Кумита дар муддати фаъолияти худ якчанд корҳои назаррасро дар самти сиёсати давлатӣ доир ба забон анҷом дод. Аз ҷумла, тақрибан 100 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву оинномаҳо ва барномаву тавсияномаҳо, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, тайиноти судӣ, барчаспҳои маводи хӯрокворӣ ва номгузории ташкилоту муассисаҳо, объектҳои ҷуғрофии кишвар (маҳалҳои аҳолинишин, кӯҳу дарёҳо, қуллаҳо, кӯлҳо, чашмаҳо ва ғайра)-ро аз ҷиҳати забоншиносӣ баррасӣ ва истилоҳоти онҳоро коркарду мувофиқа кардааст.
Кумита ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврал) ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр) бо иштироки доираи васеи муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ва намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон мизҳои мудаввар, вохӯриҳо, семинарҳо ва конференсияҳо баргузор менамояд.
Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 4 октябри 2011, № 458; «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012–2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» тасдиқ гардиданд.
Кумита бо ҷалби олимони забоншинос «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2013), «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (2016, 2017), «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; 2018), «Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» (2019)-ро таҳия ва нашр кардааст. Кумита барои тарғиби забони давлатӣ ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзномае бо номи «Ганҷи забон» нашр менамояд.
Муаллиф: С. Матробиён.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро татбиқ мекунад. 9 феврали соли 1991 ҳамчун Комитети давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис шуда, баъдан Комитети давлатӣ оид ба варзиш ва туризм, Комитети давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм (1992), Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ном гирифт.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 178–180.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




