Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро татбиқ мекунад.

Таърих

9 феврали соли 1991 ҳамчун Комитети давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис шуда, баъдан Комитети давлатӣ оид ба варзиш ва туризм, Комитети давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм (1992), Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ном гирифт. 27 майи 2017 дар пайи ислоҳоти идораи давлатӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард.

Сохтор

Сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ (роҳбарият, раёсати кор бо ҷавонон; раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш; шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб, шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот, шуъбаи умумӣ ва назорат, бахши таъминоти ҳуқуқӣ, бахши кадрҳо ва корҳои махсус, бахши таҳлил ва иттилоот, бахши хоҷагидорӣ, ҳамчунин 24 муассисаву ташкилот ба сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд), раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе; бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо.

Вазифаҳо

Вазифаҳо:

  • таҳияи санадҳои муҳимми давлатии соҳаи ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ;
  • таҳияи механизмҳои татбиқи қонунҳои асосии соҳа;
  • муайян кардани самтҳои фаъолият дар шароити муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоӣ;
  • ташаккули хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон, мусоидат барои ширкати фаъол дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ.

Иқдомҳо

Таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, стипендияи Президент барои хонандагон, Квотаи Президент барои ҷавонони ноҳияҳои дурдаст, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», грантҳои ҳукумат дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, Ҷоизаи Президент барои варзишгарон, баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишию мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, илмию маърифатӣ, ҳарбию варзишӣ ва ғайра иқдомҳоанд, ки дар доираи сиёсати давлатии соҳа сурат мегиранд.

Аз соли 1998 рӯзи 23 май расман ба унвони Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 179–180.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.