Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи ҳокимияти иҷроия доир ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мебошад, ки вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд.
Таърих
Дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна дидбонгоҳи гумруки Тирмиз ягона гузаргоҳи гумрукии интиқолдиҳандаи мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. 7 апрели 1987 Шуъбаи оперативии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба мақомоти гумруки Тирмиз тобеъ буд. Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мешуд. Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки ҳайати шахсии онҳо аз 41 нафар иборат буд. Роҳбарии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд. Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд ва Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардиданд. Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи 1992 таъсис ёфт.
Фаъолият ва ҳамкориҳо
Мақомоти гумруки ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ садди роҳи фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои ҷинояткор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кодекси гумрукӣ ва Қонун «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия ва ба нашр омода кард, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ тасдиқ гардиданд. Тоҷикистон аз соли 1997 то ҳол узви Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии чандин конвенсияи байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Аз соли 2005 Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфрасохтори назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Ваколатҳо
Роҳбарии умумии фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти тобеи он низоми ягонаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил карда, фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия анҷом медиҳанд.
Ваколатҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- таъмини истиқлол, амнияти миллӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ, ҳамчунин андешидани тадбирҳо доир ба ҳимояи ҳаёт, саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист;
- таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати онҳо ба зиммаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст;
- таъмини татбиқи сиёсат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва ягонагии қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳлилу ҷамъбасти таҷрибаи татбиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.
Роҳбарият
Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се муовин дорад, аз ҷумла муовини аввал, ки бо пешниҳоди сардор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовараи иборат аз ҳафт нафар — сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардор, ки аз рӯи вазифа ба он дохиланд, ва дигар шахсони мансабдори роҳбарикунандаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташкил мешавад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 183.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




