Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Соли 2017 таъсис шуд.

Сохтор

Сохтори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маъмурият, раёсати рушди сайёҳӣ, шуъбаи иҷозатномадиҳӣ, шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ, бахши иқтисод ва банақшагирӣ, бахши муносибатҳои байналмилалӣ, бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, бахши умумӣ ва назорат, бахши котибот.

Ваколатҳо

Ваколатҳои асосии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • татбиқ намудани сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • амалӣ намудани барномаҳои давлатии туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таъмин намудани иҷрои шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;
  • намояндагӣ кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалии туристӣ;
  • ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
  • таҳия ва муайян намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатӣ.

Ҳамкориҳо

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ мекунад.

Дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд – созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон, аз ҷумла Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Осиёии Рушд, Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия, Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд, Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Департаменти рушди байналмилалии Бритониёи Кабир, Намояндагии Бонки олмонии рушд, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, ҳамчунин дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ӯзбекистон, Россия, Фаронса, Швейтсария корҳои зиёд анҷом дода шуданд.

Портали сайёҳӣ ва тарғибот

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии кишвар соли 2017 портали миллии сайёҳӣ (www.traveltajikistan.tj)-ро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, испанӣ, ҷопонӣ ва фаронсавӣ дар интернет фаъол кард.

Дар баробари ин, равзанаҳои алоҳида дар самти сайёҳӣ дар шабакаҳои телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудаанд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 180–181.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.