Мақомоти прокуратура
Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи дақиқ ва иҷрои ҳамгуни қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Боби нуҳуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокуратура ихтисос ёфтааст.
Вазифаҳо
Вазифаҳои мақомоти прокуратура — таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ — ба мақсадҳои зерин равона шудаанд: ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ.
Низоми мақомоти прокуратура
Низоми мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокуратураҳои ба он баробаркардашуда.
Роҳбарият
Тибқи моддаҳои 94–97-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст. Прокурори генералии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол таъйин мешавад. Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо панҷ сол мебошад.
Сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинон дорад, ки онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Адабиёт
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2005.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016.
Муаллиф: Т. Шарипов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 184.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




