Ҳокимияти судӣ
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолати судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ягон мақоми дигар ва ё шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқи амалӣ гардонидани адолати судиро надоранд. Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва нақзи ҳуқуқи маъмурӣ амалӣ менамояд.
Низоми судӣ
Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол мебошад. Таъсиси суди фавқулода манъ аст. Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ аз ҷониби Президент таъйин ва озод карда мешаванд. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.
Суди конститутсионӣ
Суди конститутсионӣ аз ҳафт нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатиро ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян, баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳоро ҳал ва ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, иҷро мекунад.
Адабиёт
- Маҳмудов М., Худоёров Б. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон. Душанбе, 2008.
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июни соли 2014 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016.
Муаллиф: Т. Шарипов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 183–184.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




