Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори ҳокимияти иҷроия мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамояд ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳотро оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ ҳамоҳанг месозад.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи 2010 (№ 227) таъсис шуд.

Сохтори дастгоҳи марказӣ

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият, раёсатҳои ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқӣ, бахши таъминоти ҳуқуқӣ, бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаи корҳо ва бахши муҳосибот иборат аст.

Сохтори ҳудудӣ

Нақшаи идораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ, шуъбаҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе, раёсатҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 183.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.