Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии ҳифзи табиат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки назорати татбиқи сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро амалӣ менамояд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1988 таъсис дода шуд. Соли 1992 Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Соли 2004 дар натиҷаи пайвастан Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал таъсис ёфт. Соли 2006 Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд. Дар сохтори Вазорати кишоварзӣ зерсохтори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат таъсис ёфт. Аз соли 2008 Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Созишномаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СИТЕС (CITES) «Дар бораи хариду фурӯши намудҳои ёбоии олами набототу ҳайвонот, ки зери хатари нестшавӣ қарор доранд» ва соли 2017 ба Конвенсияи Базел (Basel Convention) «Оид ба назорати интиқоли фаромарзии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» шомил гашт. Ҳоло Тоҷикистон узви 10 конвенсия ва чор протоколи байналмилалии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва экология мебошад, ки иҷро ва назорати онҳо бар уҳдаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Фонди глобалии экологӣ, Барномаи ҳамкориҳои Олмон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар доираи Шӯрои байнидавлатии экологӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази минтақавии экологияи Осиёи Марказӣ бо ҳам таҳким ёфтанд.

Кумита дар омодагӣ ва баргузории барномаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи захираҳои об, мутобиқат ба тағйири иқлим, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти кишварамон ва давлатҳои хориҷӣ фаъолона ширкат меварзад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсуси ваколатдори Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund) таъйин гардид ва имрӯз ҳамкориҳои фаъол оид ба ҷалби маблағҳои фонди мазкур ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионии соҳаҳои экология, энергетика, мелиоратсия, пешгирии ҳолатҳои техногенӣ ва ғайра идома доранд.

Нашрияҳо

Кумита нашри дуюми «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — дар ду ҷилд чоп ва ба доираи васеи мутахассисону дӯстдорони табиат дастрас гардонд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи «Инсон ва табиат»-ро моҳе як бор ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат»-ро дар се моҳ як бор нашр мекунад, ҳамчунин сомонаи интернетии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои таблиғӣ мунтазам иттилоъ интишор мекунад.

Биноҳои маъмурӣ

Дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои маъмурии бахшу шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист сохта, ба истифода дода шуданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ биноҳои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Дарвоз, Нуробод, Хоруғ, Айнӣ, Норак, Рашт, Ашт, Мастчоҳ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Данғара, Бӯстон, Панҷакент мавриди истифода қарор гирифтанд. Сохтмони биноҳои шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Хуросон ва Шаҳринав дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Муаллиф: Ч. Якубов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 181.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.