Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ мебошад. Моҳи марти соли 1918 ҳамчун Кумитаи мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ таъсис ёфт. Соли 1956 дар Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ ҳамагӣ ду нафар фаъолият доштанд. Моҳи июли соли 1961 мақоми мазкур ба Кумитаи мудофиаи гражданӣ табдил дода шуд. Солҳои 1992–1994 дар таркиби Кумитаи мудофиа Ситоди мудофиаи гражданӣ амал мекард. Соли 1994 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки соли 1999 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.

Самтҳои фаъолият

Аз 30 ноябри соли 2006 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбӣ буда, дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:

  • пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ вобаста ба ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, экологӣ ва дорои хусусияти техногенӣ, ҳамчунин огоҳӣ, пешгирӣ ва рафъи онҳо;
  • ташкили роҳбарӣ ва назорати пешбурди корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи садамаҳои истеҳсолӣ, фалокат ва дигар ҳолатҳои фавқулода;
  • таъсиси низоми огоҳ кардани аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи замони осоишта ва ҷанг;
  • омодагии ҳайати шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот;
  • омӯзиши муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус, касбии техникӣ ва олӣ дар вақти таълим.

Сохтор

Сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият, сарраёсатҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, раёсатҳои қӯшунҳо; сохтмон, истифодабарии биноҳо ва иншоот; кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ; ҳамкориҳои байналмилалӣ; молия ва иқтисод, тиббӣ, хадамоти таъйиноти махсуси кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ; моддию техникӣ; хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт; масъалаҳои кӯли Сарез; Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ, шуъбаҳои ҳуқуқ; кор бо ҷомеа, раёсатҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе; шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаҳои Кӯлоби вилояти Хатлон; Хадамоти зидди жола, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ, беморхонаи ҳарбӣ, хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Норак.

Ситодҳо ва омодагӣ

Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ки бештарашон соҳиби бинои маъмурии муосир, иншооти ёрирасон ва шароити мусоид барои такмилу ташаккули маҳорати касбию омодагии ҷисмонӣ мебошанд. Дар назди онҳо дастаи зудамали наҷотдиҳӣ амал мекунад. Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Сарситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, бо иштироки аҳолӣ, қувваҳои ғайриҳарбӣ, ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо ва мақомоти идораи давлатӣ машқҳои «Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ»-ро ба роҳ мемонанд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 181–182.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.